«Наврӯз биё, Ватан барафрӯз!» — ҳамоиш дар Муъминобод

Март 16, 2017 17:11

МУЪМИНОБОД, 16.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бобати вусъат бахшидани корҳои омодагӣ  бахшида ба ҷашни  Наврӯзи  байналмилалӣ    ҳамоиш таҳти унвони «Наврӯз биё,  Ватан барафрӯз!» доир гардид.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия  Тоҳирхон Амиршозода зикр кард, ки  раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолзанон ва дигар масъулони сохторҳои кудратии ноҳия  баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз саҳми сазовор гузошта метавонанд ва онҳоро барои ҷоннок намудани корҳои ободонию  бунёдкорӣ даъват намуд.

Раиси ноҳия ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба  «Нақшаи генералии ноҳияи Муъминобод» маълумот дода,  дар ин замина бунёди чандин муассисаву ташкилот ва марказҳои савдову хизмати маиширо, ки боиси боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия мегарданд,   таъкид  намуд.

Номбурда ҳамчунин аз ҳозирин риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон »,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро хотирасон намуда,   даъват намуд,   ки то ҷашни Наврӯз  кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ,  роҳраву хиёбонҳоро    тозаю озода гардонанд.

Бо  мақсади  дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ   аз  ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  гурӯҳи корӣ  таъсис  гардид.

 

Март 16, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад