Хуршед Сатторов: «Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст»

Март 10, 2017 17:09

ХУҶАНД, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 март ба муносибати 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 25 нафар рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Хуршед Сатторов, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни табрики ҳозирин бо 105-солагии  Рӯзи  матбуоти  тоҷик гуфт, ки «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон  намояндагони рӯзномаҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. Ин равандро мо дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳия низ баръало ҳис менамоем».

Мавсуф оид ба эътимоди комил доштани мардум ба  рӯзномаву расонаҳои чопӣ баён дошт, ки «матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешбурди ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст. Зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад».

Дар ҷамъомад аз номи Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  барои ҳамкории қавӣ  ба  рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Март 10, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд