Наврӯз сарчашмаи таърихи тоҷикон аст

Март 20, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 20.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва амалҳои арзишманди минбаъдаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷонибдорӣ аз давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания  ва дигар  мамлакатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март рӯзи таҷлили ҳамасолаи Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи иди Наврӯз ва таҷлили ҳамасолаи он барои миллати тоҷик, ки посдоранда ва намояндаи аслии ин ҷашн аст, як тафохури бузурги таърихӣ мебошад.

Аҷдодони бостонии миллати тоҷик- пешдодиёну ҳахоманишиён, сосониёну сомониён иди Наврӯзро чун мероси пурарзиш, дар пояи дилбастагиву эътиқоди қавии мардум,  новобаста аз таъсири фарҳангҳои бегона ва сиёсатбозиҳои замон, бо ҷилои тоза ба наслҳои минбаъда боқӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, бо вуруди дини мубини Ислом, тарғибгарони он  бо мақсади зиёд намудани пайравонашон ва таҳкими пояҳои ин дин, аз  суннатҳои иди Наврӯз хеле моҳирона истифода бурдаанд. Аз дигар тараф, иди Наврӯз зери ин таъсирот ва афкору андешаҳои нав, ҳатто дар ҳифозати  минбаъдаи динӣ қарор гирифту мазмунан дурахши бештаре пайдо намуд ва пайравонаш низ  афзуданд.

Баъдан, баробари рушди илму фарҳанги ориёӣ, ин ҷашни  арзишманду муқаддас бештар муаррифӣ ва эътироф гардида, то дараҷае ба фарҳанги дигар қавму миллатҳо ворид гардид, ки то ҳоло баъзеашон онро танҳо моли фарҳанги хеш меҳисобанд, гарчанде Наврӯз аллакай ҷашни умумибашарист.

 

Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъаноти бостонии Наврӯз- ҳамчун арзиши бебаҳо ва минбаъда сатҳи баланди бузургдошти он, барои меросбарони он-миллати тоҷик бояд вазифаи муқаддас ва ҳамешагӣ бошад. Мавҷудияти суннатҳои зиёди бостонии иди Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар исботи қадимӣ будани Ватани ин ҷашн ва миллати фарҳангии он як далели қавиест. Ва барҳақ, «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст».

Тибқи осори таърихии хаттӣ ва ривоёт, аз давраи ҳукмронии Ҷам (Йама аз «Вандидод»)-чорумин шоҳаншоҳи Эрон,  Наврӯз ба сифати рӯзи аввали фасли баҳор ва оғози Соли нав пазируфта шудааст. Ва ба фикри мо, асли яке аз он ривоят бояд ин тавр бошад:  Субҳе барвақт Йама (Ҷам) ба тахти барояш аз зару зевар ва гуҳари басо пурҷило сохташуда мешинад. Субҳ вақти аз Хур (Офтоб) шедпошӣ- («нурпошӣ»)- (вақти «хирғирах» дар забонҳои помирӣ), ба тахту тоҷ ва либоси ялаққосии шоҳӣ, атроф гӯё ба чандин маротиби дигар рушану ҷилвагар мегардад. (Имрӯз ҳам дар забонҳои мардуми Рушону Шуғнон ва Вахони Ишкошим на вожаи офтоб, балки синонимҳои он «хур»,«хир» ва «ир» истифода мешавад). Афзуншавии нурпошӣ аз ҳисоби тахт ва  либоси пурҷилои  шоҳӣ лаҳзаи пурфараҳ ва эҳсосу хушиву сурур дар ин ҷамъомади мардум ба вуҷуд меорад, ки ҳамагон ба табрику шодбошӣ, туҳфасупорӣ ба ҳамдигар ва ба шоҳ мепардозанд. Ва он лаҳзаҳо халқ шоҳ Йамаро монанд ба Хур (Офтоб) намуда, ба номи шоҳ Ҷам исми «шед» (нур, рух)-ро илова мекунанд.

Дар луғатҳои маъмули таърихӣ «шед» ибораи авастоии «хшаета» буда, рух(аф)шон, нур(аф)шон (решааш калимаи «рух» аст, ки дар забонҳои то ба имрӯз маҳфузмондаи мардуми  Кӯҳистони Бадахшон  серистифода аст), маънидод мешавад. Шоҳ (Ҷам+шед) монанд ба Офтоб нурпошанда ном  мегирад ва он рӯзро дигар «рӯзи нав» ном мениҳанд. Дар ин бора, Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол  низ чунин овардааст;

…Ҷаҳон анҷуман шуд бари  тахти ӯй,

Шигифтӣ фурӯ монд аз бахти ӯй.

Аз он бар шуда фарраи бахти ӯ,

Ба Ҷамшед, бас гавҳар афшонданд.

Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд…

Ҳаким Умари Хайём ҳамчунин иллати ном ниҳодани Наврӯзро ба гардиши хуршед дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз вобаста дониста, баргашти хуршедро ба рубъи аввали ҳамал (барра) рабт додааст. Яъне хуршед ба ҳамон рӯзу дақиқа, ки рафта буд, бад- ин дақиқа натавонад омадан ва ҳар сол аз ин муддат ҳаме кам шавад. Ва дар рӯзи «Ба Ҷамшед, бас гавҳар афшонданд» рост омадани баргашти Хуршедро, бад-ин хотир шоҳ Ҷам «рӯзи нав» ном ниҳод ва ҷашн орост.  Пас аз ин дигар подшоҳон ва мардумон ба ӯ пайравӣ намуда, Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Навруз Бадахшон-3 Навруз Бадахшон-2

Мардуми бостонии Бадахшони Тоҷикистон Наврӯзро–Хидарайём, яъне иди калон-бузург гуфта, таҷлил мекунанд. Ва бузургии ин айд (ид), ба бузургии Хур-Хир-Ир (дар боло ишора намудем) рабт дорад ва ин на Хидирайём, балки Хирайём- иди хуршед мебошад. Имрӯз низ хуршедро мардум дар Рушон «хур», дар Шуғнон «хир», дар Вахон «ир» мегӯянд. Ва дар гуфтугӯи мардум калимаву ибороти зиёд бо истилоҳи хир-хуршед дучор шуда, («хирғирах», «хирпал», «хирнист»,«хирпиғ», «хир ар рӯз», «хиргоҳ», «хирмангоҳ», «хир ар жир», «хирмадор (наҳор)», «хирпичор», «хирчизӯн» ва ғайра) дар истеъмоланд. Ҳамзамон, эътиқодот, суннату одатҳо ва мазмуни зиндагии ин қавм ба хир (хуршед) зиёд рабт дорад.

Иди Наврӯз пайвандии ногусастаи инсону табиатро ифода карда, мақому муносибатҳо ва талаботи инсонро танзим ва одату анъаноташро шакл медиҳад. Ин вобастагии инсону табиатро дар Бадахшон бо зимистони хеле сарду тӯлонӣ, сербарфу пур аз шамолҳои шадид ва бо камии  ғизо барои тамоми мавҷудоти зиндааш  дидан мумкин аст. Бад-ин сабаб, мардум омадани гармии хир-хуршед, (хирайём)-ро  ба ҳар деҳу навоҳии Бадахшон, ки аз ҳам фарқият доранд, хоса пазмон мешаванд. Ин замон ҷашнгирии Хирайём, бе назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, мушкилоти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-маънавӣ, дар рӯзҳои 21-22 моҳи март таҷлил мешавад.

Ибтидои ҷашнгирии хирайём дар Бадахшон, яъне даври аввал бо оғози суннати «хирпичор» (офтоб дар мард) қабул гардида, ба нимаи дуюми ҳафтаи охири моҳи январ ва нимаи ҳафтаи аввали моҳи феврал рост меояд. Ин вақте аст, ки «хир ар рӯз» меафтад, яъне рух(нур)-и хуршед аз тариқи рӯз (равзан)-и хонаи урфии бадахшонӣ (андозаи равзана тахминан 1 бар 1 метр), ба дохили хона, ба шаҳсутун (бо қабули дини мубини ислом ин сутун номи Ҳазрати Муҳаммад- салла-л-лоҳу алайҳи ва олиҳиро дорад), меафтад. Ин таҷрибаи таърихӣ аз вақти баромада рафтани фасли шитоӣ (зимистон) ва омадани фасли гармӣ, аз фарорасии баҳор шаҳодат медиҳад.

Баробари риояи русумоти бостонӣ, тақвиме дар истифодаи мардум аст, ки аз рӯи он ҳоло низ ҳисоби солро мебаранд. Оғози ин ҳисоб аз рӯи андоми мард (аз нохун сар карда, то ба мағзи сар) гирифта шуда, 96 рӯзро дар бар мегирад ва ин муддатро «Офтоб дар мард» меноманд. «Офтоб дар мард» ба маънои қувват гирифтани ҷисм ва табиат («зиндашавии онҳо»), бо зиёд шудани гармӣ, муддати нурпошии бештари хуршед мебошад. Танҳо бо расидани ин нишонаҳо, тайёр кардани асбобу  анҷомоти кишту кор дар  коргаҳи  оҳангарӣ сар шуда, дар Бадахшони камзамин деҳқонон аз ҳама беш Наврузро пазмон мешаванд.

Бо даромади моҳи ҳут мақоли «…барои одами зинда баҳор шуд!» боз вирди забонҳо гардида, иди Наврӯзро «сари сол», «сари баҳор» ва  имрӯз «соли нав» гуфта, онро интизор мешаванд ва баҳри таҷлилаш омодагӣ мебинанд. Ибораи «сар аз буор (баҳор)» хеле маъмул буда, мардум бо умеду ниятҳои нек, қариб ҳамаи корҳои бузурги сарнавиштсозро аз ин вақт, онро «вақти пурбаракат», «расидани пирӯзиву шодӣ аз тарафи Худо» номида, сар мегиранд. Дар Наврӯз мардум одатан аз корҳои анҷомдодаашон натиҷагирӣ намуда, то Наврӯзи дигар амалу фаъолияти хешро ба нақша мегиранд.

Даври дуюми Шогун (Шоҳ гуна, яъне монанд ба Шоҳ Ҷам)-и  даври Хирайём «хирчизӯн» (Хуршед дар зону) буда, онро боҷ айём ва дар баъзе навоҳии Бадахшон ба(ъ)т айём низ меноманд. Боҷ ва ба(ъ)т ғизоҳое ҳастанд, ки дар Хирайём хеле нозукона, бо риояи русумот ва иҷрои амалҳои махсус пухта мешаванд. Дар бисёр маконҳои Бадахшон, дар рӯзи таҷлили ин ҷашн забҳ намудани чорвои махсус интихобшуда ва парваришёфта низ  анъана гардидааст.

Рӯҳану ҷисман тоза шудан аз ғаждиҳо ва ба бар намудани либосҳои нав, овардани ҷиҳози нав ба хона, хонаро аз тамоми ашё ва анҷомоти кӯҳна ва нолозим холӣ карда, дур аз хона бурда, «балоҳо рафъа» гуфта, сӯзонидан талаботи ҳатмии маросими наврӯзист. Дар оташ, ки рамзи хуршед аст, сӯзонидани ашёи нолозиму ифлосиҳо, ба хотири тоза намудани Замини муқаддасу пок-макони сукунату рӯйишҳо иҷро мегардад. Дохили хонаи бадахшонӣ сутунҳо, чаҳорхона (рамзи чаҳор аносир- об,ҳаво,оташ,хок) ва тирчӯбҳои бузургу хурд пас аз тоза гардидан, бо орд (сафедӣ, покӣ)- бо рамзи дигари ориёӣ  гулнақшҳо монда мешаванд.

Навруз БадахшонКадбону пас аз он, ки хонаро пурра тоза мекунад, ба аҳли хона иҷозати даромадан медиҳад. Дар ин маврид, агар меҳмоне «меҳмон баракат меорад!-мегӯянд», омада бошад, вай аввал,  ва пасон кӯдакону наврасон ва дигарон дар даст химчаҳои нақшу нигоршудаи шабеҳ ба нурҳои хуршед вориди хона шуда, «Шогун муборак!» мегӯянд. Кадбонуи хона ба китфи рости ҳар нафари медаромада, бун (орд) пошида, «…ба рӯйи Шумо муборак!» мегӯяд. Бо сафедии орд даруни  хона нақши ориёӣ партофтан ва дар суннату маросимҳо ба китф андаке орд пошидан мазмуни «балоҳо (торикӣ) рафъ гардаду сафедӣ (рух –равшанӣ) насибатон шавад»-ро медиҳад. Ин нишона ва ёде аз фалсафаи ориёӣ, ғалабаи хур-хир (шед-нур-рух) бар зулмот (торикӣ) аст…

Сониян, аҳли хонавода бо либосҳои нав ё тоза шусташуда гирди суфра нишаста, аз анвои беҳтарини барои Хирайём тайёршуда муроот мекунанд. Нони ғафсу баланди гирдаи чормағзии шабеҳ ба рамзи Хуршед ва махсус пухта шуда,(қамоч ё қумоч онро гӯянд), болои дастурхон монда мешавад. Нони наврӯзиро тавре мебуранд, ки буридаҳои нон («бирухъ»,дар забонҳои маҳалӣ) шакли нурҳои Хуршедро (секунҷа) гиранд. Ва асли калимаи «бирухъ», «ба рух», яъне монанд ба рухи (нурҳои) Хир-Хуршед аст ва  буридани қумоч низ ба он рабт дорад.

Дар суннати «салом-салом» ба хонаи ҳамсояҳо бо  худ бурдани бирухъ, ки гӯё рамзи шед (нур) аст, ҳатмӣ буда, маънии «ба шумоён нур (рух)-и хуршед овардам»-ро дорад, то ки соли наватон рух(аф)шон, нурафшон ва пурбаракат бошад. Дар рамзи бирухъ, аввал таҷассуми нур-гармии хуршед ва баъдан ҳосили он нур-баракат, яъне ғизои хӯрданӣ (нон- рамзи сериву пурӣ, ки ба сурати хуршед шакл дода шуда, пухта мешавад), ифода ёфтааст. Асосан кӯдакон, ки ҳанӯз дили бекинаву андешаи пок ва дунёи пур аз орзуҳо доранд, ҳамчун рамзи покӣ ба «салом-салом» мераванд. Дар «рӯзи нав» ғаму андӯҳ, ноумедӣ ба сурур ва хушнудӣ табдил ёфта, аз хурд то бузург аз соли меомада  умедҳои зиёд интизор мешаванд.

Суннати килоғуз-ғуз (шолпартоӣ аз рухзан (равзан)-и хона) маросими рӯҳафзо ва хеле маъмули аҷдодӣ буда, бо хондани порчаҳои шеърии наврӯзӣ, бо талаби савғот (туҳфа)-и наврӯзӣ аз тарафи наврасону ҷавонон ба иҷро мерасад.

Ин Наврӯзи куҳан ҳамасола аз оғози ҳаёти нав, ҷавонӣ, шодкомиву умедвориҳо пайғом аст. Дар ин рӯз мардум ба меҳмонии ҳамдигар,  аёдати нафарони бемору барҷомонда рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешаванд. Ба нафарони мӯҳтоҷи ёрӣ хайр намуда, манзили охирати гузаштагонро тоза менамоянд. Андешае дар  мардуми кӯҳистон маъмул аст, ки ҳар хонадоне, ки ин ҷашнро бе кинаву ғурур, бо нияти некӣ ва бахшоиш, сахову сурур гузаронад, тамоми сол аз баракати Аллоҳ дар сиҳативу серӣ ва ҳоли хуррамиву осудагӣ қарор мегирад.

Бузургии иди Наврӯзро мардуми Бадахшон дар навбати аввал ба зиндашавии табиат, шунидани навои паррандагон, накҳати гулистонҳо, зебогии ҳаёт ва фаровонии ризқу рӯзӣ рабт медиҳанд. Наврӯз муждарасон аз фасли баҳор ва файзбахшу баракатбор дониста шуда, дар ҳар хонадон ба зарфҳои хурди махсус баҳри озмоиш тухмиҳои гуногун мепошанд ва сабзиши онҳоро назорат мебаранд. Кадоме аз ин тухмиҳо тезтару хубтар бисабзад, он навъро ба умеди фаровонии ҳосил он баҳор мекоранд.

Замин, ки офаридгоҳи тамоми неъматҳост, бе унсури дигари офариниш, яъне бе нури ҷонбахши  Хуршед ризқу рӯзии мавҷудоти зиндаи оламро дода наметавонад. Эътиқодварзӣ ба хуршед, барафрӯхтани оташ дар шаби Наврӯз ва иҷрои дигар маросимҳо русуме аз қадим аст. Оташафрӯзӣ ба хотири баровардани сардиҳо аз бадан, рафъи фасли дай ва истиқболи гармӣ низ маънидод мешавад. Бузургдошту парастиши хуршедро нури эзидӣ, оғози рух (равшанӣ) ва ибтидои ҳаёт низ гуфта, ба сӯйи (самти) хуршед партофтани ифлосӣ, қазои ҳоҷат намудан, туф кардан ва дигар амалҳои нохуб содир кардан гуноҳи азим дониста мешавад. Ин амалҳо аз ифодаи покӣ, зебоипарастӣ, маърифатпазирии мардум дарак медиҳанд.

Имрӯз шароити озодона таҷлил намудани иди Наврӯз фароҳам буда, зарур аст, ки унсурҳои қадимаи он бо кумаки олимону донишмандон ва донандагони таърих барқарор шаванд. Тамоми оинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба хештаншиносӣ, покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд.

 

Ғарибшо ҒАРИБШОЕВ,

директори Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос

ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ, номзади илмҳои фалсафа

Март 20, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд