Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Март 23, 2017 08:00
Навруз муборак!

ДУШАНБЕ, 23.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз  чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон  бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд мегардад. Наврӯзи оламафрӯз яке аз идҳои бузурги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мамлакатҳои дигар соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид дар Ассамблеяи генералии  худ қарор қабул намуд, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шуда, ҷиҳати таҷлили шоистаи он  тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.

 Агар ба таърихи Наврӯз назар андозем, пас аён мегардад, ки он иди куҳан буда,  ҳанӯз дар давраи давлатдории Хахоманишиён басо накӯ қадр карда мешудааст. Бо бунёди давлати бузург ва мутамаддини тоҷикон- Сомониён саркардаҳои ин сулола анъанаҳои кӯҳнаро аз сари нав эҳё карда, онро дар саросари кишвар таҷлил мекарданд. Доир ба таърихи ин ҷашни қадимӣ ва таҷлили он дар деҳаҳои ноҳияи Спитамен  бо собиқадори меҳнат, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Саъдуллозода ҳамсуҳбат шудем.

Навруз суманак-2

Савол: Устод,  мехостам доир ба  таҷлили ҷашни Наврӯз дар солҳои наврасиатон ба мо маълумот медодем. Солҳои Шӯравӣ дар деҳа Наврӯз чӣ гуна ҷашн гирифта мешуд?

 Ҷавоб: Наврӯзро аҷдодони мо асосан шурӯъ аз оғози моҳи март то ба 23 март таҷлил менамуданд. Боиси ифтихор аст, ки то ба имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин иди миллӣ бо урфу анъанаи хос таҷлил карда мешавад. Хуб дар хотирам нақш бастааст, ки волидайн ва аҳли деҳа барои пешвози Иди Наврӯз тайёрии хуб дида, макони зисти худро тозаву обод намуда, ба қабристони деҳа рафта, оромгоҳҳои наздикон ва пайвандони хешро зиёрат ва тоза менамуданд. Дар даромадгоҳи қабристони деҳа дастурхони калон густурда, мардон ба кор машғул мегаштанду бонувон ҳар гуна хӯроку шириниҳо омода намуда, ба дастурхон мемонданд. Пас аз тозаву озода намудани қабристон ҳама- хурду калон даври дастурхон нишаста, аз таомҳои омоданамудаи бонувони деҳа ком ширин менамуданд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, солҳои охир хеле бошукӯҳ таҷлил мешавад.

Савол: Фикр мекунам, ки баъди гузашти қарнҳо то ба имрӯз мардуми тоҷик расму оини худро гум накарданд. Имрӯз мо дар ноҳия кадом анъанаҳои аҷдодонамонро   дар вақти таҷлили иди Наврӯз идома медиҳем?

Ҷавоб: Иди Наврӯз дорои расму оинҳои гуногун мебошад, ки инҳо маросимҳои суннатии ҷашни бузург ба ҳисоб мераванд. Яке аз муҳимтарин  маросими наврӯзӣ- ин омода намудани дастурхони идона ба ҳисоб меравад.  Имрӯзҳо мардум аксари расму оинҳои ин идро маҳфуз доштаанд.

Дар ноҳияи Спитамен низ ин иди миллӣ бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар арафаи ин ҷашни миллӣ  бонувони ҳунарманд гандумро дар об тар карда, барои суманакпазӣ ва тайёр намудани анвои хӯрданӣ барои дастурхони наврӯзӣ омодагӣ медиданд. Дастурхони наврӯзии мардум аз «ҳафт син» ва «ҳафт шин» иборат буд ва имрӯзҳо низ ин анъана дар аксар ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Спитамен низ идома меёбад. Ҳамчунин дар хони наврӯзӣ ҳама намуди хӯрокҳо, шамъдон, шохаҳои анор, навдаҳои бед ва дигар ашёҳои гуногун гузошта мешаванд.

Дар иди Наврӯз дар маркази деҳаҳо идгоҳ ташкил гардида, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштини миллӣ ва камарбандӣ, намуди варзишии бузкашӣ, ҳар гуна бозиҳои шавқовар,  ба мисли чилликбозӣ, панҷакбозӣ, бандкашӣ ва рақсу бозиҳои миллӣ баргузор карда мешаванд.

Аз ҳама маъракаи шавқовар дар иди Наврӯз ин гӯштингирӣ ба шумор меравад. Ба ин мусобиқаҳо паҳлавонон вақти зиёд омодагӣ дида, ба ҳар гӯшаву канори диёрамон мераванд. Ва ин намуди варзиш ду-се рӯз идома ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои қиматнок қадрдонӣ  мешаванд.

Ҷавондухтарон низ ба ин иди зебо хеле барвақт омодагӣ мебинанд. Намудҳои зебои матои атласу адрасро, ки  хоси иди Наврӯз мебошанд, интихоб намуда, барои худ либоси зебои наврӯзӣ медӯзанд ва бо тоқиҳои гулдору нақшдори миллӣ онро дар рӯзи баргузории ин ҷашни миллӣ ба бар менамоянд. Боварӣ дорам, ки аллакай гулдухтарони деҳаҳои ноҳия аз марказҳои таълимию ҳунаромӯзӣ адрасу атласҳои миллиро харида, бо ҳар гуна намудҳои шинам дӯхтаанду дар рӯзи ҷашн ба бар мекунанд.

Бисёр номҳои шахсон ба ин ид рабт доранд ва дар аксари деҳаҳои ноҳияи Спитамен чунин анъана маъмул  аст, ки агар дар ин рӯз дар хонадоне духтар  ба дунё ояд, волидайн ҳатман номи ӯро ба муносибати иди баҳор- Наврӯз, Дилафрӯз, Лола, Бунафша, Наргис, Нилуфар, Баҳор, Гулбаҳор, Гулпарӣ, Гулчеҳра, Гулрухсор, Гулсанам, Гуландом, Гулрӯй, Гулҷаҳон, Ёсуман ва ғайра  мемонанд.

Савол: Ба мардуми тоҷик чӣ таманноҳои наврӯзӣ  доред?

Ҷавоб: Дар ин иди бошукӯҳ марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил  зиёду фаровон гардад. Кош имсол чун ҳамасола дар Тоҷикистони азизамон ҳосили ҳама намуди зироат дучанд афзояд.

Бошад, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, иди баҳор ва дигар ҷашну маъракаҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ баргузор намоянд.

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!

 

                                 

      Фирўз БОҚӢ, рӯзноманигор, сармуҳаррири ҳафтавори
«Паёми Спитамен», нашрияи Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.

Март 23, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаридун ХакимовАз садамаи Чернобил 31 сол гузашт. Иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои он дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок доранд
Академияи илмхо16 апрел-Рӯзи илми тоҷик. Президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои олимони тоҷик дар солҳои Истиқлолият
мусохиба-зафарчон Бурхонзода Вазорати рушди иктисодВазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор: оё омилҳои иқтисодие ҳастанд, ки қурби асъори миллиро мӯътадил нигоҳ доранд?
Кум ЗанонИ. Қосимзода: «Барномаи нав бо мақсади ҷалб ва пешбарии занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда қабул гардидааст»
a-muhammadАбдураҳмон Муҳаммад: «Аз ҳадди эътидол гузаронидан ва ба ифрот расонидани демократия озодии мардумонро маҳдуд менамояд ва боиси анархия мешавад»
DSC_0006Нурулло Маҳмадуллозода: «Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон ҷиҳати қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад»
Хафизов-ВТ Барномаи кафолатхои давлатиТаъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои камхарҷи дармонгоҳӣ
Дилшод Назаров муовинДилшод Назаров дар бораи рафтори Устопириён: «Қимати одоби варзишгар аз қимати медали тиллои олимпӣ ҳам баландтар аст!»
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ ва Шукӯҳи ДАЛЕР, хабарнигори АМИТ «Ховар»Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ: «Тоҷикистон табиати биҳиштосо дорад»
Тағоймурод ГуловТағоймурод Гулов: «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар соҳаи об эътироф гардидааст»
Нурали НурзодНуралӣ Нурзод: «Наврӯз ҷашни офариниш, таваллуди инсон ва паёми зиндагисози ворисони он ба ҷаҳониён аст»
Таманно15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо. Агар ҳуқуқатро донӣ, дар зиндагӣ дарнамемонӣ!