Мавсил: артиши Ироқ бинои ҳукуматро бозпас гирифт

Март 7, 2017 15:12, 128 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Мавсил

ДУШАНБЕ, 07.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Нерӯҳои таъйиноти махсуси артиши Ироқ муваффақ шуданд, ки бинои ҳукумати вилояти Найнаво дар шаҳри Мавсилро аз нав ба даст бигиранд. Ҷангҳо байни артиши Ироқ ва ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном  «Давлати исломӣ» дар ин шаҳр идома дорад. Дар ин бора агентии иттилоотии «Reuters»  хабар дод.

Гуфта мешавад, ки  субҳи 7 март артиши Ироқ   идораи вилояти Найнаво ва дигар биноҳои маркази идорӣ , аз ҷумла шуъбаи Бонки марказӣ  ва  осорхонаи аслии ин вилоятро дар шаҳри Мавсил зери тасарруфи худ дароварданд.   Бу гуфтаи хабарнигори «Reuters», ин ҳолат мусоидат ба он мекунад, ки  нерӯҳои артиш ба маркази қадимии шаҳр ҳамла карда,  бо озод сохтани ин минтақа  амалан контроли ҳукумат дар Мавсилро бори дигар ба даст бигиранд.

«Reuters» бо истинод ба  сухангӯи нерӯҳои вокуниши фаврии  артиши Ироқ иттилоъ медиҳад, ки даҳҳо нафар аз террористони  гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар ҳамлаи шаби гузашта кушта шудаанд. Шумораи дақиқи талафоти ДИИШ ва кушташудагон ва захмиҳои артиши Ироқ мушаххас нашудааст.

Хотиррасон менамом, ки Мавсил  маркази вилояти Найнаво ва аз муҳимтарин шаҳрҳои Ироқ буда,  дар он  садҳо ҳазор нафар истиқомат мекунанд. Ин шаҳр дар авҷи  даргириҳо дар соли 2014 ба тасарруфи  гуруҳи террористии ДИИШ   даромада  ва ҳамон вақт  роҳбари  ин гурӯҳи террористӣ   Абубакр Ал-Бағдодӣ дар масҷиди ҷомеи «Ан-Нурӣ»-и ҳамин шаҳр худро халифа эълон карда буд.

Бахши ғарбии шаҳри Масвил охирин минтақае аст, ки дар тасарруфи ин гуруҳи ҷаррор ва ҷоҳил   қарор дорад. Ин қисмати шаҳр аз бахшҳои сераҳолӣ ба шумор меравад ва созмонҳои кӯмакрасон мегӯянд, ки дар инҷо наздик ба 750 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Ҷанг барои бозпасгирии шаҳри Мавсил дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуда буд.

 

Март 7, 2017 15:12, 128 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

trampТрамп пешниҳод намуд, ки робитаи Ҳиллари Клинтон бо Россия тафтиш карда шавад
Mosul-1Дар Мосул «коршиноси» гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» оид ба минагузорӣ ҳалок гардид
ПентагонПентагон маҳв гардидани фармондеҳи саҳроии «Ал-Қоида»-ро дар Афғонистон тасдиқ кард
migrantДар соҳили Либия беш аз ҳазор нафар муҳоҷиронро наҷот доданд
Afganistan-227 ҷангии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон маҳв гардиданд
ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид