НАВРӮЗ – САРИ СОЛ: шояд вақте фаро мерасад, ки дар тамоми дунё Соли навро дар оғози баҳор таҷлил мекунанд

Март 21, 2017 08:08
Навруз Иран

ДУШАНБЕ,  21.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Аз саҳифаҳои таърих маълум мегардад, ки дар бисёр кишварҳои олам соли навро дар моҳи март ва умуман фасли баҳор ҷашн мегирифтаанд. Аз ҷумла, дар Англия дар асри миёна аъзои парламент дар бораи таҷлили соли нав дар моҳи март қарор бароварда буданд, аммо як гурўҳ занҳо соли 1752 зидди он эътироз баён карданд. Вакилон ин даъворо пазируфта, қарори пештар баровардаашонро бекор ва дар бораи моҳи январ таҷлил кардани иди соли нав қарори нав қабул карданд. Келтҳо, сокинони Галлий (ҳудуди имрўзаи Франсия ва як қисми Англия) иди соли навро охири моҳи октябр қайд мекарданд ва он «Поёни тобистон» ном дошт.

Римиҳои қадим дар моҳи март ҷашн меоростаанд ва ба якдигар тўҳфаҳо тақдим карда, хушиву хурсандӣ мекардаанд. Юлий Сезар баъди ба сари тахт омаданаш тақвими навро ба роҳ монда, пешвозгирии соли навро якуми январ муқаррар мекунад. Онҳо, ки худоҳои гуногунро парастиш мекарданд, ин ҷашнвора ба эътиқоташон мувофиқ буд.

Дар олами Ислом соли нав аввали моҳи  муҳаррам фаро мерасад.

Дар Бобулистони қадим соли навро баҳорон пешвоз мегирифтанд. Дар рўзҳои ҷашнгирии соли нав подшоҳ якчанд рўз аз шаҳр баромада мерафт ва дар ин муддат мардум кадом кореро, ки мехостанд, анҷом медоданд. Баъди якчанд рўз шоҳ ва надимонаш либосҳои идона дар бар вориди шаҳр мегаштанд ва мардум ба зиндагии муқаррарӣ мепардохтанд.

Навруз Зарубежом

Дар Руси қадим ҳам соли нав аз рўзи 1 март оғоз мешудааст. Дар асри 14 Ибодатхонаи марказии Маскав қарор баровард, ки тибқи тақвими юнонӣ оғози соли нав аз 1 сентябр ҳисоб карда шавад. Соли 1699 бошад Пётри 1  баъд аз сафараш ба Аврупо қарор баровард, ки минбаъд якуми январ рўзи оғози соли нав эълон карда шавад.

Замони шўравӣ идкунии соли нав якчанд маротиба тағйир дода шуд.  Баъди табаддулоти октябрии соли 1917 масъалаи ислоҳоти тақвими юлианӣ ба миён гузошта шуда буд, зеро он вақт бисёр кишварҳои Аврупо ба тақвими григорианӣ гузашта буданд. Ин тақвим  ҳанўз соли 1582 аз ҷониби Папа Григории 13 қабул шуда буд.  24 январи соли 1918 Шўрои Комиссарони Халқи Россия «Декрет оид ба ҷорӣ кардани тақвими ғарбӣ-аврупоӣ дар Республикаи Россия»-ро қабул кард. Мувофиқи ин Декрет иди Мавлуди Исои масеҳ аз 25 декабр ба 7 январ гузаронида шуд ва ин рўзро ҳамчун иди соли нав қайд мекарданд. Соли 1929, баъдан соли 1935 рўзи таҷлили мавлуди Исои масеҳро боз дигар карданд. 31 декабри соли 1935  бо пешниҳоди П.П. Постишев анъанаи оро додани арча ҷорӣ гардид. Соли 1949 бори аввал рўзи 1 январро рўзи истироҳатӣ эълон карданд.

Чанд сол пеш рўзномаи бритониёии «Дейли Телеграф» як хабари ҷолибро чоп кард. Дар он зикр ёфтааст, ки тақвими милодӣ низ иштибоҳ будааст ва таърихи рўзи мавлуди Исои масеҳро низ нодуруст муайян кардаанд. Дар ин бора роҳбари католикҳои ҷаҳон Поп Бенедикти 16 ибрози назар кардааст.

Тавре маълум гардид, дар аксари кишварҳо замонҳои пеш  иди соли нав дар як вақт таҷлил намегардид.

Навруз ДревностьБино ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии мо  соли нав бо фарорасии фасли гармо, яъне баҳор оғоз меёбад ва онро Наврўз ( Рўзи нав) мегўянд. Абўрайҳон Берунӣ дар асари хеш «Ат-тафҳим» Наврўзро чунин тавсиф кардааст: «Аз русуми порсиён Наврўз нахустин рўз аст аз Фарвардин ва ин ҷиҳат рўзи нав ном кардаанд, зеро ки соли нав аст». Маълумоти зайлро бошад аз асари таърихии «Ат-тоҷи ҷиҳоз» пешкаши хонандагон мегардонем: «Наврўз ва Меҳргон ду фасли сол ҳастанд. Меҳргон духули зимистон ва Наврўз фарорасии фасли гармост».

Дар  «Наврўзнома» — и  Умари Хайём чунин оварда шудааст: «Наврўз ҳақиқат бувад ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одилу худотарс буд ва ҷаҳониён ўро дўстдор буданд ва бад — ў хуррам. Эзиди таъолло ўро фарре ва ақле дода буд, ки чандин чизҳо биниҳод ва ҷаҳониёнро ба зару гавҳару дебову атрҳо ва чаҳорпоён биорост… Чун аз мулки ў чаҳор саду анд сол бигузашт, дев бад — ў роҳ ёфт ва дунё дар дили ў ширин гардид ва дунё дар дили касе ширин мабод, манӣ дар хештан овард, бузургманишиву бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз   ў ба ранҷ афтоданд ва шабу рўз аз Эзиди таъоло заволи мулки ўро мехостанд, он фарри эзидӣ аз ў бирафт…»

Бо ишора ба сарчашмаҳои қадимаи таърихӣ донишманди машҳури Эрон устод Саид Нафисӣ навиштааст: « Рўзи аввали фарвардин ҳамвора оғози Соли Нави эрониёни қадим будааст ва ҳамеша онро Наврўз ном ниҳодаанд ва дар рўзи ид ба дўстон ширинӣ фиристодаанд.» (Наврўз. Китобнома / / Мураттиб Ш. Комилзода.-Душанбе, 2012, саҳ. 18).

Дар айёми шўравӣ ба ҷашни Наврўз эътибор намедоданд. Ба  шарофати истиқлолият ва кушишу дастгирии роҳбарияти олии кишвар  ҷашни Наврўз на танҳо эҳё гардид, балки мақоми байналмилалӣ пайдо кард.  23 феврали соли 2010 дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Наврўз ба унвони ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.

 

                                                           Бурҳониддин  КАРИМЗОДА

 

Март 21, 2017 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИС (2)Нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашон чанд аст ва чаро ронандагон бақия намедиҳанд?
--- 15.07.15 gep 119 май -Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит: беморие, ки пурра муолиҷа мешавад
JpegАстероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25-ро олимони тоҷик ҳам мушоҳида карданд
Камол НасруллоШоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи он, ки муҳити интернет ба ҷавонон чӣ таъсирҳо метавонад дошта бошад
Айни-0ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публисистика бештар рӯй биёваранд
Файзуллло БаротзодаНақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ
Навруз АликаҶашни Сада муждаест аз Наврӯз (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Меҳргон омад ба хидмат_ шаҳрёро назди ту _2Меҳргон омад ба хидмат, шаҳрёро назди ту! (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Хоки Ватан-4Пешвои миллат оид ба нақши барномаи «Хоки Ватан» дар раванди сулҳи тоҷикон: имрӯз ба таъсиси ин барномаи машҳури радиоӣ 24 сол пур шуд!
Хафт син-6ҲАФТ МЕВА, ҲАФТ САЛОМ, ҲАФТ ШИН, ҲАФТ СИН, ҲАФТ СИНӢ, ҲАФТ АМШОСПАНДОН
Ф. БаротзодаНАВРӮЗИ ХУСРАВОНИИ ТОҶИКОН (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор)
Вода22 март- Рўзи байналмилалии захираҳои об:ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозои замон аст