Нақшаи чорабиниҳои шаҳри Душанбе вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 тасдиқ гардид

Март 31, 2017 11:19

ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 28 марти соли 2017 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонони пойтахтро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар таъмин менамояд.
Дар қарори мазкур омадааст, ки раисони ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати баргузории чорабиниҳои монанд дар сатҳи ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмин намудани маблағҳои иловагӣ барои амалигардонии чорабиниҳои мазкур вазифадор гардидааст.
Тибқи ин қарор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи «Маромномаи сокини пойтахт» дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо муваззаф гардиданд.
Дар қарор омадааст, ки таъмини инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма ба зиммаи шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони пойтахт» вогузор гардидааст.

Март 31, 2017 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд