Муфтии Тотористон: Паёмбар шикасти «Давлати исломӣ»-ро пешгӯӣ кардааст

Март 12, 2017 09:17

ДУШАНБЕ,12.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муфтии Тотористон Комил Самигуллин изҳор намуд, ки Паёмбар Муҳаммад (с.а.с.) пайдошавии давлати худхондаи мусулмонӣ ва шикасти онро бо сабабҳои низоъҳои дохилӣ қаблан пешгӯӣ карда буд,- хабар медиҳад «Интерфакс-Религия».

Зимни суханронӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри Женева дар конференсия бахшида ба мавзӯи «Эҳтироми дуҷониба ва ҳамзистии осоишта ҳамчун шарти устувории сулҳ ва суботи олами байнидинӣ: ҳифзи масеҳиён ва намояндагони динҳои дигар», ки дар доираи баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ сурат гирифт, муфтӣ ҳадиси қадимро иқтибос овард (ривоятҳо аз суханон ва амалҳои Паёмбар Муҳаммад), ки ба «боэътимодтаринҳо» дохил мешаванд.

Дар он Паёмбар пешгӯӣ карда буд, ки гурӯҳи одамони «аз ҷиҳати синну сол ҷавон ва аз рӯи ақл нодон» пайдо мешаванд, ки Қуръонро мехонанд, «вале хониши онҳо аз гулӯяшон дур намеравад».

«Онҳо аз дини мо, ба монанди тири камон берун мепаранд, яъне онҳо ба дини мо иртиботе пайдо намекунанд», — шарҳ дод маънои ҳадисро муфтӣ.

Дар дигар ҳадис,- идома медиҳад ӯ,-гуфта мешавад, ки вақте меояд, ки одамон зери парчамҳои сиёҳ барои таъсис додани давлат иддао мекунанд. «Кӣ то ин вақт иддао дошт, ман намегӯям ба давлати исломӣ, балки ба давлати худхондаи исломӣ?», –суол намуд Самигуллин ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ишора намуда.

«Онҳо ба ваъдаи худ вафо намекунанд, мӯйи сари дароз мемонанд, мисли занҳо, ки ҳеҷ гоҳ ин дар расму оини мусулмонӣ набуд», — зимни тафсили ҳадисҳо зикр намуд дар идома муфтӣ.

«Аммо вақте меояд, ки онҳо бар зидди якдигар баромада, нест мешаванд», — иброз дошт ӯ бо ишора ба Қуръон ва изҳори умед намуд, ки ин давра ба зудӣ фаро хоҳад расид.

 

Март 12, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд