Иштироки М.Ҳусейнзода дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Франсия

Март 30, 2017 11:04

ДУШАНБЕ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 29 марти соли 2017 бо даъвати Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Франсия Жан-Марк Эро вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ба ифтихори 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Франсия барпо гашт. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.
Иштирокчиёни мулоқот масоили минтақавӣ ва таҳдиду чолишҳои муосирро баррасӣ карда, оид ба роҳҳои густариш ва пешбурди муносибатҳо бо Франсия мубодилаи афкор намуданд. Дар партави тадбирҳои вобаста ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Франсия маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ҳуҷҷатҳои бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Франсия баргузор гардид, ки дар он таърихи истиқрор ва густариши муносибатҳои Франсия бо ҳар кишвари Осиёи Марказӣ инъикос шуда буд.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти муовини вазир М.Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Франсия Жан-Марк Эро барпо гардид.
Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия, аз ҷумла дар самти сиёсат, иқтисоду тиҷорат, муҳити зист, обу энергетика, инчунин дар бахшҳои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки танзими сафарҳои сатҳи олӣ ҷиҳати кушодани уфуқҳои нави ҳамкорӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Март 30, 2017 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид