Кӯлоб: «Таблиғот тавассути созандагӣ ва бунёдкорӣ» -ҳамоиш

Март 15, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб  бо аъзои Ситоди доимоамалкунандаи таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана ва гурӯҳҳои мобилӣ вохӯрӣ доир шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов ва раиси Ситоди таблиғотӣ дар ҳудуди ҷамоат Раҷабалӣ Абдураҳмонов сухан гуфтанд.

Баъд аз вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзои Ситоди таблиғотӣ ва гурӯҳҳои мобилӣ дар ҳамоиши ҳизбӣ таҳти шиори «Таблиғот тавассути созандагӣ ва бунёдкорӣ» дар деҳаи Мирапоқ иштирок намуданд.

Дар ин маъракаи дастаҷамъона зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, 1200 бех ниҳолҳои мевадиҳандаро дар масоҳати 3 га шинониданд.

Инчунин дар рафти корҳои ободонӣ аз тарафи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, мавриди суҳбату фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд.

Март 15, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид