Маркази миллии тестӣ: «Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола аз пардохти маблағ озод карда мешаванд»

Март 2, 2017 12:03, 421 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

тест

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ 220 (дусаду бист) сомонӣ ва барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ятимони кулл ва бепарасторони то 21-солае, ки дар ИМД-2017 иштирок кардан мехоҳанд, тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағ озод карда мешаванд.
Шахсони то 21-сола, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар ИМД танҳо 50%-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 110 (яксаду даҳ) сомонӣ пардохт мекунанд.
Шахсони барои иштирок дар ИМД-2017 аз қайдгузаранда метавонанд маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Март 2, 2017 12:03, 421 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Иброхим Ахмадов МиграцияМанъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бекор карда мешавад
Хаво 7Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст
Бори аввал дар ДушанбеБори аввал дар Душанбе Шоу-барномаи лазерии видео-мэппинг баргузор гардид
boronИмрӯз дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст
Борони Навруз«Борону ҳавои Ватанам наврӯзӣ…». Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст
АзимАзим Иброҳим: «Даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ-бе иҳотагирӣ!»
Нархи барк-2Ба нархи барқ тағйирот ворид карда шудааст, вале он ба аҳолӣ дахл надорад
boronИмрӯз ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе борон меборад
ХАВЗАИ НАВРУЗ- (1)Моҳи март сокинони Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
0-02-05-dde59dc4aba6685430a71ffdaef6232ef4f774759b5321d2c1f8bc1ee4fe5f64_full6 март-Рӯзи байналмилалии дандонпизишк: дандонҳоро аз хурдсолӣ бояд эҳтиёт кард!
Дождь-3Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳафтаи аввали баҳор боронҳои пай дар пай пешгӯӣ мекунад
нашъаманди1 март- Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ: нашъамандӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст