Хатлон: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфт ҷавонон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз

Март 25, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии ниёзманд, ятимон ва маъюбон расонидани кумакҳо  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хатнасури 1136 писарбача ва тӯйҳ домодию арӯсии 91 ҷуфт фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд.
Тавре аз  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Хатлон хабар доданд, дар давоми соли 2017 бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон  ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, шаҳрвандони ниёзманд ва оилаҳои тангдасту камбизоат, инчунин ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудаанд.

Март 25, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд