Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа

Март 13, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 13.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Он миллате, ки дипломатияи мардумии фарҳангиро пеша кардааст, дар сиёсати хориҷии худ муваффақ буда, ба натиҷаҳои баланду назаррас дар миқёси ҷаҳон мушарраф мегардад. Ин нукта зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа», ки 13 март дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар доир гардид, садо дод.
Дар ҳамоиш донишмандони бахшҳои таърихи дипломатия, таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносиву фарҳангшиносии ватанию хориҷӣ ҷамъ омада, доир ба паҳлӯҳои осори шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуданд.
«Баргузории нахустин ҳамоиш марбут ба осори Бедид ва рушди дипломатияи мардумӣ ба он иртибот дорад, ки андешаҳои пешқадами Мирзо Абдулқодири Бедил шаҳодати дараҷаи баланди тафаккури тоҷикон аст. Аз ин ҷост, ки осори шоир ва мутафаккири барҷаста дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ нақши калидӣ дорад»,- таъкид кард Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш. Осор ва бузургии Бедил дар тавсеаи муштаракоти илмию фарҳангии мардумони машриқзамин беназир аст. Зеро Бедил шахсияти бузурги фарҳангиест, ки фарҳангу забони ноби тоҷиконро на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар он замон дар Ҳиндустон ташаккул дода, ба забони давлатӣ табдил дода буд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки он зарфиятҳои фарҳангие, ки мардуми тоҷик аз аҳди бостон доранд, дигар миллатҳо онро камтар доранд. Далели ин аз асрҳои 9-10 то кунун устувор ва поку беолоиш боқӣ мондани забони тоҷикист. Дар ин росто тоҷикон миллати фарҳангӣ буда, имкон доранд дар шароити ҷаҳонишавӣ бо дипломатияи мардумии фарҳангии худ дар миқёси минтақа нуфузи шоистаро касб намоянд. Фарҳанги оламшумули тоҷикон, ки дар рушду такомули тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи арзишманд бархурдор аст, имкон дорад дар таҳаммулпазирии қавму миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи муштаракоти фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши муассир бозад. Зикр шуд, ки амалишавӣ ва ташаккули дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби алоҳида зикр шудааст. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки ин санад ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ, ҳувияти миллӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ, хусусан ташаккули иқтидори фарҳангию иттилоотии Тоҷикистон дар фазои он кишварҳое, ки тоҷикон бештар сукунат доранд ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Дар иртибот ба ин масъала Абдуллоҳ Раҳнамо-сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар, ки дар мавзӯи «Дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуд, ки ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои ҳамватанони бурунмарзӣ хосияти идеологӣ надошта, дар доираи консепсия ва қонунҳои амалкунандаи кишварҳои буду бош ба роҳ монда шудааст, зеро таҷрибаи давлатҳои минтақа бозгӯи он аст, ки сиёсати давлатӣ дар сатҳи хирад пеш меравад, на дар сатҳи эҳсосот. Таъкид шуд, ки барои ташаккули раванди дипломатияи фарҳангӣ дар кишварамон заминаи кофии ҳуқуқӣ фароҳам омадааст. Дар сатҳи минтақа тоҷикон зарфиятҳои хоси дипломатияи фарҳангиро дороанд. Аз ин рӯ, вазифаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси фарҳангиро ба таври муштарак истифода намоянд, зеро пеша намудани ҳамзистӣ ва ташаккули муштаракоти фарҳангӣ омили рушди кишварҳои минтақа аст. Дар ин росто роҳандозӣ ва истифодаи принсипи ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии муштаракоти фарҳангӣ на танҳо омили рушди дипломатияи фарҳанги мардумӣ, балки ба рушди дӯстиву ҳамзистӣ, иқтисодиёт ва таъмини суботу оромии авзои минтақа мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиш донишмандону бедилшиносон доир ба асосҳои фарҳангии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе хусусиятҳои бедилшиносӣ дар Тоҷикистон, андешаҳои таҳаммулпазирӣ дар осори Бедил ва ҳамзистии фарҳангҳо дар минтақа, нуфузи Бедил дар фарҳанги тоҷик, таълими Бедил дар макотиби динии Осиёи Марказӣ ва Чин ва дигар паҳлӯҳои осори бегазанди мутафаккири бузурги тоҷику форс- Мирзо Абдулқодири Бедил, ки имрӯз оромгоҳаш дар мулки Ҳинд зиёратгоҳи форсизабонон ва кулли дӯстдорони илму адаб гардидааст, сухан карданд.
Дар интиҳои ҳамоиш китоби «Гузидаи ғазалиёти Бедил», ки аз ҷониби намояндаи «Анҷумани дӯстдорони Бедил» Қиёмиддин Наимзода мураттаб шудааст, рӯнамоӣ гардид. Инчунин асарҳои Бедил, ки дар солҳои гуногун дар кишвари мо нашр гардидаанд, намоиш дода шуд. Ҳамзамон олим ва ҳунарманди хушсалиқа Сайфиддин Акрамзода пораҳоро аз ғазалиёти Бедил бо навозиши форами дутор тараннум кард.
Бояд тазаккур дод, ки Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодир, мутахаллис ба Бедил дар соли 1644 дар Азимободи Патнаи Ҳинд ба дунё омадааст. Ниёгони Бедил аз аҳли Самарқанду Бухоро буда, дар он замон ба Ҳинд хиҷрат кардаанд. Аз Бедил осори зиёде боқӣ мондааст, ки «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Тӯри маърифат», «Чор унсур» ва «Ирфон» аз ҳамин қабил аст. Инчунин аз шоири бузург ғазалу рубоиёт ва дигар осор боқӣ мондаанд, ки муҳаққиқон тамоми ашъори шоирро беш аз ҳазору чорсад байт медонанд.
Дар Тоҷикистон ашъори Бедил ҷойгоҳи арзишмандро касб намудааст.

Март 13, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад