Кишварҳои СҲШ ҳамкории сарҳадиро тақвият мебахшанд

Март 15, 2017 15:43

ДУШАНБЕ, 15.03.2017/ АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай/СҲШ/ ҳамкориро дар бахши ҳифз ва таҳкими сарҳад тақвият мебахшанд. Дар ин росто 15 март вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадиро тасдиқ намуданд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КДАМ/, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ин санадро дар Парлумони кишвар шарҳ дода, гуфт, ки ҳадафи Созишнома таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини бехатарӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ, инчунин ошкор намудан ва бастани роҳҳои ба ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ даст доранд, мебошад.
Таъкид гардид, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаи самаранок ва мутақобилан судманд миёни кишварҳои аъзои СҲШ баҳри таъмини амнияти сарҳади давлатии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Зикр шуд, ки вазъияти мураккаби сиёсию амниятӣ дар шароити муосир, пурзӯр гардидани фаъолияти созмонҳои террористӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун воситаи муваффақ гардидан ба амалҳои ҷиноӣ зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба ин падидаи манфӣ ба миён овардааст.
Бояд тазаккур дод, ки Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ду сол муқаддам- 10 июли соли 2015 дар шаҳри Уфа ба имзо расида буд.

Март 15, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд