Матбуоти тоҷик таърихи 105-сола дорад

Март 10, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 10.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин санаро ҳамасола аҳли қаламу фарҳанг ҷашн мегиранд. Ин сана ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» пайванд аст. Бояд зикр намуд, ки аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» 11 марти соли 1912 аз чоп баромад. Иди матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май ҷашн гирифта мешуд, ки рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии «Правда» буд. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11 мартро рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.
Вобаста ба ин санаи таърихӣ мухбири АМИТ «Ховар» бо Бахтиёр Қутбиддинов, номзади илмҳои филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.
«Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намояд»,- зикр намуд Б.Қутбиддинов.
Ҳамчунин мусоҳиб зикр намуд, ки «беш аз сад сол қабл аввалин нашрияи мо ба вуҷуд омада буд. Он вақт давлати мустақили мо вуҷуд надошт ва имрўз сад шукр, ки ватани соҳибистиқлол дорем. Он рўзу он сол ҳамагӣ як нашрияи тоҷикӣ вуҷуд дошт. Дар оғози нимаи дуюми солҳои навадум шумораи нашрияҳои мо ангуштшумор буданд. Тавлиди матбуоти ба истилоҳ хусусӣ бо фаро расидани шароити сулҳу оромӣ рў ба афзоиш ниҳод. Масалан агар дар солҳои 1997 хонандаи тоҷик танҳо нашрияи «Чархи гардун»-ро суроғ мекард, пас имрўз даҳҳо ин гуна нашрияҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ ин фазоро пур сохтаанд».
«Тақрибан аз соли 2008 инҷониб як навъ таваққуфи зиёдшавии номгўи матбуот дар кишвари мо дида мешавад. Ин зуҳурот танҳо хоси кишвари мо нест ва ин ҳолат барои аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ аз солҳои 2000 шурўъ гаштааст. Зуҳури интернет ва рўз аз рўз доман паҳн намудани он имрўз номгўи матбуот ва адади нашри онро дар ҷаҳон коҳиш медиҳад. Ин раванд давом дораду ояндаи мушаххаси он маълум нест. ВАО-и интернетӣ ё ба вожаи дигар — «интернетрўзнома» таваҷҷуҳи аудиторияро бо шиддат ҷалб намуда истодааст»,- гуфт ҳамсуҳбат.
«Дар замони шўравӣ барои он ки маърифату ихлоси ҷомеа зиёд гардад, гурўҳҳои ташвиқотӣ ноҳия ба ноҳияву деҳа ба деҳа гашта, дар байни одамон рўзномахонӣ мекарданд. Аксар адибони маъруфи муосири тоҷик корро аз ҳамин чиз оғоз карда буданд ва даҳсолаҳо ин амал самараи неки худро дода буд. Дар мавриди мўҳтавои матбуоти имрўза танҳо онро гуфтан мехоҳем, ки ҳам матбуоти давлативу ҳам ғайридавлатӣ дар маҷмўъ хоҳони беҳбудиву пешрафти ҷомеа мебошанд»,- иброз намуд Б. Қутбиддинов.
Бояд зикр намуд, ки имсол 105-солагии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад ва бахшида ба ин сана имрӯз дар театри Лоҳутӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, рӯзноманигорон ва устодону собиқадорони соҳа ҳамоиш доир мегардад.

Март 10, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд