НАВРӮЗИ ХУСРАВОНИИ ТОҶИКОН (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор)

Март 23, 2017 10:39

ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пӯшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тӯлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некӯ ва созгор мӯҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшу­мо­рии муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши Офтобу моҳтоб ва ё муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ вобаста будааст.

Аслан ҷашни куҳан будани Наврӯз ба замонҳои пеш аз Ҳахомани­шинҳо ва Модҳо рафта мерасад, яъне давроне, ки ориёиҳо сарзамина­шонро ба ду қисмат ҷудо мекарданд: фасли сармо, ки даҳ моҳ тӯл мекашид ва фасли гармо, ки ҳамагӣ аз ду моҳ иборат буд. Ин матлаб дар Авасто низ ёд мешавад. Пас аз ин тағйиротҳои иқлимӣ ба вуҷуд омаданд ва дар асоси далолати Вандидод тобистон ба 7 моҳ ва зимистон ба 5 моҳ баробар гардид. Ҳар яке аз ин фаслҳо дорои ҷашнҳое буданд, ки дар навбати худ оғози соли нав шуморида мешуд. Поягузории ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дар оғози фаслҳои дугонаи ориёӣ далолат бар он дорад, ки заминаи пайдоиши ҳар ду ҷашн ба бузургдошти як марҳилаи нав, яъне поёни як фасл ва саршавии фасли дигар пайванди қавӣ доштааст. Бо мурури замон фаҳмиши ҷашни Наврӯз аз шакли содаи нуҷумӣ ва ченакшиносӣ берун омада, тадриҷан баъзе тобишҳои динию сиёсӣ ва маросимӣ ба бар кардааст. Дар ниҳояти кор ин пешаи фарҳангсолории аз гузаштагони дур ба ёдгормондаи мо дар оғози бурҷи Ҳамал ҷойи собите ёфт ва ягона ҷашни ҷаҳониест, ки платформаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст.

Сазовори гуфтан аст, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми Бобули бостон низ дар давраҳои бисёр қадим рӯзи нахустини солро гӯё  дар эътидоли баҳор, дар рӯзи мувофиқ ба 21 март ҷашн мегирифтаанд. Ин замон ҳамчун фарорасии баҳор, оғози соли нав ва аз хоби зимистон бедор шудани табиат пазируфта мешудааст. Дар асоси омӯзиши лавҳаву нигораҳо ва осори боқимонда олими эроншинос Артур Кристенсен чунин хулоса кардааст, ки ин ҷашн тақрибан 2340 сол пеш аз мелод соҳиби шиносномаи худ будааст ва тибқи нигораҳои дар Бесутун будаи даврони Дориюши бузург ҷашни оғози соли нави порснажодон Меҳргон ном дошта, он ба саршавии фасли тирамоҳ рост меомадааст. Бояд гуфта шавад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ ҳеҷ ном аз ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон бурда нашудааст. Аз ҷониби дигар дар охири ҳукумати Дорои Бузург сарзамини Эроншаҳр зери таъсири фарҳангҳои Осиёи Сағир (Анозул) ва ҳавзаи баҳри Миёназамин (ҳеллинизм) қарор гирифта буд. Аз ин рӯ, мардуми эронитабор тақвими қибтиро, ки дар асоси он сол ба 12 моҳи сирӯза тақсим мешуд, бипазируфтанд. Ин тақвим 5 рӯзи изофиро низ дар назар дошт, ки онро «панҷаи дуздида» ё «хамсаи мустариқа» мегуфтанд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мешуд. Дере нагузашт, ки ин тартиби солшуморӣ бар асоси тақвими авастоӣ ва зардуштӣ қарор гирифт. Ва рӯзи аввали сол дар эътидоли баҳорӣ аввали фарвардин муқар­рар гардид, ки онро ҷашни Наврӯз мегуфтанд. Як гурӯҳи олимон бо назарияи иқтибоси Наврӯз аз Байнанаҳрайн ва кишвари қибтҳо розӣ нестанд. Ба ақидаи онҳо, ҳанӯз се ҳазор сол пеш аз мелод дар Осиёи ғарбӣ ду ид бардавому барқарор будааст: Иди офариниш дар оғози тирамоҳ ва Иди растохезӣ дар саршавии баҳор. Сипас ин ду ид бо ҳам даромехта, ба як ид табдил меёбанд ва он дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешудааст. Меҳрдоди Баҳор тахмин мекунад, ки Наврӯз пеш аз Ҳахоманишиниён шояд вуҷуд дошта будааст, ки дар Авасто аз он ёд намешавад, зеро ин як ҷашни сирф миллӣ асту Авасто китоби динӣ. Вале бо гузашти айём дини зардуштӣ ҳам Наврӯз ва ҳам Меҳргонро андаруни қабои динию эътиқодӣ бармеандозад. Дар ҳамин асос зимни таҷлили Наврӯз ҷашни зардуштии фаравардагон пайдо мешавад. Ин ҷашн дар за­ми­наи боварҳои дерини ориёиҳо ба пояҳои аслии Наврӯз таъсир гузош­­та­аст. Ҷашни фаравардагон асосан ҷашни фрава­ҳар­ҳо буд ва дар он ҳангом даҳ рӯзу даҳ шаб баргузор мешуд. Фарава­ҳар­ҳо ҳамон арвоҳи мурдагонанд. Ва моҳи фарвардин, ки ба оғози сол рост меояд, аз ҳамин ном реша мегирад. Дар фарвардин-яшт омадааст, ки дар муддати ҷашни фаравардагон фараваҳарҳои мӯъминон аз иқомат­гоҳ­ҳои худ берун меоянд ва муддати даҳ шаб дар канори мардум боқӣ мемо­нанд. Ин ҷашн марбут ба бозгашти арвоҳи мурдагон будааст. Замони баргузо­рии ин ҷашн ба ҳисоби гоҳшумории имрӯзӣ панҷ рӯзи охири исфанд ва панҷ рӯзи аввали фарвардинро дарбар мегирифт. Аз гоҳе, ки оғози сол дар эътидоли баҳорӣ таъйин гардид, Наврӯз ба шашумин рӯзи ин ҷашн рост омад, яъне як рӯз ба фарвардагон афзуда шуд. Бад-ин минвол андешаи шукӯҳу бузургии рӯзи шашумини ҷашн ҳамчун муҳимтарин солрӯзи нав дар зеҳни ниёгони мо аз даврони куҳан вуҷуд доштааст, ки дар замони Сосониён ҳам бозтоби некӯ пайдо карду ҳам ба ваҷҳи писандида ҷобаҷогузорӣ гардид.

Бад-ин минвол аз даврони қадим гузаштагони пурифтихори мо оғози солро бо шодию хурсандӣ пешвоз мегирифтанд ва ин ҷашнкори ниёгонӣ ҳамчун суннати миллӣ комилан берун аз омӯзаҳои динӣ берун ташаккул ёфт. Ҳамин буд, ки пайдоиши ислом дар марзи густариши Наврӯз масъалаи муноси­бати ойини навро доир ба ин ҷашни пуршукӯҳи порситаборон ба миён гузошт. Зеро дар оғози ислом ва давраи ҳукмро­нии хулафои рошидин арабҳо ҳанӯз мисли Наврӯз иди бонизоме бо ҷумлаи аҷзои табақабандияш надоштанд ва ҳамчунин қудрати казоиеро барои манъ кардани ҷашнҳои мусулмонони ғайриараб молик набуданд. Матлаб иборат аз ин буд, ки оё баргузории ҷашни Наврӯз бо арзишҳои исломӣ чӣ бархӯрде дошта метавонад. Агар он ҳеҷ ихтилофе бо фармудаҳои динӣ надошта бошад, пас он аз назари ислом ҳам пазируф­танист.

***

Навруз-8Сипас дар замони хилофати Умавиён ҳаракати футӯҳоти исломӣ барои арабҳо арзишҳо ва анъанаҳои миллии кишварҳои дигарро низ ошкор кард, ки аксари онҳо тавассути тарҷума ба фарҳанги мусулмонӣ таъсиргузор шуданд. Баргардони осори тоисломии порсизабонон низ ривоят­­ҳои зиёдеро дар бораи Наврӯз ба забони арабӣ пешниҳод намуд, ки муҳтавои онҳоро тақрибан чунин баён кардан мумкин аст: офаридани Одам гӯё дар ҳамин рӯз будааст; дар баҳор бояд бисёр ёди растохез кард, зеро ҳамон тавре ки табиат зинда мешавад, инсонхо низ рӯзи маҳшар зиндаву маҳшур мешаванд; худро бояд дар маърази бодҳои баҳорӣ қарор дод, то табиат бадани шуморо низ ҷавон кунад; ва баръакс аз бодҳои хазони тирамоҳ дурӣ бояд ҷуст, то бадани шуморо низ пир накунад. Тавзеҳоти фақеҳон ҳам доир ба ин масъала нахуст хайрхоҳона буд: ҳеҷ ҷашни миллӣ аз назари ислом мардуд нест, агар он бо омӯзаҳои эътиқодӣ ва динӣ ихтилофи ҷиддие надошта бошад ва ҳамон гуна рафтор писандида аст, ки бо арзишҳои дини ислом созгор бошад.

Сарнавишт чунин қазоват кард, ки Наврӯз ҳатто дар ҳамон даврони дури қурунивустоӣ ҳамчун ҷашни шукӯҳманди бостонӣ, ки гувоҳи гӯёи гузаштаи тобнок ва дурахши фарҳанги барҷастаи мост, пазируфта шавад. Ва имрӯз ҳам ҳеҷ як ҷашне дар сатҳи ҷаҳонӣ наметавонад бо Наврӯзи тоҷикон ҳамсангӣ кунад, зеро он як чорабинии фармоишию қарордодӣ ва таҳмилию сиёсӣ нест, балки он ҷашни ҷавонии ҷаҳон ва рӯзи хуррамию шодмонии Модар-Замин аст. Аслан Наврӯз ифодаи пайванди ногусас­тании инсон бо табиат аст. Абӯрайҳони Берунӣ дар посухи «чӣ будани Наврӯз» чунин овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзро бузург доранд, зеро ки хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳишам ва гурӯҳҳо бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввал рӯзе аст аз за­мо­на ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан». Дар «Наврӯзнома» омадааст, ки сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун донистанд, ки Офтобро ду давр буда – якеи он сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз он ба аввал дақи­қаи Ҳамал бозояд. Ба ҳамон вақт ҳар рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Чун Ҷамшед ин дуро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Пас аз он подшоҳо­ни дигар мардумон бад-ӯ иқтидор карданд». Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» менависад: «Бархе аз уламои Эрон мегӯянд: сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас соиба (андӯҳ) ош­кор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, дини худро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро Ҷамшед ид гирифт».

Аммо дар бораи огоҳии мусулмонон доир ба ин ҷашн ривоят мекунанд, ки ба расул (с) ҷоме симин ҳадя оварданд, ки пур аз ҳалво буд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: «Имрӯз Наврӯз аст». Гуфт, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён». Гуфт: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худо аскараро зинда кард». Гуфтанд: «Аскара (сипоҳиён) чист?» Гуфт: «Аска­ра ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда сар ба биёбон ниҳода буданд. Ва Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред, онҳо бимурданд. Сипас онхоро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онҳо биборанд, аз ин рӯй аст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ тақсим карду гуфт: «Кош ҳар рӯз бар мо Наврӯз будӣ». Ҳамчунин дар ҳадисе аз Анас дар бораи вуҷуд доштани ду рӯзи ид дар замони ҷоҳилият хабар додаанд. Ҳангоми дар Мадина будани пайғамбар (с) одамон изҳор кардаанд, ки ин рӯзҳоро мардум бо шодию нишот ва барпо доштани бозиҳои гуногун сипарӣ мекардаанд. Ҷавоби пайғамбар (с) чунин будааст: «Ба дурустӣ, Худо барои шумо ин ҳар дуро бо идҳое беҳтар аз онҳо – иди Азҳо ва иди Фитр иваз дод». Вале дар баёни вариантҳои гуногуни ин ҳадис дар ҳеҷ ҷое мазаммати анъанаҳои гузашта аз ҷониби пайғамбар (с) зикр нашудааст. Дар баёни имоми муҳаддис Аҳмад Абӯбакри Байҳақӣ ҳамин ду иди тоисломӣ Наврӯз ва Меҳргон будааст, ки то ҳудуди Ясриб густариш пайдо кардааст. Афзун бар ин, ҳангоми бемории охирин мардум ба саволи худ дар бораи ба мусулмонон чӣ чизе ба мерос гузоштани пайғамбар (с) чунин посух мегиранд: «Китоби ман ва суннати ман». Боз пурсида мешавад, ки агар маънои матлаберо пайдо накунем, чӣ чора бояд кард?! Дар ин ҳолат таъкид мешавад, ки ба девони шоирони тоисломӣ (даврони ҷоҳилият) муроҷиат кунед. Ин чунин маъно дорад, ки дар аҳодиси набавӣ ҳеҷ гоҳ бадбинию кинатӯзӣ ва кароҳият ба гузаштаи ақвоми гуногуни мусулмо­нон ҷойгоҳе надоштааст. Баръакс, гузашта ҳамчун пуштувонае устувор барои бунёди фарҳанги мусулмонӣ истифода мешудааст.

Футӯҳоти Билоду-л-фурс (сарзамини порсизабонон) фуқаҳо ва сипоҳиёни исломиро бо фарҳангу анъана ва чашну маросимҳои суннатии онҳо аз наздик ошно кард. Агар ба ривоёти гуногуни ахбори таърихно­ма­ҳои Табарӣ, Масъудӣ ва Ибни Асир доир ба густариши ислом дар сарзамини порситаборон (ба хусус қисмати ғарбии он) таваҷҷуҳ намоем, аён мегардад, ки дар оғоз аслан ғозиёни исломовар ба анъанаҳои устувори қавмҳои ғайриараб муносибати муътадил доштаанд. Ҳатто дар пояи анъанаҳои ҳадябахшии сосониён волиёну амирони иқлимҳои гуногуни исломоварда дар охири ҳукмронии Умавиён ва оғози хилофати Аббосиён ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим мекардаанд. Аввалин касе, ки ба халифагон ҳадяи наврӯзӣ овардааст, сипоҳсолори арабӣ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ будааст. Ва сарчашмаҳо таъкид кардаанд, ки нависанда Аҳмад ибни Юсуф ба халифа Маъмун сабаде аз тиллоро тақдим кардааст, ки арзиши онро даҳ миллион дирҳам муайян кардаанд. Илова бар ин, як идда шоирон, ба мисли ал-Буҳтурӣ, Шариф Разӣ, Мутаннабӣ, Ибни Румӣ, Абӯтамом, Ибни Муътазз ва дигарон дар ашъори худ дар мавзӯи иди Наврӯз қасидаҳо сурудаанд. Чунин шакл гирифтани муносибатҳо амри табиист, зеро бунёди давлати Аббосиён аслан дар зери таъсири шадиди аносири давлатдории Сосониён таъсис ёфт ва пойтахт аз Димишқ ба Бағдод интиқол ёфт. Беҳуда нест, ки ховар­шиносони ғарбӣ зуҳури хилофати Аббосиёнро дар фарҳанги мусулмонӣ аслан империяи нави Сосониён (New Sasanid Empire) ба забони арабӣ муаррифӣ кардаанд. Ҳузури унсури эронӣ дар низоми давлатдории хула­фои аббосӣ ниҳоят таъсиргузор буд. Барои меросбарони давлати Сосо­ниён бо ҳар роҳу васила нигоҳ доштани ҳангомаҳои империявӣ ҳатто дар матни фарҳанги мусулмонӣ ҳам авлотар аз ҳама чизи дигар буд. Пас, бархӯрду ихтилофот дар атрофи платформаи миллию фарҳангии Наврӯз дар кадом масъалаи муҳиме реша дорад?

Тавре медонем, оташи бузурги наврӯзӣ ҳамроҳи Яздигурд ибни Шаҳриёр ба шаҳри Марв интиқол ёфту ниҳоят бо марги охирин подшо­ҳи сосонӣ нопадид шуд. Вале бархӯрду ихтилофоти арабу аҷам ба масъалаи оғози солшумории ҳиҷрӣ рабт дорад. Тибқи маълумотҳо то замони солшумории ҳиҷриро ҷорӣ намудани халифа Умар ибни Хаттоб гоҳшуморӣ ва боҷситонии наврӯзӣ дар олами ислом мутадовил будааст. Агар ҳисобҳои нуҷумии наврӯзӣ дар асоси гардиши Замин дар атрофи Офтоб табақабандӣ карда мешуд, пас солшумории ҳиҷрӣ дар асоси гардиши Моҳ дар атрофи Офтоб барои дарёфти санаи дурусти оғози идҳои мусулмонӣ муайян мегардид. Тасаллути комили арзишҳои мусул­мо­нӣ дуҳокимиятиро дар масъалаи солшуморӣ ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул намекард. Аз ҷониби дигар, ба расмият даромадани солшумории ҳиҷрӣ боиси рушди илми нуҷҷум гардид. Бунёди расадхонаҳо ва интихоби мавзеъҳои баланди кӯҳӣ бо ин мақсад барои ошкор намудани асрори нуҳуфтаи фарҳангҳои миллӣ дар иқлимҳои ғайриарабии дору-л-ислом мусоидат кард. Аён гардид, ки тоҷикон дар қаламрави ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр таҷрибаи андӯхтаи бештаре доир ба шинохти таъсиргу­зории «сабъа самовотин ва-л-арз» бо табиати фусункор доранд ва шинохти паҳлӯҳои худвежаи фарҳанги наврӯзии тоҷикон ҳангоми футӯҳоти исломӣ дар шаҳрҳои Варорӯд иттифоқ афтодааст. Дар ин бобат маълумоти арзишмандеро сарчашмаи муҳими хаттӣ бо номи «Таърихи Бухоро» то ба рӯзгори мо расонидааст. Ин асар аслан бозгӯкунандаи воқеияти бархӯрд, шинохт, мутобиқшавӣ ва омезиши хамирмояи тавҳиди исломӣ ва қудсияти Наврӯз дар сарзамини ниёгони мо будааст. Ҳамин ду унсур барои сиришти фарҳанги тамоман нави миллӣ дар қабои сабзи наврӯзию исломӣ саҳми мондагор гузошта, абадулобод забони тоҷикиро ба абзори муҳими фарҳангсолор дар тамаддуни исломӣ мубаддал сохтааст.

***

Навруз СуманакАммо ҷамъбасти маълумоти достону устураҳои тоисломиро дар бораи ин ҷашн мухтасар чунин баён кардан мумкин аст: замони баргузо­рии Наврӯз оғози фасли баҳор аст ва асрори мантиқии он ҳам ба ҳамин мавсим сахт бастагӣ дорад. Ченаки  фарора­сии Наврӯз аз лаҳзаи эътидо­ли баҳорӣ оғоз мешавад. Тибқи донишҳои ситорашиносӣ эътидо­ли баҳорӣ дар нимкураи шимоли замин ҳамон лаҳзаеро ифода мекунад, ки Офтоб аз сафҳаи истивои замин мегузарад ва ба сӯйи шимоли осмон меравад. Ин лаҳза лаҳзаи аввали бурҷи Ҳамал номида мешавад ва дар тақвими ҳиҷрии хуршедӣ бо нахустин рӯз (ҳурмуз ё урмуздрӯз) аз моҳи фарвардин баробар аст. Вожаи Наврӯз дар ду маъно ба кор меравад: Наврӯзи умумӣ – рӯзи оғози эътидоли баҳорӣ ва оғози соли нав; Наврӯзи махсус рӯзи шашуми фарвардин бо номи «рӯзи хурдод». Суғдиёну хоразм­шоҳиён аз Наврӯз ба унвони Навсорид (نوسارد), яъне Соли нав ном мебурданд. Маншаъ ва замони пайдоиши ҷашни Наврӯз дақиқан маълум набошад ҳам, вале бархе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Ҷамшед ва сарчашмаҳои дигар Каюмарсро поягузори Наврӯз муаррифӣ карда­анд. Масалан, падид омадани Наврӯз дар «Шоҳнома» чунин ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барояш тахте гузоранд ва худаш бо тахте заррин бар болои он тахт бинишаст. Ва баробари расидани нури Хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданду он рӯзро рӯзи нав номиданд. Дар асоси ҳамин қабил ривоятҳо пайдоиши Наврӯзро мансуб ба замони Пешдодиён ва Ҷамшедро бунёдгузори он донистаанд. «Нав­рӯз­нома»-и Хайём ҳам пайдоиши Наврӯзро ба замони Ҷамшед ҳамчун инсони нахустин дар асотири Маздиясно маънидод кардааст. Ривоятҳои дигари таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулис­тон ва фарҳанги кишоварзии байни дарёҳои Арванд (Диҷла) ва Фурот нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоятҳо ривоҷи Наврӯз дар Эроншаҳр ба 538 сол пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Бузург ба Бобул бозмегардад. Ҳамчунин дар бархе аз сарчашмаҳо Зардушт ба ҳайси бунёдгузори Наврӯз ном бурда мешавад. Вале дар Авасто (ба хусус дар Готҳо) аз Наврӯз номе бурда нашудааст. Нигораҳои зиёде, ки дар тахти Ҷамшед ба ёдгор мондааст, маросими пешкаш кардани ҳадяҳоро ба подшоҳон таҷассум намудааст, ки онро ба Наврӯз марбут медонанд. Куруши дуюм, ки асосгузори давлати Ҳахоманишиниён дониста мешавад, соли 538 пеш аз мелод Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз баланд бардоштани рутбаи сарбозон, поксозии ҷойҳои зисти ҳамагонӣ ва хонаҳои мардум ва бахшидани гуноҳи маҳкумонро иҷро менамуд. Ин ойинҳо дар замони подшоҳони дигар низ риоя мешудааст. Ва аз замони подшоҳии Дорои якум баргузории ҷашни Наврӯз дар тахти Ҷамшед оғоз гардидааст. Хулосаи муҳақкиқон дар заминаи омӯзиши нигораҳо ва сангҳои навиштадор дар тахти Ҷамшед бар он далолат мекунад, ки мардум дар даврони Ҳахоманишиниён бо Наврӯз ошнои комил доштанд ва онҳо ин ҷашнро бо шукӯҳу бузургии вежа пешвоз мегирифтаанд. Собит шудааст, ки Дорои якуми ҳахоманишӣ соли 416 пеш аз мелод тангаҳои тиллоие сикка задааст, ки дар як тарафи он акси сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҷашни Наврӯз дар ин давра рӯзҳои 21 исфанд то 19 урдубиҳишт барпо мешудааст. Нигораи маросими пешкаш кардани ҳадяҳо ба подшоҳони ҳахоманишӣ дар тахти Ҷамшед ҳам далели шайъии бузург аст. Таҳлили муқоисавии ҷашнҳои мардумии ориёӣ ва қибтӣ шаҳодат медиҳад, ки ин ду ҷашн ба ҳам таъсиргузор будаанд. Наврӯз дар аҳди қадим тавассути Дориюши бузург дар кишвари Қибт ҳам густариш ёфтааст. Дар таҷрибаи гоҳшуморӣ ва шинохту ченаки вақт порсиён аз қибтиён баъзе чизҳоро омӯхтаанд ва дар ойинҳои наврӯзӣ ҳам таъсири унсурҳое аз қибтиён ворид шудааст.

Ба иттилои муҳаққиқон дар замони Ҳахоманишиҳо подшоҳон Наврӯзро дар тахти Ҷамшед барпо медоштаанд. Ба ақидаи бостонши­носи фаронсавӣ Гершман дар тахти Ҷамшед ҳама чизи зарурӣ барои бузургдошти Наврӯз бино шудааст. ӯ нигораи машҳури тахти Ҷамшедро чунин шарҳ додааст: «Пеш аз анҷоми ташрифоти ҷашни Наврӯз бузургони шоҳаншоҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва дар дашти васеи Марвдашт, ки рӯди Палвор аз миёни он мегузараду дар қисмати ғарбии тахти Ҷамшед қарор дорад, ҳазорон хайма мезаданд. Дар намои пилакони тахти Ҷамшед ашхосе, ки дар ташрифоти Наврӯз ширкат доранд, нишон дода шудаанд. Дар ин сангҳои барҷаста намояндагони 23 миллати тобеи шоҳаншоҳӣ ва дарбо­риёни порсӣ ва модӣ ҳамроҳ бо аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбо­зони шӯшӣ (шустарӣ) дида мешавад.

Гиромидошти Наврӯз дар замони ҳукмронии Ашкониён ва Сосо­ниён низ дар сатҳи зарурӣ таҷлил мешудааст. Дар ин муддат ҷашнҳои зиёде дар тӯли сол баргузор мешудааст, ки дар байни онҳо Наврӯз ва Меҳргон ҷойгоҳи сазовор ва барҷастае доштааст. Ҷашнгирии Наврӯз дар аҳди Сосониён на камтар аз 6 рӯз идома мепазируфт. Сосониён Наврӯзро ба ду давра тақсим мекардаанд: Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма панҷ рӯз тӯл мекашид ва аз 1 то 5 фарвардин гиромӣ дошта мешуд. Ва рӯзи шашуми фарвардин – Хурдод­рӯз ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мешуд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум – деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф ба дидори шоҳ меомаданд. Ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум шоҳ аз ҳаққи адои мушкилоти табақаҳои гуногун фориғ мешуд ва дар ин рӯз танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури вай меомаданд.

Ба шаҳодати сарчашмаҳо дар даврони Сосониён солҳои кабиса риоя намешудааст. Бинобар ин Наврӯз ҳар чаҳор сол аз мавъиди аслии худ – оғози бурҷи Ҳамал ақиб мемонд. Ва дар натиҷа замони баргузории Наврӯз ҳамвора собит набудааст ва дар фаслҳои гуногуни сол ҷорӣ будааст. Ардашери Бобакон бунёдгузори силсилаи Сосониён дар соли 230 мелодӣ аз давлати Рум, ки дар натиҷаи ҳуҷуми вай шикаст хӯрда буд, дархост намуд, ки Наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишиносанд. Ин дархост мавриди пазируфтории румиён қарор гирифт ва Наврӯз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal маъруф гардид. Ҳамчу­нин дар аҳди Сосониён 25 рӯз пеш аз оғози баҳор дар дувоздаҳ сутун, ки аз хишти хом барпо мекарданд, намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ – биринҷ, гандум, ҷав, нахӯд, арзан ва лӯбиёро мекоштанд ва то рӯзи 16 фарвардин сабзиши онҳоро назорат мекарданд. Ҳар кадом аз ин гиёҳон, ки бештар нашъунамо мекард, дар он сол ҳатман ҳосили нағз медод. Аз ҳамин вақт ба ҳамдигар об пошидани мардум бомдоди рӯзи Наврӯз ба ҳукми анъана даромада буд. Ва аз замони Ҳурмузи аввал дар шаби Наврӯз оташ равшан кардан ба расмият даромад. Аз замони Ҳурмузи дуюм бошад расми додани тангаи сикка ҳамчун идона роиҷ гардид. Вале аз таҳлилу баррасии сарчашмаҳо пайхас бурдан мумкин аст, ки солҳои футӯҳот бархӯрди сипоҳиёни ислом бо вежагиҳои устувори наврӯзӣ дар қисмати Варорӯд бештар ба мушоҳида расидааст.

***

Наршахӣ ҳангоми муаррифии Варахша – яке аз деҳаҳои бузурги Бухоро маълумоти ҷолибе дар бораи кохи ободоне, ки 1000 сол пеш аз ин бино ёфтааст, пешниҳод мекунад. Дар замони Исмоили Сомонӣ ин кох вайрону муаттал будааст. Амир мардумони ин деҳаро хонда, чунин пешниҳод мекунад: «Ман бист ҳазор дирам ва чӯб бидиҳам ва сохтагии он бикунам ва баъзе иморат бар ҷой аст, шумо ин кохро масҷиди ҷомеъ созед». Он мардумакони деҳа нахостанд ва гуфтанд, ки «масҷиди ҷомеъ дар деҳаи мо рост наояд ва раво набошад» («Таърихи Бухоро», с. 45). Сабаби чунин посух додани мардумро муаллиф чунин шарҳ додааст: «Ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯзе бозор аст. Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро «Наврӯзи кишо­вар­зон» гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигаҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврӯзи муғон» баъд аз он ба панҷ рӯз бошад.

Дар фасли «Зикри бозори Мох» бошад муаллиф зикр мекунад, ки дар «Бозори Мохрӯз» ҳар сол ду бор ва ҳар боре якрӯзӣ бозори калон барпо мешудааст. Дар ин бозор миқдори зиёди бозичаи бачагон ва бут ба маблағи зиёда аз панҷоҳ ҳазор дирам ҳар рӯз фурӯхта мешудааст. Ин бозорро дар даврони қадим подшоҳи Бухоро бо номи Мох сохтааст, ки рӯзҳои бозор худаш дар тахт нишаста аз ҷониби мардум харидорӣ шудани бутҳоро назорат мекард. Ин оташхона то ба вақти ислом барҷой будааст ва мусулмонон онро ба масҷид табдил доданд. Имрӯз ин мавзеъ қасри Ситораи Мохи Хоса ном дорад.

Дар хабари манзилҳои подшоҳони Бухоро аз қадим будани одати оташи азим афрӯхтан дар «шаби сурӣ» сухан меравад. Ин ҳамон чоршанбеи сурӣ аст, ки дар чоршанбеи охири моҳи исфанд ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Мардуми тоҷик гулханҳо афрӯхта аз болои он парида чунин мегуфтанд: «Зардии ман аз они ту сурхии ту аз они ман» ва он имрӯз низ роиҷ аст.

Дар ислом овардани Бухоро Қутайба ибни Муслим ширкати фаъол доштааст. Вале бояд донист, ки бо сабаби сахт устувор будани анъана­ҳои миллии наврӯзӣ ин шаҳр чаҳор маротиба фатҳ шуда, мардумаш боз дигарбора муртад гаштаанд. Чизи муҳими дигар он аст, ки арабҳо иморатҳои ободи оташхона ва коху мавзеъҳои хуррамро асосан ба масҷид табдил додаанд. Чунин рафтор дар оташкадаҳои Ҳулбук, Пули Сангини Хутал ва қалъаи Шумони Ҳисор низ таҳаққуқ пазируфтааст. Аз ин ҷиҳат, вайрон шудани бутҳои хонаи Каъба ва Байту-л-Ҳаром номгузорӣ шудани он дар нимҷа­зи­раи Арабистон бо масҷиди ҷомеъ ном гирифтани масҷиду оташка­даҳои тоҷикон як умумияте доранд. Дар бунёди фарҳанги мусул­мо­нӣ арабҳо аз арзишҳои тоисломӣ, ба хусус маълумоти девони шоирони қасидасаро даст накашиданд. Пас табиист, ки таъсири рафтору гуфтор ва анъанаву одатҳои дар муҳити фарҳангии ҳамин маъбаду оташкадаҳо шаклгирифта аз хотираи тоҷикони мусул­мон­шуда низ зудуда нагарди­дааст. Густариши ҳукумати амирони сомонӣ дар тамоми қаламрави тоҷик­нишин арзишҳои миллии наврӯзиро дар муҳити созгори фарҳанги нав аз пештара пурҷилотар кард. Дар платформаи фарҳангии Сомониён муқаддасоти исломӣ бо арзишҳои миллии тоҷикон ҳеҷ зиддияту ихтилофе ба бор наовардааст. Дар як қитъаи тоза пайдошудаи шеъри устод Рӯдакӣ, ки ахиран дар матни дастнависи як тафсири Қуръон дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба даст омад, шаҳомати таҷлили Наврӯз дар дарбори Сомониён бисёр барҷаста тасвир шудааст:

Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан май ба забон бошу ба шамшер бирез,
Хуни аъдо, ба тавқеи қалам деҳ рӯзӣ.

Ҳамин муқаррарот ва пойдевори устувори фарҳангӣ, ки Сомониён ба мерос гузоштанд, то ибтидои асри ХХ ҳамчун ҳофизаи миллӣ на танҳо барои тоҷикон, балки барои худшиносии дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ низ хидматҳои шоёни таҳсин анҷом додаанд. Аз омӯзиши фар­ҳан­ги миллии наврӯзиҷавҳари тоҷикон ба осонӣ дарёфтан мумкин аст, ки арабҳо як идда суннатҳои мондагори ин ҷашни ниёгони моро, аз қабили дидору боздиди якдигар, яъне ба аёдати ҳам расидан, ба хотири ёди рӯҳи гузаштагон ҳозир шудан бар сари қабри мурдагон, мисли Наврӯз дар муддати 12 рӯз анҷом ёфтани маносики ҳаҷ, силаи раҳм, додани савғоту туҳфаҳои идӣ барин падидаҳои башардӯстонаи ин ҷашни покиро дар идроку ахлоқи динию фарҳангии худ бипазируфтаанд. Ин нишона­ҳои инсонпарварона аз асолати фарҳангсолории Наврӯзи хуҷас­та­пай муждаи ҷовидона медиҳад.

***

Чун дар оғози асри ХХI Парвардигори Худованд бо лутфу карами бениёзи Худ Ҷумҳурии Тоҷикистони биҳиштосоро дар шароити озодӣ ва соҳибихтиёрӣ андаруни ҷаридаи харитаи сиёсии олам бо хатҳои заррин ҷойгузин намуд, бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунё­ди башарият аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмила­лӣ гирифт. Пас саволе ба миён меояд, ки чӣ таҳаввуле дар шинохти ин ҷашни хусравонӣ дар даврони рушди технологияҳои баланд ба вуқӯъ пайваст, то падидаи тоҷикии Наврӯз шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд?! Ин ҷо чандин омилҳои муассире нуҳуфта аст, ки ошкор наму­да­ни онҳо барои имкониятҳои илми муосир кори чандон мушкиле нест. Зарур он аст, ки хурду калони қишру табақаҳои гуногуни Ватани азиз бояд аз ҷавҳари табъи худододи ниёгони худ дар дуриҳои дури умқи таърихи башарият огоҳ бошанд. Ба назари мо, ин ҷо якчанд омилҳои барозандаи гузаштаи ташаккули Наврӯз нақши меҳварӣ бозиданд:

Якум, соҳибони Наврӯз дар пояи зиндагии заминии худ муқаррар карда тавонистанд, ки Замин дар атрофи Офтоб дар тӯли 365 рӯз як бор давр мезанад ва ҳар сол ҳангоми чунин гардиш чаҳоряки рӯз ё аниқтараш 5 соату 48 дақиқа захира мешавад. Ҳар чаҳор сол ин соатҳои захирашуда тақрибан як рӯзи комилро ташкил медиҳанд ва соли як рӯзи зиёдатидошта соли кабиса номида мешавад. Ин мушоҳидаҳои ахтар­ши­носӣ барои дуруст тарҳрезӣ кардани фаъолияти кишоварзӣ, муносибат ба муҳити зист, таъсири бад нарасонидан ба иқлим ва дар ниҳояти кор таъмини амнияти иқтисодию озуқавории бошандагони олами куҳан мусоидат мекард. Баъдтар дар даврони Ҷалолуддин Маликшоҳи салҷуқӣ  як гурӯҳ ситорашиносон гоҳшумории хуршедиро дар асоси фаъолияти расадхонаҳо муайян карданд ва оғози Наврӯзро дар якум рӯзи бароба­рии фасли баҳор собит сохтанд. Ин гоҳшуморӣ бо номи тақвими ҷалолӣ машҳур аст ва барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар намуд, ки ҳар чаҳор сол миқдори рӯзҳои солро ба ҷойи 365 рӯз 366 рӯз дар назар бигиранд. Ин гоҳшуморӣ аз соли 392 ҳиҷрӣ оғоз гардид ва дар айни замон дуруст будани таҷрибаи рӯзгори беш аз шаш ҳазорсолаи ниёгони Наврӯзсиришти моро илман тасдиқ кард.

Дуюм, ойини Наврӯз ба оби равон, захираҳои обӣ ва барфу пирях­ҳои кӯҳӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро бо мафҳуми об зинда­го­нии бофароғат, ободонӣ ва обод кардани деҳу шаҳристону шаҳрҳо тавъам аст. Беҳуда нест, ки фарҳанги Наврӯз дар соҳили дарёҳои Омӯву Сир ва Диҷлаву Фурот ва суннатҳое монанд ба Наврӯз дар соҳили дарёи Нил ташаккул ёфтанд. Дуруст донистани рӯзи оғозини Наврӯз ба­рои муайян кардани сатҳи оби дарё, обхезӣ ва берун андохтани лойи ҳосиловар ба заминҳои шолизори соҳили дарё аҳамият дошт ва ҳосилро зиёд мекард. Дар шароити кӯҳсор бошад, мардум аз вазъи боқӣ мондан ё об шудани захираҳои барф обу ҳавои деҳаҳои кӯҳӣ, нигоҳубини боғистонҳо ва парвариши ҳайвонотро ба нақша мегирифтанд. Таҷриба нишон медод, ки ҳисобу китоби дақиқ дар афзун гардидани ризқу рӯзии мардум мусои­дат мекард ва ба таъбири имрӯза рушди устувори ҷомеаҳои онвақтаро таъмин мекард. Ҳамин ҷиҳати масъала ба қудсият пайдо кардани падидаи Наврӯз заминаҳои пурарзиш фароҳам сохтааст.

Сеюм, илми муосир аз баландиҳои технологияҳои пешрафтаи худ ин дастовардҳои Наврӯзро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба поягузорони ин фарҳанги асил эҳтироми махсус қоил гардидааст. Ва ҳар сол дар рӯзи 21-уми март ҳамчун Иди байнал­милалӣ таҷлил гардидани Наврӯз манбаи тафохури миллати тоҷик аст ва моро водор менамояд, ки дар шинохту муаррифии ҳарчи бештари ин ганҷури ниёгон корҳои арзандаи таҳқиқотиро анҷом бидиҳем.

Гоҳо масъалаи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи хуҷастапай сабаби барангехтани баҳсҳои шадиде байни диндорон, ба хусус пайравони ҷара­ён­ҳои тундгаро бо тарафдорони ҷомеаи шаҳрвандии дунявӣ мегардад. Муносибати булҳавасонаи баъзе намояндагони қишру табақаҳои ҷумҳу­рии мо ба анҷом додани иду маросимҳои динию мардумӣ дар кишварҳои аврупоӣ, арабию туркӣ, эронию афғонӣ ва ҳиндию синдӣ то андозае хусусияти ифротӣ касб кардааст, ки ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои гӯё сирф исломӣ, ки дар асл тобишҳои қавии миллӣ доранд, баъзан баробари оғози фасли баҳор ба арзишҳои волои миллию фарҳангии Наврӯз ончунон ҳамлаҳои сарсахтонаи иртиҷоӣ ба амал меоранд, ки гӯё мавҷудияти ин ҷашни ниёгони мо аркони устувори исломро аз беху бунёдаш маҳв мекарда бошад. Ҳар сол посдорони дину эътиқод ва пуштибонони миллату фарҳанг ҳадди ақалл як бор перомуни ин масъала табодули бефоидаи фикру андеша менамоянд. Ва ҳар бор исбот карданӣ мешаванд, ки Наврӯз иди мусулмонӣ нест. Дуруст мегӯянд: Наврӯз на танҳо иди мусулмонӣ нест, балки аслан ҷашнест, ки ҳеҷ пайванде бо ҳар гуна арзишҳои динӣ надорад. Омӯзиши муқоисавии назар­сан­ҷиҳо собит менамояд, ки муносибат ба идҳои миллӣ ва арзишҳои дунявии қавиано­сири ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон торафт хусусияти мазҳабӣ касб карда истодааст. Муш­ки­ли дигар он аст, ки на танҳо динтарошони ифротӣ, балки рӯҳо­ниё­ни муътадил ҳам гароиши тамоюл пайдо кардан ба ақидаи аввалӣ доранд. Кор то ҷойе шакли буҳронӣ мегирад, ки бегумон шубҳае ба миён меояд, ки чунин рафтор гӯё хусусияти фармои­шӣ ва таъсиргузории беруна дошта бошад. Аламовар он аст, ки то вожгун шудани аморати Бухоро ин ҷашни меросӣ бо тамоми ҷузиёти сазовор ба он таҷлил карда мешуд ва фуқаҳову уламои он даврон ҳеҷ гоҳ забони такаллуми шиква дар масъалаи Наврӯз накушуда буданд. Дар даврони ҳокимияти шӯравӣ дар мушкилтарин шароит ҳам ин ҷашн дар деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон бо содатарин шакл зери номи «Деги дарвешон» ва ё «Дарвешона» баргузор мешуд. Пас, магар дар даврони рушди мустақилона беҳтар он нест, ки Наврӯзро ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашн­ҳои барҷомондае аз даврони бостони ниёгони пурифтихор бо ҷум­лаи ҷузиёташ эҳё карда, ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Март 23, 2017 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода