НАВРӮЗ КУҲАНТАРИН ОЙИНИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОН АСТ!

Март 21, 2017 09:06
Навруз Иран

ДУШАНБЕ, 21.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Наврӯз — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-ум ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз ҳамчун расми оғози   кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

                       Таърихи Иди Наврӯз

Пайдоиши Наврӯз мувофиқи маълумоти Абурайҳон Берунӣ

Навруз Хайям Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст: «Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин омадааст: «Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки  ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

«Наврӯзнома» — и Умари Хайём

Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем:

«Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.

Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз Кӯҳи қоф баргузаранд.

Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ.

Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда.

Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-ӯ парвариш дод.

Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

Ва гӯянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ӯро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки (Офтоб) субот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасид. Офтоб аз сари ҳамал бирафту осмон ӯро баргардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд. Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро.

Пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон рӯз бозрасид. Ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони асғарӣ» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ ки Офтоб давраи хештан сипарӣ кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути (фаромадани) Зуҳал андар ӯст, қирон бувад бо муқобили ин бурҷи Мизон, Зуҳал андар ӯст, ки давр ин ҷо ва як давр он ҷо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари ҳамал равон шуду Зуҳалу Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизҳои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, хар бахше сӣ рӯз. Ва ҳар якеро аз он номе ниҳоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзи аст, «соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррамӣ кардан ба аввали сол, ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шоддӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд. Ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рӯзгори Нӯширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт:«Ин оин баҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. Ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан…».

                 Таърихи пайдоиши маросими Наврӯз

 Навруз АликаИди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷику форс  мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Таърихи Табарӣ», «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём  шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар «Шоҳнома» ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ  ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки гӯё маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудаанд. Замони Дорои якум маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд.

Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳанд, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414-и  қабл аз милод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст.

Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард.

Дар рӯзи шашум шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин касе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд.

Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш «дар парда» вобаста ба ин расм мегӯяд:

            Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

               Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоҳе ки Наврӯзи омма ва хосаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур(соли ҳукмрониаш 272-274) будааст… Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661-750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо мақсади пазириши ҳадоёи мардумӣ, аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ, ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд.

Дар замони Салчуқиён бошад, бо дастури Ҷалолидин Маликшоҳи Салчуқӣ теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳоти дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад. ҳазорсолаҳост, ки қавмияту миллатҳои гуногун дар ҳар куҷо ва дар ҳар ҳоле ки бошанд, Наврӯзро бо ҳама расму русумаш дар хонаву кошонаҳои хеш ҷашн мегиранд. Иди Наврӯз дар замонҳои тозиён, туркон, муғулон ва дигар фармонравоён низ бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд. Саранҷом гирд омадан сари суфраи наврӯзӣ, ки он ҳафт пояи аслӣ дорад, ки ҳафт син хонда мешавад ва чизҳоеро шомил мешавад, ки нахустин ҳарфи онҳо син аст ва ниёишгузорӣ ва ғазалхонӣ ва таронагӯӣ ва нағмапардозӣ дар лаҳзаи гардиши сол, нафас дар сина ҳабс кардан ва хомуш мондан ва чашм бар обу оина ва шамъи фурузон ва сабза ва гули шукуфон ва шиноварии моҳиён духтан то рӯйдоди бузург ошкор гардад ва замону ҷаҳони бошукӯҳтар ҷои ошубу ғами поринаро бигирад, нуқтаи авҷи ин сурур аст. ғайр аз ин, дар айёми наврӯзӣ баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба хусус гуштингирӣ аз фараҳангезтарин саргармиҳост. Дар канори онҳо бозиҳои дигаре мисли футбол, волейбол, дастхобонӣ ва ғайра баргузор мешавад. Ба ин тариқ, наврӯз ва оинҳои куҳанбунёди он ҳамагӣ асотир ва армону фарҳанг ва таъриху адаби ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷикро якҷо дар худ фароҳам овардааст ва соле як бор онро дар пайванду паймони розомези фарҳангиашон ба сароғози сароғозҳо ва сарчашсмаи сарчашмаҳо мебарад то тану ҷон дар оби покӣ ва ростӣ бишӯянд ва паймон нав кунанд, ки ҳамвора некандеш, некгӯфтор ва неккирдору навхоҳ, навҷӯ ва навгардон бимонанд ва то ҳастанд, озода ва сарафроз ва пуёву кушо бошанд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз сумалак мебошад. Дар васфи Наврӯз шоирону нависандагони барҷастаи мо шеърҳо эҷод кардаанд: аз ҷумла шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

Баҳор омад садои булбул омад,

Насими фораму бӯи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард,

Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.

 

Гулгардонӣ

Аз омадани Навруз кабл аз хама кудакон бо баргузории маросими гулгардони ба дигарон пайгом мерасонанд. Ин маросим як хафта кабл аз Навруз, яъне дар авоили дахаи дуввуми мохи морс аз суи гурухе аз кудакон, ки дар даст гулхои сияхгуш, бойчечак ё наврузи доранд, ичро мешавад

Ин кудакон ба хар манзили маскуни наздик шуда ва бо кироъати шеърхое фарорасии фасли бахорро ба сохибони он хонадон шодбош мегуянд.

Ривоят

Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин ҷашнро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар моҳи аввали бахор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд.

Рӯзи якуми фарвардинро рӯзи якуми баҳор — саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз иди даромадани баҳор, саршавии киштукор мебошад. Тоҷикон дар ин рӯз хонаи худро сафед месозанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Сарулибоси нав мепӯшанд ва орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро менамоянд.

Дар қадим олимон аз донаҳои зироат сабзаҳо тайёр ва ба воситаи онҳо ҳосилнокии зироатҳои соли навро пешгӯӣ мекарданд. Дастархони наврузй ғанитарин дастархони идҳо буд. Дар он гул, ширинӣ, шарбат, май, нон, меваҷот мугузоранд. Рақами 7 дар урфияти гузаштагон бузург буд ва ба ин хотир дастархони 7 син меоростанд, аз қабили себ, санчид, сирко, сим, сабза, сабзй, ки ишора ба ҳафт амшосипандон — фариштагони бузург аст. Панҷ рӯзи аввали Наврӯз ба арвоҳи гузаштаҳо бахшида мешаванд. Дар ин рӯзҳо қабристонҳо пок мекарданд, дар онҳо қурбониҳо менамуданд. Ривоят аст, ки дар ин рӯзҳо арвоҳи гузаштагон аз осмон ба замин меоянд, аз кору бори авлоди худ огоҳ мешаванд ва барои он, ки онҳоро фаромӯш накардаанд, изҳори қаноат менамоянд ва ба авлоди худ кӯмак мекунанд. Панҷ рӯзи дуюмро мардуми шаҳру деҳот ба тӯю тамошо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишй мебахшиданд. Панҷ рӯзи сеюмро мардум дар дарбори шоҳҳо бо тантана чашн мекарданд ва боқимонда 15 рӯзи дигарро дар саҳро ба сайри наврузӣ мебахшиданд…

 

Март 21, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Камол НасруллоШоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи он, ки муҳити интернет ба ҷавонон чӣ таъсирҳо метавонад дошта бошад
Айни-0ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публисистика бештар рӯй биёваранд
Файзуллло БаротзодаНақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ
Навруз АликаҶашни Сада муждаест аз Наврӯз (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Меҳргон омад ба хидмат_ шаҳрёро назди ту _2Меҳргон омад ба хидмат, шаҳрёро назди ту! (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Хоки Ватан-4Пешвои миллат оид ба нақши барномаи «Хоки Ватан» дар раванди сулҳи тоҷикон: имрӯз ба таъсиси ин барномаи машҳури радиоӣ 24 сол пур шуд!
Хафт син-6ҲАФТ МЕВА, ҲАФТ САЛОМ, ҲАФТ ШИН, ҲАФТ СИН, ҲАФТ СИНӢ, ҲАФТ АМШОСПАНДОН
Ф. БаротзодаНАВРӮЗИ ХУСРАВОНИИ ТОҶИКОН (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор)
Вода22 март- Рўзи байналмилалии захираҳои об:ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозои замон аст
Рузи шеър-0021 март – Рӯзи байналмилалии назм: шеър оинаи фазилати миллати мост
Навруз ИранНАВРӮЗ – САРИ СОЛ: шояд вақте фаро мерасад, ки дар тамоми дунё Соли навро дар оғози баҳор таҷлил мекунанд
Президент ПоэтыКамол Насрулло: «Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён падидаи нодиру бесобиқа аст»