Кадом омилҳо ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар доранд?

Март 31, 2017 17:01

Хабарҳои мавзӯъ

МТС-31-03-2017---- (3)

ДУШАНБЕ, 31.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Авзои ҳарбию сиёсии Афғонистон, ки ҳудуди панҷоҳ фоизи қаламраваш ҳамчун минтақаи амалиёти ҷангӣ маҳсуб меёбад, барои амният ва суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарнок мебошад. Ин матлаб зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки 31 март дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар доир гардид, зикр шуд.
Дар ҳамоиш, ки олимону коршиносони масоили сиёсию амниятӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, паҳлӯҳои марбут ба мушкилоти амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки зуҳури баъзе равандҳои номатлуби замони муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ба амният ва суботи минтақа таҳдид менамояд. Хусусан вазъияти сиёсии кишвари ҳамҷавор Афғонистон, ки дар соли 2017 низ мураккаб боқӣ мемонад, барои суботи кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ мушкилоти амниятӣ мебошад. Бино ба гузориши намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон, баҳори соли равон фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар Афғонистон, хусусан дар минтақаҳои шимолии ин кишвар фаъол мегардад, ки ин раванд ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир намемонад, зеро дар сафи гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, ки дар Афғонистон фаъоланд, шумораи зиёди ҷангиёни хориҷӣ, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия низ мебошанд, дар набарданд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти минтақа ва муборизаи беамон бар зидди экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои қарни 21 ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терорризм ва экстремизм ва дигар зуҳуроти замони муосир бо назардошти ҳифз ва тамъини амнияти миллӣ ва суботи минтақа тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳамкории самаранокро бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақвият мебахшад. Ин аст, ки дар кишвар санади муҳим- Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул гардидааст, ки самти асосии он муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм аст.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба нақши мақомоти прокуратураи кишвар дар пешгирии таҳдидҳои навин ба амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, сенарияҳои эҳтимолии инкишофи вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ, омилҳои минтақавии проблемаи амният ва таҳдидҳои муосир, бахусус тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ, вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ва дигар роҳҳои мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, ки ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ халал эҷод мекунанд, ибрози назар карданд.

Март 31, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон муқобили терроризм ва ифротгароӣ- ҳамоиш дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон«Ҷавонон муқобили терроризм ва ифротгароӣ»- ҳамоиш дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳар қавму миллат мебошандҶавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҳар қавму миллат мебошанд
Новый рисунокХушнуд Мирзоалиев дар озмуни байналмилалии «Иншои беҳтарин» ба забони куриёӣ дар Қазоқистон сазовори ҷойи аввал гардид
DSC_0168Дар Душанбе Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардид
Сарвазир1Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Корея
4 миллиону 500 ҳазор доллари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои марҳилаи дуввуми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри ХоруғБарои марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ 4 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо гардид
вохури бо намояндагониБаррасии масоили арзёбии осебпазирӣ ва бехатарии муҳоҷирон бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират
тасмаИстифодаи тасмаи бехатарӣ оқибатҳои садамаро бехавф мегардонад
«Баҳори ҷавонӣ» Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20 солагии Ваҳдати миллӣ асарҳои мусаввиронро ба намоиш мегузорадДар «Баҳори ҷавонӣ» асарҳо дар мавзӯи ваҳдат ба намоиш гузошта шудаанд
Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болоравии нархи орд дар шаҳри Хоруғ ҷилавгирӣ намудАгентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болоравии нархи орд дар Хоруғ ҷилавгирӣ намуд
Чавонон бояд«Авангард» ҷавононро ба ҷасурию пешоҳангӣ даъват мекунад
Vaktsinatsiya-oДар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ доир карда шуд