«Ҳосилот» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ баромад

Март 14, 2017 09:19

ДУШАНБЕ,14.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вохӯрии даври дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо натиҷаи 0:3 бо ғалабаи футболбозони ноҳияи Фархор ба анҷом расид ва бо 6 имтиёз «Ҳосилот» ба садри ҷадвали мусобиқот баромад.
Нимаи аввали вохӯрӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт. Беҳтарин нишонзани Лигаи якуми мавсими соли гузашта Абдухалил Боронов ду маротиба бо дарвозабони «Ҳосилот» Рустам Ризоев як ба як баромада, ҳолати садфоизаи голзаниро барҳам зад. Дар ин вохӯрӣ таҷрибаю малака «Ҳосилот»-ро ба сӯи ғалаба роҳнамун сохт ва Муҳаммадҷони Ҳасан дар дақиқаи 33-юм ҳисобро кушод. Баъди танаффус Агблей Ҷонс (дақиқаи 82-юм) ва Наврӯз Рустамов (84) ҳам шонси гозании худро истифода бурда, натиҷаро ба 3:0 расониданд.
«Ҳосилот» баъди ду ғалаба дар оғози мавсим ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот баромад.
Аз сабаби иштироки чемпиони мамлакат-«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии Ҷоми КФО бо дастаи «Дордой», ки имрӯз соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мешавад, бозии даври дуюми «Истиқлол» бо КМВА «Помир» ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.
Чемпионати Точикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм
«Панҷшер» «Ҳосилот» 0:3
Голҳо: Муҳаммадҷони Ҳасан, 33 (0:1). Агблей Ҷонс, 82 (0:2). Наврӯз Рустамов, 84 (0:3).
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов (Анвар Ҳамроҳулов, 65), Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов, Ҳусейн Умаров, Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов (Алишер Салимов, 72), Фаррух Фузайлов (Фирдавс Зайнуллозода, 73).
«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Содиқ Мӯсо, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Шаҳзод Давлатов, 90+1), Абдурасул Раҳмонов, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов, Агблей Ҷонс.
Огоҳӣ: Бехрӯз Ниёзов, Ҳусейн Умаров, Равшан Азизов («Панҷшер»), Наврӯз Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»).
Бозингари беҳтарин: Агблей Ҷонс («Ҳосилот»).
Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Комиссари вохӯрӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).
13 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Б Ғ М Б Т/т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 2 2 0 0 5-1 6
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 1 0 2-1 4
3 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-2 3
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 0-0 1
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 0 1 1 0-2 1
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 2 0 1 1 1-4 1
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 2 0 0 2 0-7 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») 3, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») 2 тӯб.

Даври 3-юм :
18 март (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» «Истиқлол»
«Ҳосилот» «Барқчӣ»
«Вахш» «Панҷшер»
КМВА «Помир» «Хуҷанд»

Март 14, 2017 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд