Мардумшиноси олмонӣ Светлана Торно: «Занони тоҷик худро хушбахт меҳисобанд»

Март 12, 2017 08:05

ДУШАНБЕ, 12.03.2017./АМИТ «Ховар»/. «Занони тоҷик худро хушбахт меҳисобанд. Албатта дар зиндагиашон мушкилот пеш меояд, шояд узви хонавода мефавтад, ингуна ҳолатҳо ҳастанд. Вале дар умум мардум механданд, аз паси зиндагиашон ҳастанд ва ба оянда бисёр хушбин ба назар мерасанд», — чунин иброз намудааст мардумшиноси олмонӣ Светлана Торно дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ». Бино ба иттилои хабарнигори ин радио, Светлана Торно  муддати  як сол сохтори хонаводаҳои суннатӣ ва нақши зан дар оила дар Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст. Ӯ аз соли 2014 то соли 2016 чанд дафъа ба Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон рафта,  дар он ҷо суннатҳои хонаводагӣ ва нақши зан дар онро таҳқиқ кардааст.

 «Таҳқиқи ман нишон дод, ки дар Тоҷикистон хонавода ҳанӯз ҳам як ниҳоди фавқулодда муҳим барои мардум аст. Азбаски мавзӯи асосии таҳқиқоти ман нигоҳубини аъзои хонавода буд, ман дарёфтам, ки дар Тоҷикистон мардум барои таъмини ояндаи хуб дар оила ба якдигар бисёр такя мекунанд. Айни чиз дар зиндагии рӯзмарра ҳам дида мешавад ва аъзои хонавода бо ёрии моливу иҷтимоӣ ва равонӣ ва бо такя ба ҳамдигар зиндагиро пеш мебаранд. Масалан, волидон барои бузург кардану таҳсили фарзандон сармоягузорӣ мекунанд, то дар оянда фарзандонашон онҳоро нигоҳубин намоянд», — гуфтааст пажӯҳишгари олмонӣ дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ».

Светлана Торно (дар акс) ҳамчунин афзудааст: «Вақте дар Тоҷикистон будам, ҳамин чиз маро ҳамеша таҳти таъсир қарор медод, ки мардум чӣ гуна худро хушбахт эҳсос мекунанд. Медидам, ки вақте занон дар байни аъзои оила ва ё дӯстон ҳастанд, бисёр хушҳоланд.  Ин чиз маро таҳти таъсир қарор медод. Албатта дар зиндагиашон мушкилот пеш меояд, шояд узви хонавода мефавтад, ингуна ҳолатҳо ҳастанд. Вале дар умум мардум механданд, аз паси зиндагиашон ҳастанд ва ба оянда бисёр хушбин ба назар мерасанд.»

Дар поении ҳикоят аз таассуроти худ С. Торно мегӯяд: «Аввал ин ки пухтани ғизоҳои тоҷикиро ёд гирифтам, дуввум инки хонавода як чизи бисёр муҳим аст ва барои шумо дар зиндагӣ шодии зиёд ва умед ва амният меорад. Зимни таҳқиқот ман арзиши инро фаҳмидам. Ман аз занони тоҷик пӯхтани хомшӯрбо, албатта, ош ва мантуро ёд гирифтам. Омода кардани гулманту маро, воқеан, ба ҳайрат овард, ман ҳеҷ гоҳ чунин мантуро надида будам.»

Март 12, 2017 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд