Муаррифии дастовардҳои фарҳангию адабии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Март 31, 2017 11:17

ДУШАНБЕ, 31.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар ифтитоҳи анҷумани адабию фарҳангии дуюми «Дорайн», ки зери мавзӯи «Муассисаҳои фарҳангии давлатию хусусӣ: корҳои анҷомёфта ва уфуқҳои оянда» дар шаҳри Даммом, маркази минтақаи шарқии Шоҳигарӣ баргузор гардид, ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Анҷумани мазкур, ки бо сарпарастии Амири минтақа Шоҳзода Саъуд ибни Ноиф ибни Абдулазиз ва Вазорати иттилоот ва фарҳанги мамлакат баргузор гардид, бо иштироки фаъоли роҳбарони муассисаҳои бонуфузи адабию фарҳангӣ, адибону муҳаққиқони соҳа аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон давоми 2 рӯз ҷараён гирифт.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин анҷуман ҳамчунин директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар Шариф Комилзода ширкат варзида, сухан гуфт.
Зимни суханронии Заробиддин Қосимӣ ва Шариф Комилзода, ҳамчунин мусоҳибаи телевизионии Сафир дар телевизиони фарҳангии мамлакат робитаҳои фарҳангию адабии мардумони тоҷику араб, ки аз умқи асрҳо ва эҷодиёти пурғановати фарзандони фарзонаи ду миллати бостонӣ сарчашма мегиранд, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши робитаҳои минбаъдаи судбахш андешаю пешниҳодҳои ҷолиб ба миён гузошта шуданд. Аз ҷумла, зарур дониста шуд, ки намунаҳои беҳтарин аз асарҳои адибону фарҳангиёни муосири тоҷик барои муаррифии васеъ дар ҷаҳони араб бо забони арабӣ тарҷума ва нашр гардад.
Дипломати тоҷик зимни мусоҳибаи телевизионӣ дар телевизиони фарҳангии Шоҳигарӣ (https://www.youtube.com/watch?v=SApNFUpDZp8) ҳамчунин имконоти рушди робитаҳои сармоягузорию сайёҳӣ, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар соҳаи об муаррифӣ намуд.
Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи дастовардҳои адабию фарҳангӣ бо ғановату зебоӣ таваҷҷуҳи зиёди ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Бояд таъкид дошт, ки ҷараёни анҷумани мазкур ва иштироки нахустини намояндагони Тоҷикистон дар он дар воситаҳои ахбори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ васеъ инъикос ёфт.

Март 31, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст