Оқибати қаллобию сохтакорӣ кунҷи маҳбас аст

Март 30, 2017 11:33

Хабарҳои мавзӯъ

каллоби

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав К. Аҳматов ва собиқ сармеъмори ноҳия Ҳ. Нозимов барои қаллобию сохтакории ҳуҷҷатҳо бо ҳукми Суди ноҳияи мазкур ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муайян кард, ки собиқ мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав К. Аҳматов, собиқ сармеъмори ноҳия Ҳ. Нозимов ва собиқ милитсионери РВКД-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт О. Қаюмов тибқи маслиҳати пешакӣ давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон О. Ишонқулова-12 750, И. Дӯстмуродов-12 000, И. Раҳмонов-13 000 ва С. Ғуфронов-15 600, ҷамъ 53 ҳазору 350 доллари ИМА гирифта, ба онҳо аз заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии И. Меликмуродов ғайриқонунӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, бо истифода аз таҷҳизоти чопӣ бо роҳи сохтакорӣ шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии молу мулк ва қарорҳои Раиси ҷамоати деҳоти А. Ҳасановро оид ба он ки гӯё дар ҳамин давраҳо ба номбурдагон заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда буданд, сохтакорӣ карда ба шаҳрвандони дар боло зикшуда додаанд.
Нисбат ба К. Аҳматов, Ҳ. Нозимов бо моддаҳои 247 қ. 4, банди «а», 3381 қ. 2, банди «б» ва 340 қ. 2 банди «б» ва нисбат ба О. Қаюмов бо моддаҳои 247 қ. 4, банди «а» ва 3381 қ. 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зимни тафтиши пешакӣ зарари расонидашуда ба маблағи 53 ҳазору 350 доллари ИМА (баробар ба 420 398 сомонӣ) пурра барқарор карда шуд.

Март 30, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидшариф Суд-3Собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе барои азхудкунии маблағҳои калони буҷетӣ зимни сохтмони Беморхонаи «Истиқлол» аз озодӣ маҳрум гардид
вохурии намояндагони ВКДНамояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Хитой масоили амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
WEF-3ФОРУМИ УМУМИҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ ТОҶИКИСТОНРО КИШВАРИ БЕХАВФТАРИНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ НОМИД!
Сархад 4Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
СархадДар Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид
01Қочоқчиёни маводи нашъаовар маҳкум гардиданд
совбез5Котибони Шӯрои амнияти давлатҳои СҲШ масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зидди террористӣ дар машқгоҳи «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони СуғдМашқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд
каллоби 1Баъди ба даст афтодан ришвадиҳӣ роҳи наҷот нест
Боздошти мудириБоздошти мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода бо гумони додани гувоҳии бардурӯғ
IMG_4671Кишварҳои СҲШ ҳамкории сарҳадиро тақвият мебахшанд
s (9)марзбонХизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ моҳи феврал 17 қочоқчиро дастгир намуданд