Наврӯз биё ба хоки поки Ватанам…

Март 15, 2017 16:23

ДУШАНБЕ, 15.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Хабарнигори мо бо мақсади пайдо намудани иттилои бештар бо котиби матбуотии дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода  Фирӯз Холиқов мусоҳиб шуд.

«Ховар»: Мехостам дар бораи корҳои омодагӣ ба ҷашни  мубораку дӯстдоштаи ҳамагон — Наврӯзи фаррухпай сухан гӯед.

Фирӯз Холиқов: Дар макони асосии баргузории чорабинӣ — варзишгоҳи «Металлург» корҳои таъмириву тармимӣ ва ободонӣ босуръат идома доранд. Дар шоҳроҳи Душанбе -Турсунзода ва тамоми қаламрави шаҳр  ҷиҳати таъмини тозагӣ ва сабзазоркунӣ  ҳашару шанбегиҳо баргузор гардида, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва корҳои ободонӣ вусъат меёбанд. Дар доираи баргузории 120 рӯзи сабзазоркунӣ ва хуррамгардонӣ, ки ба пешвози Наврӯз ва 20 -солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардидааст, то имрӯз бо ҳамдастӣ бо Шуъбаи ҳифзи муҳити зист зиёда аз 53 ҳазор  адад гулҳои рангоранги  садбарг, беш аз 15 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Дар гармхонаҳо беш аз 200 ҳазор  гулҳои гуногуни ороишӣ парвариш ёфта, дар гулгаштҳои шаҳр шинонида мешаванд. Зиёда аз 3000 метри мукааб шиору овезаҳо ва расмҳои идона  дар шаҳр насб гардидаанд.   Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашн ифтитоҳи 6 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда,  корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбианд. Ҳамзамон дар ҳудуди шаҳр 22 иморати баландошёна таъмир ва рангу бор карда шуд, ки  ба шаҳр ҳусни тоза зам намуданд. Тамоми қаларави шаҳр бо Парчами давлатӣ  оро дода шудааст.

Дар доираи барномаҳои ҷашнӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, баргузории озмун ва мусобиқаҳо  корҳои зерин ба сомон расонида шуданд: ба базми Наврӯзӣ 22 ҳазор нафар иштирокчӣ ҷалб гардида, беҳтарин басаҳнагузорандагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машғулиятҳо ҷалб шудаанд, ки онҳо Баҳриддин  Раҷабов, Мунира Ҳакимова, дизайнер Ҷамшед Холиқов ва дигарон мебошанд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани намоиши асарҳои рассомон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» дар Осорхонаи марказии шаҳр ҷиҳати омода кардани гӯшаи махсус тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар муассисаҳои таълимӣ баргузории озмунҳои шеър ва иншои беҳтарин дар арафаи анҷомёбист. Даври аввали озмуни расмкашии «Ҷашни Наврӯз дар тасаввури кӯдакон» дар муассисаҳои таълимии томактабӣ баргузор шуд.

Дар шаҳр озмунҳои «Дастурхони наврӯзӣ», «Кадбонуи беҳтарин»,  «Ороиши  суфраи наврӯзӣ», «Арӯси наврӯзӣ» бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оила гузаронида шуданд. Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Биё бо ҳам бихандем» бо иштироки ҳаҷвнигорони 10 шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуд, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин  Орумбекзода  онро ҷамъбаст кард.

         «Ховар»: Ба ҷашни Наврӯзро мусобиқаҳои варзишӣ зебу зиннати хоса мебахшанд. Лутфан бигӯед, ки тайёрии варзишгарон ба ин ҷашн дар кадом сатҳ аст?

Фирӯз Холиқов: Дар рӯзҳои ҷашн баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, бузкашӣ,  ҳамчунин муҳорибаҳои каратэ, таэквандо, сабқатҳои футбол, волейбол, шашка, шоҳмот ва ғайраҳо ба нақша гирифта шуда, омода кардани майдону толорҳо бо суръат идома дорад.

«Ховар»: Шояд дар байни ҷамоатҳо ва ё маҳаллаҳои шаҳр  мусобиқаҳо ташкил шудаанд?

Фирӯз Холиқов: Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода ҷиҳати  баланд бардоштани рӯҳияи идона ва густариши ободониву созандагӣ дар шаҳр мусобиқаи «Ҷамоати беҳтарин» ва «Раиси маҳаллаи беҳтарин» эълон гардид, ки ҷамоатҳои деҳот ва тамоми кӯчаву деҳаҳои шаҳрӣ дар мусобиқа ширкати фаъолона доранд. Ба ғолибони ин мусобиқаҳо мошини сабукрав ва туҳфаи пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ  супорида мешаванд.

«Ховар»: Корҳои омодагӣ ба ин маъракаи хеле муҳимро киҳо назорат мебаранд?

 Фирӯз Холиқов: Дар ин муддат аз ҷараёни корҳои омодагӣ дар  шаҳр ва иншооти ҷашнӣ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  дидан карда, ҷиҳати бартараф  намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Дар асоси супоришҳо нақшаи  чорабиниҳои иловагӣ  тартиб дода шуда, бартараф намудани нуқсонҳо тадриҷан идома дорад.

Ҳамчунин ҷиҳати омода намудани барномаи фарҳангии ҷашнӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб,  раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода ва гурӯҳи таҳиягарони барнома ба шаҳри Турсунзода омада, бо аъзои кумитаи тадорукот ҷаласаҳо  барпо намуданд.

Дар ин муддат зиёда  аз 40 маротиба ситоди корӣ баргузор гардида, кор  дар ҳама самтҳои омодагӣ ба ҷашн муташаккилона идома дорад.   Ҷиҳати ҷалби оммавии  аҳолии шаҳр ба корҳои ободониву тозагӣ корҳои тарғиботӣ низ роҳандозӣ гашта, ҷараёни корҳо дар ҳама самти омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода тариқи расонаҳои хабарӣ инъикос  карда мешавад.

«Ховар»: Наврӯзро сари сол ҳам мегӯянд. Дар шаҳри Турсунзода аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола чӣ корҳои  муҳим ба анҷом расиданд?

Фирӯз Холиқов: Наврӯз оғози падидаҳои неку нақшаҳои созандагӣ буда, ба бунёдкориҳои тоза ҳидоят менамояд. Кӯлвори наврӯзии мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода имсол бою рангин буда, аз Наврӯз то Наврӯз сокинони меҳнатқарини  ин диёр корҳои зиёди созандагиву бунёдкориро ба анҷом расониданд. Дар ин муддат бо ташаббуси соҳибкорону хоҷагидорони бонангу номус ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иншооти зиёд ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, хати нави истеҳсоли сими мисин дар корхонаи «Ноқили Турсунзода», дидбонгоҳи сарҳадии 25-солагии Истиқлолият, терминали автомобилии байналмилалии Дӯстӣ, бинои бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Сешанбе, бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон, бинои маркази савдо ва хизматрасонии бонкӣ дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод, гузаргоҳи зеризаминӣ бо ҷойгир намудани 12 нуқтаҳои савдо дар маркази шаҳр, боғи фарҳангию фароғатии «Баҳори Истиқлол», 5 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҷмӯъ  бо 265 ҳуҷра, 2 майдончаи варзишӣ бо тамоми шароити маишии муосир.

Ҳамзамон бахшида ба  ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр аз ҳисоби соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди 11 иншооти ҷашнӣ ба итмом расонида шуд.

 

Ҳотам РАБИЕВ

Март 15, 2017 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт