Нуралӣ Нурзод: «Наврӯз ҷашни офариниш, таваллуди инсон ва паёми зиндагисози ворисони он ба ҷаҳониён аст»

Март 17, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 17.03 .2017 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз –ин ҷашни бостонии мардуми тоҷик фаро мерасад ва саросари кишвари офтобрӯяи мо аз файзи ин иди аҷдодӣ баҳра хоҳад гирифт. Мо ба муносибати ин иди ҷаҳонӣ доир ба сарнавишти Наврӯзи куҳан, таҷлили нахустини Наврӯз дар масири таърих, эҳёи падидаҳои наврӯзӣ дар замонҳои пеш ва муосир бо шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Нуралӣ Нурзод суҳбат намудем.

А. Раҳмонӣ: Дар оғоз мехостам аз сарнавишти Наврӯз ва чигунагии зуҳури он суҳбат кунем. Бештар ин ҷашни куҳани аҷдодии моро ба унвони оғози офариниш ва ҳатто рӯзи милоди нахустинсон шинохтаанд ва шояд ҳамин фазилатҳо буд, ки онро дар саросари олам ба унвони як ҷашни ҷавобгӯ ба ниёзҳои кулли инсоният эътироф намудаанд. Ба назари Шумо чӣ боис шуд, ки Наврӯзро ҷашни офариниш бихонанд ва милоди инсониятро бар он пайванд созанд?

Нуралӣ Нурзод: Ҳузури Наврӯз ба унвони ҷашни шодиҳо ва пирӯзии рӯшанӣ ба зулмат дар устураи фарҳанги мардумони меросбари он бегумон ба замони оғози зиндагонии башарият пайванд мегирад. Ба иттифоқи он ки дар куллияи забонҳои куҳан Наврӯз ба гунаҳои ба ҳамдигар наздики «навсард» дар суғдӣ, «нукруч» дар паҳлавӣ ва арабии найрӯзро соҳиб аст, шарҳу тафсири аслии он ҳамон як таъбири рӯзи навро муқаррар месозад. Донишманд ва муҳаққиқи барҷастаи забон ва фарҳанги куҳани ориёӣ Фаридуни Ҷунайдӣ асли ин ҳамсониву ҳамнавоии вожаи «Наврӯз»-ро дар соири забонҳо ба ҷойгоҳи худи вожаи «рӯз» ва гунаҳои он пайванд дода, таъкид мекунад, ки ин ном (яъне, вожаи рӯз – Н.Н.) дар Авасто «роучангаҳ», дар форсии бостон «роуча», дар паҳлавии куҳан «руч», дар курдӣ «руҷ», дар форсии дарӣ ва Хуросон «Рз», дар форсии имрӯз «рӯз» ва дар кошонӣ, теҳронӣ, беҳдинӣ «ру» хонда мешавад. Аз сӯе он чӣ аз рӯз бармеояд, ҳамоно рӯшаноӣ аст, агар вожаи равшани форсии дариро бо «роучангаҳ»-и авастоӣ бисанҷем, пайдо мешавад, ки рӯз ҳамон рӯшан аст, пас Наврӯз рӯзи нав ё рӯшноии нав аст. Бо такя бар ин шеваи шинохти Ҷунайдӣ метавон қимати оғози Наврӯзро ҳамоно бори дигар бар офариниш марбут донист, ба замоне, ки рӯшанӣ аз болои зулмот пирӯз гардид ва нур дар олам падид омадаву рӯзгор шурӯъ шуд. Ҷолиб он аст, ки барои ифодаи Наврӯз бо иттико бар ҳамин манзалати ин ҷашни оғоз Ҷунайдӣ таъбири «ҷони ҷаҳон»-ро  истифода кардааст.

Дар канори ин, пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоҳи таърих, ки навъе рамзи эҳёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории унсурҳои табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист, ки дар сароғози маърифати гоҳшумории мардумони ориётабор, ҳатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне баҳору хазон қарор дошт. Шояд ҳамин омили барҷастаи ҳулули андешаҳои ниёкони мо бо маърифати офариниш ва асолати зуҳури Наврӯз омил омад, ки баъдан дар фарҳанги динӣ низ ин ҷашни бедориву шукуфоии табиат ва оини шодиҳо ба хилқати инсон ҳам пайванд касб намуд. Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмӯи шодиву сафо, бедориву иқдом дар халқи васоиле, ки инсоният берун аз ҳама маҳдудаҳои фикриву ақидавӣ ва сувариву ирқӣ бар он ниёз доранд, омил дар истиқболи он аз сӯи тамоми башарият ва пайванд бахшидани асли зуҳури он бо фалсафаи офариниш гардид. Ҳамин вижагиҳои хоси Наврӯз, чун ҷашни оғоз ва шурӯи зиндагонии табиат бо гузашти як сол дар қаламрави замин рабти онро ба фалсафаи офариниши инсон низ марбут гардонид ва дар натиҷа эътиқоде эҷод гардид, ки чун олам дар шаш лаҳза ё ба таъбири куҳан гоҳанбор офарида шуда, дар охирин аз ин замонҳо хилқати инсон сурат гирифта, пасон зиндагонии башарият оғоз ёфт, ҳамон рӯзро ба унвони сароғози рӯзгори инсонӣ дар рӯи замин, рӯзи шурӯи ҳастӣ  хонданд ва пайваста ба таҷлили он чун ҷашни Наврӯз пардохтанд. Пажӯҳишгари эронӣ Куруши Некном бо такя бар ҳамин ҷанбаҳои  пайванд бахшидани ҷашни Наврӯз ба эътиқодоти ниёкони мо бо фалсафаи офариниши инсон ҳақиқати ин амрро ба гунаи зайл тавзеҳ дода, омили таҷлили онро чун ҷашни хилқат ва оғози ҳастӣ чунин маънидод кард: «Бад- ин тартиб нахуст инсон, сипас об, замин, гиёҳҳо, ҷонварон ва дар поёни чаҳраи  шашум, ки панҷ рӯзи охири сол дар назар аст, инсон офарида шуд ва пайдоиши  инсон, такомул дар офариниш ба марҳилаи тоза расид ва аз он пас инсони андешаманд бо баҳрагирӣ аз шароити муносибе, ки аз пеш барояш фароҳам шуда буд, зиндагии худро дар замин оғоз намуд.  Гузаштагони андешаманди мо ба поси арҷ ниҳодан ба пайдоиши инсон – комилтарин хилқати Аҳурамаздо ҷашни бузурги Наврӯзро  бо шукӯҳе физоянда ва фарогир барпо доштанд. Чун бо офарида шудани инсон марҳилаи тоза дар ҷаҳони ҳастӣ оғоз гардида буд ва инсон бояд таваллуди худро ҷашн бигирад ва бо сипосгузорӣ ба ниёиши офаридгори худ бипардозад».

Аз муҳимтарин омили иртиботи Наврӯз бо офариниш ва хилқати одам зикри нукоте марбут бар нахустин инсон– Каюмарс дар китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём маҳсуб меёбад, ки ҳарчанд кашф ва дарёфти ин рӯзро ба Ҷамшеди каёнӣ интисоб медиҳад, аммо баробари ин менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс, аввалин мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърихро созад, то мардумон онро бидонанд, бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад. Мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва фармуд, ки таърихро аз инҷо оғоз кунанд. Мӯъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гӯянд, ки чун Каюмарс ин рӯзро оғоз кард ҳар солро офтобро; ва чун як даври офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рӯз; ҳар яке аз онро номе ниҳод ва ба фариштае боз баст, аз он дувоздаҳ фаришта, ки Эзади Таборак ва Таъоло эшонро ба олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯзӣ аст, соли бузург ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани олам бошад.  Ва бар подшоҳон воҷиб аст, оин ва расми мулук ба ҷой овардан ва аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри хуррамӣ кардан таърихро ба аввали сол».

Баррасии татбиқи фалсафаи офариниш дар ҷомеаи адён ва макотиби фикрӣ ин амрро мусаллам мегардонад, ки ягонагии андешаҳо дар мавриди замони хилқати замину замон ва инсон дар онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар китоби муқаддаси яҳудиён «Таврот» ва аҳли ислом «Қуръони Маҷид» низ замони офариниш бар шаш рӯз муқаррар гардида, ки дар таъкиди ваҳдати фикрии дар шинохти фалсафаи офариниш зимни яке аз авомили истиқболи Наврӯзро ба унвони ҷашни хилқати инсон аз сӯи ҷаҳониён бозтоб мебахшад ва шояд ҳамин амр омили муассири ҳулули оину суннатҳои Наврӯзи Аҷам дар падидаҳои фарҳангии ақвоми мухталиф гардидааст.

Ҳамин тавр, агарчи ба таъкиди Ҳаким Фирдавӣ дар «Шоҳнома», Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ва Умари Хайём дар «Наврӯзнома» асли зуҳури Наврӯз ва бунёд ниҳодани он ба Ҷамшед нисбат дода мешавад, аммо бозгӯии асотир ва ривоёте дар заминаи тайнини гоҳшумории қадима ва  таҷлили ҷашни оғози офариниш аз сӯи Каюмарс чун нахустинсон дар тафаккури ақвоми ориёӣ ҳамоно Наврӯзро ба унвони оини бузурги бозгашт ба сӯи оғоз ва бузургдошти инсон муаррифӣ мекунад, ба таъбири дигар. Наврӯз ба ҳақиқат рӯзи таваллуди Инсон будааст, ки минбаъд соири ақвом бар он арҷ ниҳодаанд. Ва ҳатто агар ҳамин кашфи Наврӯзро аз сӯи Ҷамшед ба унвони рӯзи бар тахт нишастани ӯ  бипазирем, он ҳам дубора ба ҳамин фалсафаи оғози хилқат ва офариниш бармегардад, чун ба таъбири Артур Кристинсен, ки китобе роҷеъ ба Шоҳ Ҷамшед навишта, ӯ «нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр» будааст.  Агар ин нуктаро бипазирем, ки Ҷамшед нахустин шаҳриёр эътироф гардида, пас дар  китоби ведаҳои ҳиндӣ чун инсони аввалин  дониста шудани Ҷамшед (яъне йима) боз ҳам зуҳури ин ҷашнро ба нахустинсон дар тафаккури инсонӣ марбут мегардонад ва худи Наврӯзро бори дигар ҷашни таваллуди инсон ва зиндагонии башарият муаррифӣ менамояд.

А. Раҳмонӣ: Сароғози таҷлили Наврӯз ҳамчун ҷашни бедорӣ ва рамзи оғози зиндагонии инсоният ба кадом замони таърихӣ пайванд мегирад? Ба ибораи дигар, таҷлили Наврӯз дар масири таърих аз кай оғоз гардида ва то имрӯз чӣ бархӯрду истиқболҳоеро пешорӯ дошт? Кадом фазилатҳои фарҳанги Наврӯз сабаби истиқболи он аз ҷониби соири фарҳангу динҳо дар раванди таърих шудаанд?

Н. Нурзод: Мурур ба сарчашмашиносии эҷоди Наврӯз ва интишори он дар даврони мухталифи таърихӣ собит месозад, ки ҳарчанд ҷашни бузург ҳамчун замони ниҳодани оғози таърих дар тафаккури асотирии мардумони ориётабор мақом ва ҷойгоҳе дар андешаи ҷаҳонӣ касб намудааст, аммо ҳамоно ба ҳақиқат аз шурӯи таърих то акнун тавассути ҳамбастагӣ ва робитаи маҳкам касб карданаш бо ҷашну оинҳои ақвоми мухталиф баробари таъсиргузорӣ дар такмилаи тамаддуни инсонӣ худ низ таҳаввул ва такомул пазируфта, ба як намоди бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ бадал гардид. Ҳанӯз аз дергоҳи таърих оинҳои марбут ба Наврӯз бо таҷассуми густарда аз сунани ахлоқии созгор бар рӯҳияи мардумони мухталиф, чун оғози покизагии вуҷуди инсон дар заминаи кашфу маърифати асолати об, обпошӣ бо нияти  фаровонии ҳосил ва эҳтироз аз хушксолӣ, покиза нигоҳ доштани манзилу хонаҳо, шинонидани дарахтон ва парвариши сабза бо орзуи шукӯҳи сабзу хуррамӣ ва амсоли ин таъсиргузорӣ намудаанд, ки аз ҷумла иттилое роҷеъ ба таъсири ин оинҳо ба фарҳанги қадимаи бобуливу мисриву қибтӣ дар манобеъ рафта. Ба иттифоқи аҳли таҳқиқ оинҳои густардае аз Наврӯзи Аҷам ҳанӯз дар айёми ҳукумати Ҳахоманишиҳо ҷараён дошта ва ҳатто сарчашмаи нуфузи ҷаҳонӣ касб намудани ин ҷашни хуҷаста ва оинҳои мухталифи он ба айёми Дориюш пайванд мегирад, ки маҳз тавассути вай бархе аз оинҳои ҷашни оғози табиатро мисриён қабул намуданд ва бар ивази ин суннатҳо мардумони ин сарзаминҳои куҳани аҷдодӣ шеваҳои хоси гоҳшумориро дар ҷомеаи хеш татбиқ карданд.

Навруз Бог Навруз!-13

Фузун бар ин, нукоте дар робита ба таҷлили Наврӯзи бузург дар ин айём низ ҷой дорад, чун ба иттифоқи аҳли таҳқиқ макони аслии баргузории ин ҷашни хуҷаста дар рӯзгори эшон Тахти Ҷамшед будааст ва ин пеш аз ҳама, бозгӯи он аст, ки шоҳони Ҳахоманишӣ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи ба унвони мерос аз Ҷамшед бозмондаро дар айёми хеш тадовум намуда, ҳамзамон падидаҳои тозаи фарҳангиву инсонӣ бар он аз худ афзудаанд.  Ба навиштаи муаррихони ин рӯзгор ҳанӯз дар замони Куруши дувум, мушаххасан дар соли 538 қабл аз милод  Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ эълон шуда, барномаҳои хосае барои таҷлили он муқаррар гардидаанд,ки аз ҷумлаи онон покизаву тоза намудани хонаву манзилҳо, бахшидани гуноҳон, ҳадяҳо додан ва амсоли ин ба шумор меоянд. Баъдан, ин тадобири муҳим барои дар сатҳи миллӣ баргузории ҷашни Наврӯз аз сӯи дигар намояндагони ҳахоманишӣ, аз ҷумла Дориюши аввал давом  ёфтанд. Агар ин матлаби мазкур дар манобеъро ба унвони ҳақиқати таърихӣ бипазирем, пас шурӯъи таҷлили Наврӯз ба замони оғози салтанати ин хонадон аз сӯи бунёдгузори онҳо Куруши Кабир рост меояд, ки тибқи ривоёт аз айёми ҳамлаи ӯ ба Бобул оғоз ёфт ва ин ки бархе муаррихон зуҳури Наврӯзро аввал дар ин сарзамини куҳан хондаанд, пайванд бар ҳамин нуктаи муҳим дорад, яъне Наврӯзро Куруши Кабир бо худ ба Бобулистон бурд ва оинҳои онро миёни ин мардум ҷорӣ кард. Ҳамин тавр, ба шаҳодати Эрнест Ҳертелсферд, бо фармони Дориюш аввал кохи Ападоно дар тахти Ҷамшед маҳз барои баргузории чунин ташрифоти давлатӣ ва таҷлили Наврӯз бунёд шудааст. Дар соли 416 қабл аз милод  ӯ ба истиқболи таҷлили ҷашни Наврӯз сиккаи тиллоие офарид. Бар асоси катибаҳои бозмонда аз замони Ҳахоманишиён замони баргузории ҷашни Наврӯз миёни 21 исфанд то 19 урдибиҳишт муқаррар шуда ва  идомаи таҷлили он дар моҳи урдибиҳишт бад- он хотир буда, ки шукӯҳи фасли баҳор ва шукуфоиву сабзиши он дар ин моҳ пурравнақтар ва муҷаллотар мегардидааст. Ҳатто яке аз аксҳое, ки дар кохи Ападонои тахти Ҷамшед боқӣ монда ва дар онҳо шахсе ба сурати дар сар сабади ҳадяҳое аз меваҳои мухталифу шир ва амсоли ин нақш бастааст, рамзи баргузории Наврӯз ва иҷрои расми ҳадяҳо овардан ба шоҳонро, ки расм  буда, шарҳу тафсир мекунад.

Таҷлили Наврӯз аз сӯи ин хонадони бузурги эронӣ дар тахти Ҷамшед эҳтимолан ба сарчашмаи зуҳури Наврӯзи бузург, дар рӯзи шашуми Фарвардин, ки Хурдодрӯз унвон дошта, маҷмӯан бо ҳузури густардаи мардум ва иҷрои бештар аз ҳафтдаҳ оин дар як рӯз ҷараён мегирифт, низ таъкид мекунад, ки ҳамакнун унвони Корвони Наврӯзиро ҳам гирифтааст.

Нуфузи ҷашну маросимҳои марбут ба фарҳанги Наврӯз минбаъд низ аз сӯи хонадонҳои меросбари он дар даврони Ашкониву Сосонӣ давом ёфта, баробари ин асари густардаи хешро ба фарҳангу оинҳои ақвоми дигар  идомат бахшид. Бар асоси сарчашмаҳои то имрӯз расида, баробари ғанои фарҳанги Наврӯз ба василаи афзудани оинҳо ва русуми махсуси марбут ба табиат, анҷоми корҳои ободгариву шукуфоӣ  ба тадриҷ шумори рӯзҳои таҷлили он меафзуда. Дар кутуби мухталифи таърихӣ таъкид шуда, ки дар даврони ашкониён ва Сосониён Наврӯз ба муддати шаш рӯз таҷлил мегардид. Фаротар аз ин, бо ибтикори бунёдгузори хонадони Сосонӣ Ардашери Бобакон таҷлили Наврӯз миёни румиён низ муравваҷ шуд. Иқдоми нависандагону адибони ин давр дар  сабти муҳимтарин падидаҳои фарҳанги Наврӯз дар сурати кутубе маъруф бо оинномаҳо аз таваҷҷуҳи амиқи ҷомеаи мардум дар ҳифзи арзишҳои ин ҷашни бузург паём мерасонад, ки дар баробари шарҳу тафсирҳои муҳимтарин русуми давлатдорӣ, оини номанависӣ, шеваҳои чавгонбозӣ ва амсоли ин маросимҳои  марбут ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои бузурги куҳан, мисли Меҳргону Садаро дар вусъати ин навъ осор ҷой додаанд, ки бархе аз онҳо дар аҳди аввали ислом аз сӯи мутарҷимон ба арабӣ тарҷума гардида, ҳамин гуна барои эҷоди осоре ба унвони наврӯзномаҳо дар адабиёти форсу тоҷик омил шудаанд.

Бар асоси нигоштаҳои муаррихон ҳанӯз аз аҳди аввали ислом истиқболи фарҳанги Наврӯз ба унвони ҷашни пайдоиши ҳастӣ ва таваллуди инсон ба мушоҳида мерасад. Таваҷҷуҳ ба таҷлили Наврӯз дар аҳди исломро ҳатто бархе муаррихон ва донишварон ба рӯзгори Паёмбари Ислом мансуб медонанд ва ҳатто ривояте ҳам ҷой дорад, ки  «Дар Наврӯз ҷоме симин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар ҳадя оварданд ва он Ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: иди бузурги эрониён аст, фармуд, оре дар ин рӯз буд, ки Худованд Ускураро зинда кард. Пурсиданд: Ускура кист? Фармуд: Ускура ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред ва мурданд. Сипас, ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки ба онон борон борад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуд. Сипас, аз он ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ қисмат карда, гуфт: Кош ҳар рӯз бар мо Наврӯз бувад». Дар бархе аз сарчашмаҳо аз паёмбари Акрам (с) нақл шудани ин ҳадис шояд пайванд ба ин ривоят  дорад, ки «Агар метавонед ҳар рӯзро Наврӯз кунед». Дар шарҳи ин ҳадиси Паёмбар муфассирон ва муҳаққиқон афзудаанд, ки яъне дар роҳи Худо ба якдигар ҳадя бидиҳед ва ё бо якдигар пайванд дошта бошед».

Мавлонои Балхӣ  низ дар «Маснавии Маънавӣ» ишорате бар ҳадиси дигари Расули Акрам (с) роҷеъ ба истиқбол аз боди баҳорӣ ва фоиз будан аз он мекунад:

Гуфт пайғамбар ба асҳоби кибор,

Тан мапӯшонед аз боди баҳор.

Он чӣ бо барги дарахтон мекунад,

Бо тану ҷони шумо он мекунад.

Тарҷумаи ҳадиси Паёмбар (с) чунин аст: «Боди баҳорро ғанимат шуморед. Пас, ҳамон коре, ки бо дарахтон мекунад, бо баданҳои Шумо низ ҳамон корро менамояд. Ва аз боди поиз бипарҳезед. Пас ҳамон коре, ки бо дарахтон мекунад, бар баданҳои шумо низ ҳамон таъсирро дорад».

Дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳам байте маъруф аст, ки ба гумони қолиб дар заминаи маърифати ҳамин ҳадис арзи ҳастӣ намудаву ба таркиби адабиёти шифоҳии мо шомил гардидааст:

Дар фасли баҳор баҳра бардор,

Дар фасли хазон худро нигаҳ дор.

Таваҷҷуҳ ба муҳтавои ҳикояте, ки ин ҳадис дар он нақл шудааст, ҳарчанд бозгӯи он аст, ки дар заминаи ин сухани муборак фаҳмиши фалсафии зиндагонии инсон ва баҳрабардорӣ аз фазилатҳои аҳсани умр қарор дорад, аммо таъкид барои борвар будан аз боди баҳорӣ ҳамчун паёми ин фасли хуҷаста гунае ба шинохти назокат ва ҷаззобиятҳои ин замони оғози бедории табиат мекунад, ки Наврӯз аслу мояи он маҳсуб меёбад.

Тибқи бархе аз ахбори расида, аз нахустин нафароне, ки  навъе ширинӣ ба унвони ҳадя дар рӯзи Наврӯз овард, бобои Имом Абуҳанифа, ан-Нуъмон ибн ал- Марзбон ба шумор мерафт. Воқеияти ин андеша, пеш аз ҳама, бар он пайванд мегирад, ки ниёкони  Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон аслан тоҷик ва меросбарони ин падидаи бузурги фарҳангӣ – Наврӯз буданд. Баъдан, ба мушоҳида мерасад, ки ситоиши Наврӯз дар ашъори шуарои арабизабони аҳди аввали ислом ва даврони дигар ба яке аз мавзӯоти меҳварӣ табдил ёфта, омили муассир дар зуҳури навъи қасидае маъруф бо баҳория мегардад.

Маҷмӯан ривоёт ва матолиби дар ин замина нақлшуда ҳамагӣ истиқболи аҳолии мусалмонро аз падидаҳои фарҳанги Наврӯз ба унвонии ҷашни ҷони ҷаҳон шарҳу тафсир мекунанд ва ҳатто ин пайванду унс ва иртиботи аҳли ислом ба Наврӯз ба ҳадде рифъат касб намуда, ки ба навиштаи устод Саид Нафисӣ «Рӯзи аввали фарвардин ҳамвора оғози Соли нави эрониёни қадим будааст ва ҳамеша онро Наврӯз ном ниҳодаанд ва дар рӯзи ид ба дӯстон ширинӣ фиристодаанд. Мардуми Суғд онро бо забони худ навсард, яъне соли нав номидаанд. Дар Эрони қадим одат будааст, ки дар ин ҷашн барои дӯстони худ ширинӣ мефиристоданд ва ин одат на танҳо дар Эрон боқӣ монд, балки миёни туркони усмонӣ роҳ ёфтааст ва онҳо дар «Иди фитр» барои дӯстони худ ширинӣ мефиристанд ва онро «шаккарбайрамӣ», яъне «иди шаккар» меномиданд». Нуктаи дигаре, ки ҳулули оинҳои наврӯзиро бо падидаҳои фарҳанги исломӣ ба субут мерасонад, ин байти устод Рӯдакист, ки аз таҷлили якҷояи ин ҷашни куҳан бо маросимҳои иди исломии Қурбон паём мерасонад:

Бод бар ту муборак хуншон,

Ҷашни Наврӯзу гӯспандкушон.

Беҳикмат нест, ки баробар ба нуфузи тамаддуни исломӣ бархе аз оинҳои ин ҷашни миллӣ тағйир пазируфтаанд, вале баробари ин нуфузи ин фарҳанги барозанда падидаҳои аҳсанеро низ ба раҳгузори оинҳои Наврӯзӣ ворид намудаанд, ки иттисолашон ба шоистагӣ миёни мардумони эронитабор истиқбол пайдо намудаанд. Аз диди дигар, идомати бархе аз унсурҳои қадимаи наврӯзӣ, ки бештар ба оинҳои куҳан мансубанд, бо аз даст додани ҷанбаҳои мазҳабии худ дар қаламрави ислом ҳам танҳо бо касби маъонии тозаи борвар аз ин фарҳанг тадовум пайдо намудаанд. Масалан, имрӯз ҳам дар тӯю маросимҳои мухталифи манотиқи Тоҷикистон расми оташафрӯзии наврӯзӣ ҷараён дорад, аммо осоре аз рӯйкардҳои фарҳанги куҳани динӣ дар он мавҷуд нест, балки онро ҳамчун як падидаи марсум дар фарҳанги миллӣ рӯи барпоии маросими издивоҷ фурӯзон мекунанд ва дар атрофи он баробари давр задани домоду арӯс дӯстону пайвандони онҳо зери навои даф мерақсанд.

А. Раҳмонӣ: Давраи кишвардории Сомониёнро дар таърихи фарҳанги миллии мо замони эҳёи Аҷам меноманд. Оё падидаҳои Наврӯзи куҳани ориёӣ дар ин замон дубора эҳё гардиданд ва чи тозагиҳое баробари нубуғи фарҳангии миллии мо дар ин замон ба таркиб ва батну матни ин ҷашни аҷдодӣ ворид гардид, ки онҳо имрӯз ҳам побарҷо ҳастанд?

Н. Нурзод: Бо ҳузури хонадонҳои миллии Тоҳириёну Саффориён ва баъдан Сомониён шукӯҳи Наврӯз дар қаламрави забони форсӣ, аз ҷумла шаҳрҳои бузурги Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд густардатар гардид. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ҳақиқати вуҷуди ин суннатҳои наврӯзиро зимни иттилоъ дар мавриди бозорҳои идона дар рустое аз атрофи Бухоро ба унвони Варахша чунин тавзеҳ додааст:  «Ва ин деҳаро дар понздаҳ рӯзе бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро «Наврӯзи кишоварзон»  гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигоҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврӯзи муғон» баъд аз он панҷ рӯз бошад».

Аз каломи ин муаррихи барҷаста пайдост, ки дар айёми салтанати ин хонадони тоҷикон агарчи оинҳои наврӯзӣ тавсеае пайдо кардаанд, баробари ин ин сулолаи фарҳангсолор дар ҳифзи асолати Наврӯз нақши муассир гузоштаанд, ки гуфтор аз Наврӯзи муғон ба ин шеваи кордории онон ишорат дорад. Наврӯзи кишоварзон имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик роиҷ аст. Ҳамасола 7 март дар баъзе рустоҳои Тоҷикистон ба унвони иди сари сол ҷашн гирифта мешавад ва маросимеро бо номи «ҷуфтбаророн» дар ин рӯз барпо мекунанд. Сурати ин оин тавре ҷараён мегирад, ки субҳи он рӯз мардумони рустоҳо нахуст ҷӯйҳоро тоза мекунанд, то барои омадани об омода бошанд. Баъдан бо ҳамоиши фаровони мардум маросими ҷуфтбаророн ё ҳамон Наврӯзи кишоварзон ибтидо мегирад. Нафаре аз мардони солхӯрда ё ба таъбири тоҷикон мӯйсафеде дар бари ҷомаи худ каме тухмии гардумро гирифта, баъд аз хондани дуои мардум дар як хат мепошад. Пас аз ӯ нафарони дигар он хатро тавассути гов ва бо истифодаи васоили қадима шудгор мекунанд, ки ин амалро тоҷикон «ҷуфт кардан» мегӯянд ва маросими мазкурро «ҷуфтбаророн» меноманд. Бо иҷрои ин кор тоҷикон ба мавсими кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшанд ва он нафаре, ки аввалин шуда, ба замин донаи гандумро мепошад, бобои Деҳқон меноманд. Аз ҳамин ҷост, ки дар суннатҳои наврӯзии тоҷикон бобои деҳқон ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст ва ӯ то ҷое ба ҳамон мири наврӯзӣ ҳам пайванде дорад. Ин маросим реша дар ҳамон Наврӯзи кишоварзон дорад, ки имрӯз танҳо он ҳам дар бахше аз манотиқи Тоҷикистон маҳфуз аст.

Дар баробари ин, зикр кардан ба маврид аст, ки аз китобхонаи ба номи Абурайҳони Берунии шаҳри Тошканд ва китобхонаи донишгоҳи Теҳрон нусхаҳои як китоби кӯчаки «Наврӯзнома» ё рисолаи Наврӯз мутааллиқ ба қалами Ҳакими Тирмизӣ, аз донишварони аҳди Сомонӣ пайдо шуд. Баъдан ин китобро Алӣ Акбар ибни Муллоҳусайн бо номи «Аҳволи Наврӯз» дар соли 1219 ҳ. ва Муҳаммад Шарифи Бухороӣ дар соли 1246 бо номи «Аҳкоми Наврӯз» китобат намудаанд. Ин рисола бо шеваи форсии роиҷ дар Фароруд ба қалам омада, ки баҳсе дар ин замина дар мақолаи  дигар аз ин ҷониб рафтааст, ки соли гузашта дар маҷмӯи мақолоти ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо номи «Суннатҳои наврӯзноманависӣ дар адабиёти форсии Фароруд» ба чоп расида буд. Ҳамин далели таърих ва сабки нигориши ин асар паём аз нуфузи фарҳангу суннат ва оинҳои Наврӯзӣ дар қадимтарин шаҳрҳои Фароруд мерасонад, ки намунаҳое аз мафоҳим ва истилоҳ, расму оини хоси он дар ин китоб  зикр ва шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Шоистаи ифтихори мо, тоҷикон аст, ки маҳз ҳамин шеваи нигориши наврӯзномаҳо боз ҳам аз ҷониби яке аз шоирони барҷастаи асри нуздаҳ Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ идома ёфт, ки он дар сурати назм иншо гардидааст.

Бо гузашти солҳо доири таҷлили ҷашни Наврӯз берун аз қаламрави сарзаминҳои аслии он густариш пайдо намуд. Бо ҳузури хонадонҳои мухталиф, ки аз қаламрави Фароруд ба марзҳои берун аз он ҳиҷрат намуда, кишвардорӣ ихтиёр карданд, суннатҳои Наврӯз дар он диёр низ побарҷо гардид. Аз ҷумла, дар қаламрави Ҳинд баробари аз дергоҳ ҷой доштани суннатҳои Наврӯз дар замони ҳукумати Ҷалолуддин Акбар, Ҷаҳонгир ва Шоҳиҷаҳон таҷлили шоистаи ин ҷашни куҳан ба мушоҳида мерасад. Чӣ дар китобҳои «Акбарнома», «Оини Акбарӣ», «Тузуки Ҷаҳонгирӣ», «Шоҳи ҷаҳоннома» ва дигар осори таърихии ин рӯзгор ба шукӯҳи таҷлили Наврӯз ишорат рафта, аз ҷумла аз баргузории маросими обпошӣ дар ҷашнгирии Наврӯз ёдоварӣ мешавад. Зимнан таъкид мешавад, ки маҷлиси гулобпошӣ  аз замони қадим ба обпошӣ машҳур аст. Абулфазли Алломӣ дар китоби «Оини Акбарӣ» аз 19 рӯз таҷлил гардидани Наврӯз дар айёми ҳукумати Акбар хабар додааст. Ин шеваи хоси таҷлили Наврӯз дар замони кишвардории Ҷаҳонгир низ идома ёфт ва ҳатто ҳар боби китоби «Тузуки Ҷаҳонгирӣ»-ро, ки ба муносибати 22 соли ҳукуматдории вай ба 22 фасл қисмат намудааст, ҷашни Наврӯз унвон намуда, вақоеи ҳар соли давлатдориашро аз шарҳу тавзеҳи оини баргузории Наврӯз оғоз мекунад, ки 18 рӯз идома ёфта, рӯзи нуздаҳум бо номи «Шараф» маросимҳои идона ба поён мерасиданд.

Ҳамин гуна, Наврӯз ҳамчун ҷашни офариниш ва зиндагонии дубораи табиат дар тамоми манотиқи мухталифи ҷаҳон, хоса қаламрави Хуросону Фарорудон, Ҳинд ва дигар сарзаминҳо таҷлил гардида, марҳила ба марҳила нусрату шукӯҳи тоза дарёфт ва то имрӯз расид. Шаҳомати Наврӯз дар қаламрави таърихи ин сарзамин аз он ҳувайдо мегардад, ки соири шуарову суханварони ин минтақа низ бо муҳаббати хоса ин  ҷашни бузургдошти оғозҳо ва шурӯи зиндагонии тозаро ҳамчун василаи баёни лаҳзаҳои шодмониву масаррати инсонӣ тафсир кардаанд.

Аммо бо таассуф дар даврони Шӯравӣ муддате таҷлили Наврӯз манъ гардид ва танҳо бо талоши зиёиёни тоҷик дар соли 1969 милодӣ ва бо исботи асолати таърихиву фарҳангии он дубора Наврӯз эҳё шуда, иҷозаи бузургдошти он расмият пайдо намуд. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шарҳу тавзеҳи хос ва бо ишорат ба хадамоти ин фарҳехтагон тазаккур ёфтааст: «Наврӯз дар замони дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будани Тоҷикистон чанде мамнӯъ буд, вале фарзандони ватанпарасту донишманди миллати мо, мисли устодон Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода барои эҳёи он кӯшишҳои зиёд карда буданд.

А. Раҳмонӣ: Ба назари Шумо кадом падидаҳои нодири Наврӯзи куҳан имрӯз ба шоистагӣ эҳё ва побарҷо гардиданд ва имрӯз ин ҷашни бузурги миллии мо то чӣ андоза ниёзҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеаи ҷаҳониро бароварда мегардонад?

Н. Нурзод: Марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз ва эҳёи суннату оинҳои он ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванди мустаҳкам дорад. Аз файзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт. Пешвои миллат дар яке аз мулоқотҳои хеш бо зиёиёни мамлакат барҳақ таъкид намуда буданд, ки: «Имрӯз истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд».

Мурур ба қаламрави таърихи тоҷикон ошкор месозад, ки гузаштагони мо тоҷикон бештари айём ҷашни Наврӯзро дар берун аз макону манзил ва ҳатто шаҳрҳо дар ҷойҳои вижае таҷлил менамуданд.  Имрӯз бо инояти Роҳбари давлати Тоҷикистон ин суннати пешиниён дубора эҳё шуда истодааст.  Давоми чанд соли охир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Данғара наврӯзгоҳҳое ҳамчун макони аслии баргузории оину суннатҳои наврӯзӣ бунёд гардида, бошукӯҳтарин кох ба номи «Наврӯз»  бо тарҳи нодиртарин падидаҳои фарҳанги куҳан ва  намоди ёдгории нодири наврӯзгоҳи «Тахти Ҷамшед»  қомат афрохт. Фузун бар ин, соли 2016 хотири эҳёи оини бузурги баргузории Наврӯзи бузург дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор маросими Корвони Наврӯз бо шукӯҳи махсус ва иҷрои беҳтарин падида ва суннатҳои наврӯзи мардумони манотиқи мухталифи Фароруди куҳан ва меросбарони ин унсури тамаддуни башарӣ доир гашт, ки аз ҳузури дубораи пурравнақи оинҳои ин ҷашни бостонӣ  ба сурати ҷадид паём мерасонад.

Дар канори ин ёдовар бояд шуд, ки манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз давраҳои қадим шеваҳои хоса дар таҷлили Наврӯз доштаанд. Аз осори таърихӣ равшан аст, ки таҷлили Наврӯз дар қадимтарин давлатҳои қаламрави Тоҷикистони имрӯз – Суғд ва Бохтар бо шакли махсус ҷараён мегирифтааст ва ҳамин гуна аз онҳо бо унвони «Наврӯзи Суғд», «Наврӯзи Хатлон», «Наврӯзи Бадахшон» ва амсоли ин ёд мекардаанд.

Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, муҳимтарин падидаи фарҳанги миллатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз хоҳад буд. Дар дарозои таърихи беш аз шашҳазорсолаи ҳузури худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонро бо ҷабрҳои санги таърих таҷрибакардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ во гирифт. Шояд ҳамин рӯйкарди муносибати таърихӣ бо миллату ақвом ва чунин доду ситадҳо буда, ки ҷаҳониён ҷашни бузурги мардумони форсизабонро ҳамчун фазилати беназири таърихӣ ва дастури бебадали ахлоқӣ барои тарбияти фикриву маънавии мардумон пазируфта ва имрӯз Наврӯз мунҳасир ба замону макон ва миллияту қавмият нест, балки Наврӯз муҳимтарин унсур ва рукни тамаддуни ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин матлаб дар суханронии Пешвои миллат дар анҷумани маҷмааи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳанӯз чанд сол қабл садо дода буд.

А. Раҳмонӣ: Соли гузашта ба ифтихори баргузории ҳамоииши кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзӣ бо ташаббуси Шумо китоби «Наврӯзномаи Суғд» ба чоп расид. Чӣ сабаб шуд, ки ба ин иқдом даст занед ва дар самти шинохти бештару пештари Наврӯз боз чӣ нақшаву ниятҳоро доред?

Н. Нурзод: Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоти анъанавии хеш бо зиёиёни мамлакат ба масъалаи эҳёи суннатҳои хосаи наврӯзии мардуми тоҷик ва тарғибу ташвиқи онҳо таъкид мекунанд. Аз ҷумла соли 2013 зимни ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ишора намудаанд, ки «Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад. Маросимҳои наврӯзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи истиқлолият аст, ки Наврӯз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукӯҳ баргузор мегардад.
Наврӯзи Тоҷикистон — Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост».

Дар ҳақиқат ҳамин гуфтор ва андешаҳои Пешвои миллат дар назди ҳар як зиёии тоҷик масъулиятеро вогузор менамояд, ки дар амри эҳёи ҳар яке аз ин маросимҳои наврӯзӣ ибтикоре аз худ зоҳир намояд, чунки фарҳанги Наврӯзи тоҷикон ба ҳадде ғанӣ ва пурбор аст, ки ҳатто миёни деҳаву шаҳракҳо фарқияте дар оину русуми хосаи наврӯзӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳар яке аз ин русум ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгаройӣ ва такмилаи маънавиро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо қадаме устувор дар ҷодаи худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллии мо, инчунин мусоидат барои ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа хоҳад буд.

Албатта, ҳамин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти шинохти Наврӯз ба унвони паёми зиндагисози меросбарони он ба ҷаҳониён баробари ҳукми ифтихор ва сарбаландӣ будан, рисолати беназирро пешорӯи мо дар масири эҳё, таблиғ ва маърифати фаротари ҳар яке аз суннат ва оинҳои хоси он во мегузорад. Вусъати Наврӯз  ва падидаҳои нодири он ба ҳаддест, ки ҳатто сокинони рустову гузару маҳаллоте аз билоду мамолики форсизабон дар амри ғаномандии фарҳанги беназир дар ҳадди аносири хоси муттакӣ бар пиндору гуфтору рафтори нек аз худ ибдоъ кардаанд, ки имрӯз чун махсусияти мунҳасир ба фарди фарҳангии он рустову маҳаллу устону билод эътироф шудаанд. Бар ин асос, фароҳамоварӣ, таҳқиқу таблиғ ва дар ин замина мусоидат бар эҳёи чунин суннатҳои нодир ва беназири фарҳанги Наврӯз вазифаи муқаддаси ҳар нафар аз аҳли пажӯҳиш дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад. Дар амри фароҳамоварӣ ва таҳқиқу баррасии оинҳои наврӯзӣ ин номаҳои ҳидояти Пешвои миллат барои мо раҳнамо шуданд ва соли гузашта ба ифтихори бори аввал баргузор гардидани корвони Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бори аввал бахше аз ин ойинҳои наврӯзии шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамчун меросбарони сарзамини куҳани Суғди бостон бо кӯшиши гурӯҳи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони донишгоҳ ва шоирону суханварон ҷамъоварӣ ва таҳқиқ шуд, ки он бо номи «Наврӯзномаи Суғд» рӯи чоп омад. Бо гузашти фурсате аз нашри китоб дӯстони донишвар ва  пажӯҳишгарон аз ҳавзаҳои мухталифи дохил ва хориҷ назарҳои хешро баён доштанд ва ҳатто дидгоҳҳои судманд барои такмилаи он арза фармуданд, ки албатта, аз ҳамагӣ сипосгузорам. Ҳатто пешниҳодҳое  ҳам ба миён омаданд, ки нашри китоби мазкур бо такмилаҳои роҷеъ ба куллияи мабоҳиси Наврӯзи тоҷикон ва Тоҷикистон дар кишварҳои дигари  меросбари ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба хотири тарғиби ин суннатҳои шоиста ба чоп расад, ки албатта, ин ҳама дидгоҳҳои матлуб барои идомаи бештари ковишҳо моро раҳнамоӣ мекунанд. Истиқболи шоистаи аҳли фазлу дониш  аз тарафи дигар боис омад, ки фароҳамоварии маводи Наврӯзи миллии мо ва шарҳу басти оинҳои саросарии он дар қаламрави Тоҷикистони азиз идома ёбад ва ҳатто дар ин замина бархе аз мақолаву таҳқиқоти анҷомдодаи ховаршиносон роҷеъ ба фарҳангу суннатҳои наврӯзии тоҷикон аз русӣ тарҷума шуданд. Давоми як сол баъд аз нашри китоб аз сӯи донишварони соҳибназар баробари пешниҳодҳои ҷолиб мақолоте ҳам ба ихтиёри мо гузошта шуд, ки метавон гуфт, аллакай такмилаи тозае аз ин китоб омодаи чоп аст. Бо такя бар ин нуфузи фарҳанги худшиносии аҳли илму маорифи кишвар дар робита ба Наврӯз метавон бо итминон изҳор дошт, ки ташаббуси ҳар нафар муриду мухлиси Наврӯз барои мулҳақ шудани афзудаҳое бар таҳқиқи ойинҳои наврӯзии тамоми мардумони форсизабон заминаҳоеро фароҳам хоҳад овард, то мо ба сӯи анҷоми корномаҳои бузургтаре аз ин, хоса таҳия ва нашри бузургтарин китоби мондагори дар сарнавишти Наврӯзи Аҷам-«Донишномаи Наврӯз», ки чанд сол қабл аз сӯи донишвари номвари тоҷик академик Носирҷон Салимӣ дар муқаддимаи «Китобшиносии Наврӯз» пешниҳод гардида буд, дар ҳамкорӣ бо донишварону пажӯҳишгарон, бостоншиносоне аз кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ҳаммеросбарони мо дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз қадамҳои устуворе битавонем гузорем. Баргузории ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизи мо соли 2016 бо ҳузури адибон ва пажӯҳишгарони мамолики меросбари Наврӯз нахустин бор сурат гирифт, баробари муаррифии Наврӯз ба унвони ҷашни ваҳдатоин тамоюлҳои тозаеро дар шинохти бештари ягонагии фарҳанги Наврӯзи ҳамзабонон ва меросбарони муштараки он, инчунин маърифати амиқтари суннатҳои ин ҷашни куҳан дар саросари марзҳои он, муҳимтар аз ҳама, расидан ба ҳадафҳои наҷиби фароҳамоварӣ, такмилу таҳқиқ ва тарғиби маҷмӯи суннату оинҳои наврӯзӣ рӯи роҳ хоҳад гузошт.

 

Мусоҳиб Андар РАҲМОНӢ,

журналист, муҳаррири сомонаи

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии вилояти Суғд

Март 17, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад