Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои наҷоти шаҳрвандон 24 соат омода аст!

Март 1, 2017 16:52

ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон дорои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мебошад, ки таърихи хонданӣ дорад. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ тасмим гирифтем оид ба дирӯзу имрӯзи ин Кумита маълумот пешниҳод намоем.
Таърихи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Мудофиаи гражданӣ аввалин саҳифаҳои худро дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон дар моҳи марти соли 1918 дар таърих сабт намуд. Дар баробари пайдо шудани ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, аввалин чораҳои муҳофизати аҳолӣ андешида шуданд. Сабаби асосӣ он буд, ки душман бо ҳавопаймоҳои худ ба ақибгоҳҳои қувваҳо аз боло ҳуҷум намуда, анборҳо, захираҳои эҳтиётиро бо зарбаҳои худ несту нобуд карда, қувваҳои ҷангӣ ва таъйиноти чорабиниҳоро аз байн мебурд.
Аввалин номи мудофиаи гражданӣ МЗҚҲМ (Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ) буд, ки аз соли 1918 то соли 1961 ин номро нигоҳ дошт. Ҳар қадар, ки қувваҳои мураккабтар пайдо мешуданд, ҳамон қадар қувваҳои мудофиавии ақибгоҳ беҳтар мегардид. Ситод ва хадамоти мудофиаи гражданӣ дар доираи 500 км дур аз сарҳад ташкил карда шуда, вобаста ба қувваҳои ҳавоии душман ва баъдан инкишофи онҳо чорабиниҳои мудофиавӣ низ тағийр меёфтанд.
кумитаи холатхои фавкулода 2Дар соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ ду нафар оид ба мудофиаи гражданӣ фаъолият менамуданд ва ситоди мудофиаи гражданӣ дар ҷойи бинои ҳозираи Ҷамъияти дўстии халқҳо қарор дошт.
Амалиёти фаъолонаи МЗҚҲМ дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод ва исбот намуд, ки ин соҳа хеле зарур аст. Аз ҷумла қувваҳои МЗҚҲМ 30 ҳазор ҳуҷумҳои ҳавоии душманро тавонистанд бартараф намоянд. Яъне 32 ҳазор садамаҳои калон, 430 ҳазор гулӯлаҳои ҳавоӣ, қариб 2,5 миллион гулӯлаҳои рўизаминӣ ва зеризаминиро бехатару бартараф гардониданд. Зиёда аз 90 ҳазор сўхторҳо бартараф карда шуданд.
Аввалин сардори Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майор В.Н. Матвиенко буд, ки соли 1967 ин вазифаро ба уҳда дошт. Аз соли 1987 то соли 1991 ин вазифа бар дӯши генерал майор Ф.Р. Ниёзов вогузор шуд.
Бо фармони Раиси Кумитаи мудофиа 7 октябри соли 1992 дар асоси қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи мудофиа комиссариати ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Имрӯзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар замони осоишта ва ҷанг амалӣ ва ҳамоҳанг месозад.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсупова, вазифаи аввалиндараҷаи Кумита ҳифз намудани аҳолӣ ва мудофиаи шаҳрвандон аст. «Бояд зикр намуд, ки мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода- мақомотест, ки вазифааш аз бартараф сохтани ин ё он ҳодисаи табиӣ ва дар маҷмӯъ, мудофиа намудани шаҳрвандон иборат аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 365 рӯз дар як сол ва 24 соат дар як шабонарӯз дар ин самт фаъолият дорад». Дар айни замон барои пешгирӣ намудани он ҳолатҳои табиие, ки дар фасли баҳор рух медиҳанд-сел, ярч, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва инчунин соҳилмустаҳкамкунӣ аз тарафи кормандони Кумита аллакай нақша тартиб дода шуда, корҳо оғоз ёфтаанд.
Кори асосии кормандони Кумита, пеш аз ҳама, наҷот додан, ҳифз намудан ва огоҳ намудани мардум аст. Наҷотдиҳандагони Кумита барои наҷот додани шаҳрвандон аз ин ё он ҳодисаи табиӣ 24 соат омода ҳастанд.

Шаҳлои САДРИДДИН

Март 1, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт