«Ман шоиронро дӯст медорам!», «Таҳия ва эҷоди қонун то ҷое ба рӯзноманигорӣ шабоҳат дорад», «Агар Наврӯз рӯзи якшанбе ояд…» -шарҳи матбуот

Март 16, 2017 16:18

ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи  10  март   (10.03.2017, №54)  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик мақолаи таҳлилии профессор Мурод Муродиро  таҳти сарлавҳаи «Рӯзноманигорӣ. Набояд танҳо ба фаъолияти эҷодӣ маҳдуд шавем» ба нашр расонидааст. Муаллиф дар мақолааш масъалаҳои мубрами соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода,  аз ҷумла нигоштааст: «Агар дар нашрияҳои даврӣ нафарони бомаҳорат, таҳлилгар, дорои ҷаҳонбинии васеъ бештар ҷалб шаванд, фазои матбуотро баҳси ақлҳо, назару андешаҳо ва музокираҳои илмӣ ишғол намуда, ҷои маводи сатҳиву эҳсосиро матолиби ақливу ратсионалӣ мегирад, арзиш ва мақоми матбуот боз ҳам баландтар мегардад».

Дар саҳифаҳои дигари ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  низ  матолиби зиёд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чоп расида,   дар онҳо  бурду бохт, камбудиву норасоиҳои соҳа инъикос гардидаанд. «Инсонҳои бошараф», «ВАО.Забон ва тарзи баён бояд намуна бошад», «Мароми матбуот созандагист» ва  «Матбуоти маҳаллӣ. Аз камҳавасии кадрҳо то фарсудагии усулҳои идорӣ»  аз ҷумлаи маводи таҳлилии  ин  шумораи рӯзнома  аст, ки   масоили мазкурро дар бар мегиранд.

Дар шумораи рӯзи душанбеи   рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (13.03.2017,№ 55)   ба ифтихори Рӯзи зиёиён мақолаи таҳлилии Маҳмадулло Раҷабзода,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода таҳти сарлавҳаи  «Сазовори боварӣ бошем»  ба чоп расидааст. Муаллиф дар оғози матлабаш мегӯяд: «Дар тақвими кишвари мо 20 март – Рӯзи зиёиён сабт гардидааст. Чунин як рӯзро, ки пеш аз Наврӯзи оламафрӯз мебошад, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин қишри ҷомеа муносиб донистааст. Ба чунин иқдоми шоиста дар таърихи мамлакат ҳеҷ Сарваре пеш аз ӯ рӯ наоварда буд»  ва  дар тақвияти андешаҳояш зикр менамояд, ки: «Пешвои миллат худ  чун зиёии асил на танҳо масъалаҳои муҳимтаринро ба миён мегузорад, балки барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои дурусту муфид низ менамояд. Мебинем, мушоҳида мекунем ва хулоса мебарорем, ки дар мавриди иҷрои онҳо аз беҳтарин усулҳо истифода мекунад. Чунин усулҳо, бояд иқрор шавем, ки дар хотири ҳеҷ зиёие ҷуз ӯ роҳ наёфта буд. Пешвои миллат таҷлили ҷашнҳои шаҳрҳои бостонии кишварро ба миён гузошт. Дар натиҷа мардум ба тадриҷ ба омӯзиши таърихи онҳо бе мушкилӣ  даст ёфтанд. Ба ин васила гӯшаҳои ватанамон бо навбат обод ва дорои биноҳои маъмурӣ, фарҳангию тиҷоратӣ гардиданд».

Дар саҳифаи аввали  шумораи рӯзи  чоршанбе   рӯзномаи «Ҷумҳурият» (15.03.2017,№ 57)    мақолаи дигареро  ба ифтихори Рӯзи зиёиён, ки ба қалами   Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон тааллуқ дорад,  таҳти сарлавҳаи «Ин марзи шоирон аст, ин мулки дӯстдорист» ба нашр расондааст. Шоир бардоштҳояшро аз мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар ба қалам дода, аз ҷумла менигорад: «Вақте  ки Пешвои миллат дар мулоқоти хотирмони таърихии худ бо зиёиёни кишвар ва адибони ҳавзаи Наврӯз, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё ҳузур доштанд, аз минбари баланд бо муҳаббат ва самимият изҳор дошт, ки: «Ман шоиронро дӯст медорам!», ҳама ҳозирин: ҳам мо- зиёиёни тоҷик ва ҳам меҳмонон, адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сари по хеста, дуру дароз кафкӯбӣ карданд. Вақте ӯ мегуфт, ки «Ман шоиронро дӯст медорам» шаҳд аз забонаш мерехт, чашмонаш медурахшиданд ва воқеан дар ин изҳор меҳру муҳаббат ҷилвагар буд. Ин суханон дили мо, роҳи мо, дунёи моро рӯшан карданд ва ман аминам, ки ҳамеша рӯшании онҳо бо мо хоҳад буд».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи навбатӣ (11.03.2017,№27-28)  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  мусоҳибаи мухбири рӯзномаро бо Олим Салимзода, Раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот таҳти сарлавҳаи «Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!» чоп кардааст. Ба суоли мухбир: «Шумо низ замоне журналист будед. Фаъолияти журналистии шумо ба фаъолияти сиёсиатон таъсире гузоштааст?», Олим Салимзода чунин посух додааст: «Дар фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузории ман пешаи журналистӣ ҳамеша ёрӣ мерасонад. Замони дар матбуот кор кардан ман аз мактаби бузурги ҳаёт гузаштам. Инро вақте дар курсии вакилӣ нишастам, хубтар эҳсос намудам.

Таҳия ва эҷоди қонун то ҷое ба рӯзноманигорӣ шабоҳат дорад. Рӯзноманигор зиндагиро меомӯзад, паҳлӯҳои рӯзгорро таҳқиқу таҳлил мекунад ва рӯи қоғаз меорад. Вақте навиштаи журналист аз ҳаёти воқеӣ гирифта мешавад, он беҳтару хубтар ба дили хонанда мерасад. Қонун ҳам мисли ҳамин аст».

Дар шумораи рӯзи сешанбе рӯзномаи «Садои мардум» (14.03.2017,№29)  гузориши муфассалро таҳти сарлавҳаи  «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чоп расонидааст. Дар гузориш, аз ҷумла омадааст, ки «Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Омӯзгор» (16.03.2017, № 11-12)   таҳти сарлавҳаҳои «Фалаки наврӯзии бадахшонӣ», «Ҷашни хештаншиносӣ ва ваҳдатовар», «Иртиботбахшии инсон бо табиат», «Чун баҳор ояд сухан гул мекунад…», «Сарсабзиҳои рӯзи нав», «Замини гулрезу атрафшон», «Варзиш –шукӯҳафзои Наврӯз»,  «Ба кадрҳои коргарӣ диққати ҷиддӣ мебояд», «Хуҷҷат таҳрир мехоҳад», «Имкониятҳои кадрӣ ва сифати таълим»  ва ғайраҳо мақолаҳо ба чоп расидаанд, ки  аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонида, дигар масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илмро дар бар мегиранд.

Дар  саҳифаи 8-и ин шумораи «Омӯзгор»  мақолаи Асомиддин Асоев,  мутахассиси  шуъбаи таълими филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳри  Қӯрғонтеппа   таҳти сарлавҳаи «Агар Наврӯз рӯзи якшанбе ояд…»   ба нашр  расидааст. Муаллиф  мегӯяд: «Чуноне ки  имсол аз рӯйи китоби «Нуҷум»-и Ғиёсиддин Алии Исфаҳонӣ оғози  Наврӯз аз рӯйи тартиби гардиши навбатӣ  ба рӯзи якшанбе рост меояд (соли гузашта-2016 Наврӯз ба рӯзи шанбе рост омада буд)  ва ӯ чунин менигорад:

Якшанбе агар фитода Наврӯз,

Шоҳу умарост баҳраандӯз.

Ҳар шайе пайдо шавад фаровон,

Гандуму ангуру ҷав дучандон.

Бориш неку шавад дар ин сол,

Меҳру муҳаббату аҳду висол…

Заҳмат камтар зи барфу сармост,

Лекин бисёр фасли гармост.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат»  дар шумораи навбатӣ ( 16.03.2017,№11-12)  дар саҳифаи аввали рӯзнома   шеъри шоири маъруфи  тоҷик Ато Мирхоҷаро  бо номи «Сар шавад Наврӯз бо дидори ӯ» , ки ба истиқболи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён  бахшида шудааст, ба чоп расондааст. Шоир аз ҷумла дар чанд мисраи шеъраш мегӯяд:

Пешво оғӯш гирад ҳар яке

Чун ҷигарбанди банангу ори ӯ.

То ба Наврӯзи дигар мо мерасем,

Шодмон аз лаззати гуфтори ӯ!

Дар ин шумораи  ҳафтанома  маводи таҳлилӣ  таҳти сарлавҳаҳои «Фурӯғи чароғи Наврӯзӣ», «Ойинаи беғубори ман», «Дурборони адабиёт», «Падидае бо номи Кӯҳзод», «Саидризо Ализода ва матбуоти тоҷик» «Пажӯҳиши судманд дар имлои забони тоҷикӣ»  ба нашр расидаанд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами имрӯзи  адабиёт ва фарҳангу санъати  тоҷик инъикос гардидаанд.

Дӯстдорони шеър метавонанд  дар  ин шумораи рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»  аз   шеърҳои наврӯзии шоирони классики форсу  тоҷик   ва шоирон–Доро Наҷот, Таманно Ализода, Ҳасани Султон  баҳра баранд.  Ҳафтанома ҳамчунин дар ин шумора ҳикояҳои Раҳматуллои Раҳмон   бо номи «Гаҳвора»  ва  «Ривояти форсӣ»-ро, ки ба  қалами Асрори Сомонӣ тааллуқ  дорад, пешкаши ҳаводорони наср гардонидааст.

 

 

Март 16, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт