Наврӯз — ҷашни рангҳо

Март 15, 2017 08:57

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар оилаи серфарзанд ва ҳаштнафараи мо Наврӯз ягона иде буд, ки падарам пешопеш аз мо чӣ хоҳишу дархост доштанамонро мепурсид. Пас аз чанд рӯз ва ҳатман пеш аз ид ӯ ба ҳар кадоме яке аз фармудаҳоямонро меовард. Ба яке курта, ба дигаре шалвор, ба сеюмӣ пойпӯш  ва ҳамин тавр ба ҳар кадом аъзои хурди оила чизе мехарид. Модар ба мо дар ин ид ҳам ба монанди идҳои дигар тоқӣ медӯхт. Тоқии гӯлдӯзӣ, пӯпак ва бо шероза. Ба ин тартиб, агарчӣ падар тамоми дархостҳоямонро иҷро намекарда бошад ҳам, вале мо дар ҷамъ саропо  навпӯш мешудем.

Ҳоло бо ёдоварӣ аз он солҳои бачагӣ дарк мекунам, ки дар солҳои 60-70 асри гузашта бо вуҷуди ин ки Наврӯз иди расмӣ набуд, вале табиат ва мардум саросар рӯҳияи сурур доштанд ва онро ҷашн мегирифтанд. Оғоз ба кори деҳқонӣ кардан ҳам худ як шукӯҳи дигари он рӯзгор буд.

Соле чанд ҳафтаи пеш аз Наврӯз обу ҳавои хушк пеш омад. Дар ҳавлии бобои Яҳё, ки дар ҳамсоягии масҷид  ва дар сари роҳи маркази деҳа аст, ҳафт- ҳашт дег гузошта ғизо пухтанд: оши бурида, гандумкӯчак, каллапоча, оши палав, ялама, ширбиринҷ… Ин маросим асосан аз сӯи занҳо ташкил ва гузаронида мешуд. Бачаҳо ҳам бе даъват, аммо меҳмони азизи ин чорабинӣ буданд. Пас аз солҳо фаҳмидам, ки созмондиҳандагон ба ин гуна маросимҳо касеро махсус намегуфтаанд. Балки ҳар нафаре меомад, сари дастархон даъваташ мекарданд. Он рӯз ба мо, бачаҳо фаҳмонданд, ки ба ҳар нафаре, ки аз кӯча мегузашту барои ғизохӯрӣ даъват мешуд, ба танаш об пошида, зуд гурезем, ки дошта назанад. Мо чанд нафарро бо амри занҳо об зада, шип-шилта кардем. Яке аз кӯча Мақсуд, ҷавони ҳамсояи мо гузашт, ки дар шаҳр мехонду бо либоси наву тоза аз дарс  баргашта, ба хонаашон мерафт. Касе ҷуръати об пошиданро намекард, даъвати ба ҳавлӣ даромадану чизе хӯрданро ҳам рад карданӣ шуд, ки зане аз паҳлӯяш гузашта истода, як коса обро ба танаш пошид.  Фиғони ҳамсояаамон баромад. Чанд гапи пасту баланд ҳам зад. Аммо яке аз созмондиҳандагони маросим, ки зани солхӯрдае буд, ба ӯ фаҳмонд, ки дег гузоштану ғизо пухтан ва атрофиёнро об пошида, тару нам кардан одати аз гузаштагон ба меросмонда аст ва мардум бо ин амал аз Парвардигор  дар мавсими раҳоӣ аз сармо баробари сафое, ки аз гармии нури офтоб мерасад, борон талаб мекунанд. То ки замини майдонҳои кишту боғҳои ба монанди лабҳои парсинбаста кафида, шохаҳои шукуфтаю ношукуфта хушк сероб шаванд.

Мақсуд, ки дар оғоз бинобар аз об тар шудани либосаш дар қаҳр шуда буд, дар поёни ин суҳбат нарму хандон шуд ва гуфт: «Ман ки аз ин чиз бехабар будам, хаёл кардам, холаи фалонӣ бо ман чунин шӯхии бемаънӣ мекунад».

Дар рӯзҳои Наврӯз бисёриҳо тӯйи арӯсию хатнасури фарзандонро барпо  мекарданд. Дар ин тӯйҳо аз шаҳр сарояндаҳо меомаданд. Дар ёд мондааст, ки ҳар баҳор дар яке аз тӯйҳои ҳамдеҳагонам ба Нилкон  аз Ҳисор як нафар аспакбоз меомад ва зери садои меҳтар дар маросими тӯёна мерақсид. Дарахтони гулрезу атроф ҳама сабзпӯш бо мардуми рангорангпӯшида омезиш ёфта, дар аввалин рӯзҳои пас аз сардиҳо манзараи ҷолиберо эҷод мекард.  Ба ёдам меояд, ки тӯйҳои аввали баҳор ҳатман бо кундаалов мегузашт. Дар рӯи ҳавлӣё дар беруни ҳавлии тӯйдор, дар кӯчаи паси дарвоза кундаи бисёреро ғарам карда, баробари расидани торикӣ алов дармегиронданд. Баъд дар атрофи он, ки гулхани калоне мешуд, мардум рақсу бозӣ мекарданд, сартарошони шаҳ низ гирди ин гулхан мегузашт, агар арӯс аз наздикиҳо мешуд, шабона меоварданд ва се бор аспи арӯсро гирди гулхан тобонда, домод ё тағои арӯс сипас аз асп ӯро мефароварданд. Бо садои мусиқию сурудхонон ба хона мебурданд ва дар берун рақсу бозӣдавом мекард. Болои асперо, ки бо он арӯсро меоварданд, бо сӯзанӣ оро медоданд, ба ду кашаки лаҷоми асп рӯмолчаҳои гулдӯзӣ мебастанд ва баробари аз асп фаромадани арӯс онҳоро хешу наздикони шаҳ ё ягон нафари дигари чолок ба мурод кушода мегирифт. Ҳоло ҳар боре мошинҳои рангоранг ороёфтаи арӯсбаронро мебинам, ҳамон аспи зинатёфтаи дар даврони бачагӣ дидаам бо рӯмолакҳои рангаи ду кашаки лаҷомаш ба ёд меояд, ки бо ҳамон зебоии содда, вале хеле ҷаззоб дар дуриҳо маътал мондааст. Ҷомаи беқасаб, локию тоқии гулдӯзии шаҳ низ аз он дуриҳо дигар ба чашм хира-хира менамояд. Ҳоло маросими арӯсбиёрон бо рамзҳои замонавии худ ба зиндагии мардум ворид шудааст. Аз магнитофонҳои мошинҳо ҳам сурудҳои бо суръатхондашудаи овозхонҳои дохилию хориҷӣ баланд мешавад. Кундаалов ҳам дигар нест, ба ҷои он тӯйхонаро дар шаб лампаҳои бузурги барқӣ равшан мекунанд.

Сартарошон

Ин ҳам яке аз одатҳои маъмул буд, ки чӣдар тӯйҳои наврӯзӣ ва чӣдар тӯйҳое, ки ба вақти дигар ва ба таври муқаррарӣ баргузор мешуд, ҷараён мегирифт. Дар маросими сартарошон  ба мӯйи сари шаҳ қайчӣмезаданд. Ин маросим ҳам маъмулан дар маҳфиле, ки гирди гулхан баргузор мегардид, ҷараён мегирифт. Дар бисёр маврид сартарошон бо иштироки мӯйсафедони овозхоне, ки ҳар деҳа дошт, сурат мегирифт. Суруди зиёд намехонданд, аммо бамаънӣ ва аз сидқи дил месароиданд:

Устои лумби (ланги)  сартарош, сара покиза тарош.

Очаи шаҳ бар ту мегӯм, дар сари шаҳ танга бучош…

Пас аз ин байт, ки ҳамчун нақарот такрор мешуду мухотаби сароянда ҳар бор иваз ва ба ҷои оча, бо навбат хола, апа (хоҳар) зикр мешуданд, ҳар кадом ба ҷои худ, албатта, ба рӯмоли дар пеши шаҳ  паҳнгардида ҳадяе мегузошту каме рақс карда, пас аз саҳна берун мерафт. Овозхон бошад месуруд:

О, бар боло назар ман аз барои ту кунам,

Андеша ба чашони сиёҳи ту кунам.

О, бинам, ки нишастаӣмиёни сад кас,

Сад касро салом ман аз барои ту кунам…

Баъд аз чанд рӯбоию дубайтӣ ва ба такрор хондани нақарот оҳанги суруд тағйир меёфт:

Имшаб чӣ хобе дидаам, болои гул афтидаам,

Болои гул афтидаам-о, шаҳ саломат бодо.

Аз боло об меояд,  бӯи гулоб (палав) меояд,

Хонаро ҷорӯб занед-о,  меҳмони нав меояд…

Дар доираи ин тӯйҳо гӯштингирию бузкашӣ ҳам баргузор мешуд. Бобои Маҳмадӣ-паҳлавон, ки яке аз иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аз деҳаи Нилкон буд, дар ҳошияи барномаи ин тӯйҳо бачаҳоро ҷамъ карда, вобаста ба синну солашон ҷуфт сохта, бо якдигар гӯштин меандохт. Худи ӯ бо вуҷуди як дасташ тир хӯрдаю маъюб будан, гоҳе якдаста шӯхӣ ба шӯхӣ нафари ҳамвазну ҳамсоли худашро ба майдон мекашиду вориди рақобат мешуд. Рақибонаш, ки худ интихобашон мекард, шояд ба хотири дасти аз тири душман маибшудааш ё шояд аз он ки тавону зӯри бо ӯ сарбасар шуданро надоштанд, зуд худро шикастхӯрда медонистанд. Ва аз майдон берун мерафтанд. Маҳмадӣ-паҳлавон бо вуҷуди бузургсолу маъюб будан тану тӯши ҷавонмардона дошт ва мо эҳсос мекардем, ки ӯ ҳамон андозае, ки аз рақобати худ бо дигаре дар майдон ҳаловат мебурд, аз часпу талоши бачаҳо барои ба тахтапушт афтондани якдигарашон ҳам шоду хушҳол мегардид. Дар ин мусобиқаҳои хурд амволи зиёде ҳам намегузоштанд. Як рӯмоли миён ё ҷелак, ҷома ё курта, ё як ҷуфт калуш… аз молҳое, буд, ки ба ғолибон дода мешуданд.

Навруз суннатхо-1 Навруз суннатхо-0

Аммо гоҳ вақт агар пайи ҳам чунин мусобиқаҳо мегузашту мо кори боғро партофта, ҳар рӯз фақат ба тамошо мерафтем, бегоҳ пас аз бозгашт падарам сарзаниш карда, мегуфт: «Ҳама чиз ҳад дорад, як рӯз-ду рӯз тамошо кардед, бас, акнун ба ман ёрӣ диҳед, ки вақт мегузарад».

Хонатакконӣ

Аз корҳое буд, ки занони хона бо гарм шудани ҳаво ва ҳафтае пеш аз расидани Наврӯз иҷро мекарданд. Дар солҳои бачагии мо аллакай бухорӣ(печка)-ҳо барои гарм кардани манзили мардум пайдо шуда буданд. Ин бухориҳо қисме аз оҳани тунук сохта шуда, бо истифодаи  чӯбу таппак хонаро гарм мекарданд, каме баъдтар бухории ангиштӣ ҳам ба зиндагии мардум роҳ ёфт. Модарон дар аввалин рӯзҳои пас аз сармо ва баробари об шудани барф хонатакконӣ мекарданд ва ин одатро «дударӯӣ» ҳам мегуфтанд. Вақти дударӯӣ чизу чораи хонаро бароварда метакиданд, агар ҳавои офтобӣ бошад, чанд соат дар берун партофта мемонданд, то гарду нам ва бӯю тафи аз рутубати зимистон ҷамъшуда гум шавад. Ҳамзамон чӯбҳои болор ва хонаро  бо ҷорӯб мерӯфтанд, шишаи тирезаҳоро бо латтаи тар пок менамуданд, сипанд дуд карда, ҳавои хонаро поку тоза месохтанд. Аз хонаҳои қадимї, ки сандалҷой доштанд, сандалиро мегирифтанд ва оташдонашро бо хок пур ва ҳамвор мекарданду сипас гилемро мепартофтанд.

Суманакпазӣ

Дар китобҳо менависанд, ки суманакпазӣ як маросими дастҷамъона буду занҳо аз аввали шаб ҷамъ омада то як ҳиссаи шаб ва гоҳе то саҳар суманак – ғизои бомазаи наврӯзӣ мепухтанд. Ман дар бачагӣ суманакпазиро зиёд медидам. Аммо онро ду- се нафар ором ва дур аз чашми дигарон мепухтанд. Шаб на, балки рӯзона пухтани суманакро ман борҳо дидаам. Агар мо, бачаҳо бӯй гирифта, ба дег наздик мешудем, моро бо ҳар баҳона ва бо сухани нарму гарм аз он ҷо меронданд. «Дуртар рафта бозӣкунед», — мегуфтанд. Ба бовари калонсолон, бисёр чизҳо, аз ҷумла кашидани дӯғ ва пухтани суманак, шӯридани хамир  аз чашми бад дур бояд тайёр мешуданд, вагарна бо расидани нигоҳи чашми бегона анҷоми ин кор сангакӣ мешуд ва тайёр карданаш душвор мегардид.

Гандум ё арзанро пешакӣ ба нияти пухтани суманак шуста ва дар зарфҳои васеъ мегузоштанд ва агар ҳаво боронӣ бошад, барои намнок шуданаш онро каме зери борон нигоҳ медоштанд. Дар сурати бебориш будани ҳаво шаб ва саҳар ба донаҳои дар зарф буда, об чилча мекарданд. Суманакпазӣ ҳам тартиби худро дошт ва ба ин далел, ки он як нишонаи хурсандӣ аст, хонаводаҳое, ки  мусибат доштанд, ин амалро иҷро намекарданд ва ба ин оилаҳо ҳамсоягон суманаки тайёрро мефиристоданд. Суманак дар ҳақиқат рамзи баҳор ва оғози нави зиндагӣ аст. Агар эҳсос карда бошед, бо хӯрдани он кас гумон мекунад, ки мағз равшантар мешаваду дил бофараҳтар…

Ҳар сол дар остонаи Наврӯз, мутаассифона, баъзеҳо ин анъана ва одатҳои идонаи даҳҳо аср дар миёни мардум решагирифтаро ба ранги дигар ҷилва медиҳанд. Гарчанде, ки худи ҷашн бинобар расмӣ шудан маъною тобиши нав пайдо кардааст, чор рӯзи истироҳати расмӣ ва аз байн рафтани монеаҳо ин ҷашнро озоду доманаи онро густариш додааст, аммо аз сӯи дигар, ҳар сол дар ин рӯзҳо эҳсос мекунам, нафароне, ки зиндагиро мехоҳанд фақат сиёҳу сафед бубинанд ва талош доранд тамоми рангҳои дигар сарфи назару беэътибор шаванд, мардуми деҳотро бо мавъизаю гуфторҳои бадбинонаи худ нисбат ба ойину маросимҳои миллӣ инҷову онҷо бо пурсиш дар азоби гӯр ва ҳисобу ҷазои дӯзах тарс медиҳанд. Ба иддаои бепояи ин зумра, «Наврӯз ҳам аз  расму ойинҳои даврони ҷоҳилият аст ва ҳар кӣ мақсади таҷлили онро мекунад, муртад (осӣ) ва кофир мешавад», Акнун мардумро чунон тарс додаанд, ки дар зеҳну мағзи нафароне на фақат иқдом барои баргузории ин ҷашн, балки ҳузур пайдо кардан дар маросимҳои идона ҳам амали куфру номатлуб шуда мондааст.

Ба назарам, аз таъсири беш аз беши мавъизаву суханпароканиҳои воизону нимчамуллоҳо, ки беш аз ду даҳсола майдонро холӣдида, дар ҳама ҷо барои худ минбар дуруст карда буданд, Наврӯзу ҷашнҳои дигари расмиро барои мардум бегонаю маҷусӣ талаққӣ менамуданд, дар натиҷаи иқдомоти дар ду-се соли охири ҳукумат, кӯшиши мақомоти давлат барои аз нав зинда ва ба ҷойгоҳи пешини худ нишондани расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз аз раванди бад кардану бад гуфтан нисбат ба суннатҳои миллӣ пешгирӣ гардид.

Бо вуҷуди ин боз ҳам гоҳ-гоҳе мешунавам, ки ин ҷою он ҷо  мегӯянд: «Наврӯзашонро ҳам ҷашн мегиранд». Ҳамон гуна, ки ин гапро дар бораи ҷашнҳои дигари расмӣ ҳам аз баъзе ношукрбандаҳо мешунавам («Ана Истиқлолашонро ҷашн гирифтанд», ё «Соли Навашонро қайд мекунанд»).

Як мушоҳидаи дигарро ҳам бояд ёдовар шавам, ки намунаи возеҳи  таъсири бади суханҳои нохалафон дар мавриди ин ҷашн аст. Дар деҳае, ки ман зиндагӣ мекунам, ду ё се сол пеш бачаҳои мактабхон  пешакӣ эълон карданд, ки  дар Наврӯз як чӣ-ним чӣ ҷамъ карда, дар боғчаи канори  ҳавлии мо дастархони наврӯзӣ мепартоянд. Ид наздик шуду рӯзҳои наврӯзӣ ҳам гузаштан гирифт, вале ҳеҷ маълум намешуд, ки ин иқдоми бачаҳо кай баргузор мешавад. Зеро ман, ки ҳар рӯз ба кор ба шаҳр меояму меравам, тасмим гирифта будам, ки дар сурати эълони рӯзу соати ин маросим аз шаҳр нӯшобаҳо ё шириниҳое барояшон меорам.

Аммо дар хона ба ман гуфтанд, ки «бачаҳоро кадоме тарс додааст, ки ҷашни Наврӯз дуруст нест ва хӯрдани ҳар ғизое, ки бо нияти Наврӯз тайёр мешавад, макрӯҳ мебошад».

Ана ин тавр як ҷашни беолоишро дар назари мардум сиёҳ кардаанд ва ҳоло бо ҳимоят аз иқдомоти Хукумати Тоҷикистон, ки дар доираи бузургдошти ин ҷашн, ки акнун қабои зебои ҷашни байналмилалиро низ ба бар дорад, ҳамзамон бо баргузории барномаҳои идона дар мактабҳо ва муассисаҳои давлатӣ созмон додану иҷрои барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ҳам аҳамияти хос хоҳад дошт.

Зеро Наврӯз ҷашни рангҳо, иди бедории қалбҳо ва таровати мавҷудот ва зебоиҳои табиат аст ва либосу парчамҳои сиёҳу рӯҳияи мотамгирифтаро хуш надорад.

Солеҳ ЮСУФОВ,

хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ»  

Март 15, 2017 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт