«Ҳозирин ва кулли ҳамватанонро даъват менамоям, ки модарони худро дӯст доред», «Соли равон ба зодрӯзи профессор Воҳид Асрорӣ- устоди журналистони тоҷик 100 сол пур мешавад» — шарҳи матбуот

Март 9, 2017 16:02

ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 3  март   (03.03.2017, №50)  барқияҳои табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро     ба унвони   Дабири кулли СММ  Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш  ба муносибати 25 –солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  СММ ва  ба Президенти Ҷумҳурии Финландия Саули Вяйнямё Нийнистё  ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финландия ба нашр расонидааст.

Рӯзнома дар  саҳифаи аввали ин шумора ҳамчунин дар ҳошияи китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақолаи  таҳлилии Сайрам Бақозода, номзади илмҳои филологиро таҳти унвони «Оинадори таърих»  чоп кардааст. С.Бақозода нигоштааст: «Вақте ки мақолаҳои китобро мутолиа мекунем, дармеёбем, ки дар фаъолияти чеҳраҳои муҳими таърихи тоҷикон нуктаҳо, ҳикматҳо ва омӯзаҳои созандае ҳастанд, ки барои имрӯз ва фардои миллат, бахусус насли ҷавонамон ибратомӯзанд».

Муаллифи мақола дар ин раванд хотиррасон  менамояд, ки: «Манзараи зиндагии инсонҳои бузурге, мисли Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с) Имоми Аъзам (рҳ), Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода ҳамеша тамошогоҳи зебоӣ ва манзараи ибратпазирест, ки рӯҳро тақвият ва фаъолиятро таҳрик мебахшад».

Дар шумораи рӯзи душанбеи   рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (06.03.2017,№ 51)   хабари васеъ  дар бораи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   таҳти сарлавҳаи «Сафари кории Пешвои миллат ба  ноҳияи Хуросон» дарҷ гардидааст. Дар хабар омадааст, ки: «Маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд ёфта буд, сурат гирифта, дар 6 гектар 3000 адад ниҳоли олу шинонда шуд».

Дар саҳифаи аввали  шумораи рӯзи  сешанбеи  рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (07.03.2017,№ 52)   суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар  шаҳри Душанбе рӯзи  7 марти соли 2017   чоп гардидааст. Дар суханронии Пешвои миллат, аз ҷумла омадааст: «Ҳозирин ва кулли ҳамватанонро даъват менамоям, ки модарони худро дӯст доред, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонед ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоред. Қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст».

Нашрияи парлумонӣ —  «Садои мардум» дар шумораи навбатӣ (07.03.2017,№26 ) гузоришу хабар ва маводи таҳлилиро   аз воқеаву рӯйдодҳои  муҳими кишвар   таҳти сарлавҳаҳои  «Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Навоз Шариф», «Вохӯрии Пешвои миллат  бо Президенти Ҷумҳурии Туркия»,  «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Беш аз 20 ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ҳуқуқи занҳоро ҳифз менамоянд»  дарҷ намудааст.

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» низ  дар саҳифаҳои аввали   шумораи навбатӣ  (07.03.2017, №10)  оид ба   рӯйдодҳои муҳими сиёсии  кишвар дар ҳафтаи гузашта  иттилоъ додааст.

         Мақолаҳои таҳлилии ин шумора  «Мулоқоти С.Фатттоҳзода бо сафири Амрико»,   «Зан дар таърихи башарият», «Ташнаро як қатра об….»,  «Ҳақ ниҳон нест, вале  хиранигоҳон кӯранд». «Некиҳои Тоҷикистонро хеҷ гоҳ фаромӯш намекунем» «Сеҳри сангҳо»  рӯзномаро ҷолибу хонданбоб гардонидаанд.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (09.03.2017,№10)  бахшида ба Рӯзи матбуот  мақолаи  Толибшоҳи Давлат  таҳти сарлавҳаи «Шохаи сабзу пургул»  ба нашр расидааст. Муаллиф дар  мақолааш чунин менигорад: «Соли равон ба зодрӯзи профессор Воҳид Асрорӣ- устоди журналистони тоҷик  100 сол пур мешавад. Хушбахтона, имрӯз Иттифоқи журналистони Точикистон  ҷоизаеро ба номи устод таъсис додааст. Ин натиҷаи заҳмату талоши ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳа аст. Яъне шохаи мактаби журналистикаи тоҷик сабзу пургул аст».

Чопи мақолаҳои дигари таҳлилии ин шумора таҳти сарлавҳаҳои  «… Ҷавонӣ надоштам», «Сухани чопӣ эътибор дорад», «Пазмони баҳор» ва ғайраҳо  муҳтавои рӯзномаро боз ҳам ҷолибтару хонданбоб гардондааст.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Омӯзгор» (07.03.2017)   таҳти сарлавҳаҳои «Ҷонам фидои модарам», «Наврӯзи гулбасар», «Матбуоти соҳавӣ: таърих, пешрафт, мушкилот ва пешниҳод», «Инноватсия ва эҷодкорӣ», «Хонандагонро бояд эҳтиром кард», «Муҳаққиқи ҳуснвожаҳо», «Аҳамияти баҳо дар донишандӯзии хонандагон»  мақолаҳо ба чоп расидаанд, ки  масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илмро дар бар мегиранд.

Ҳотами Ҳомид  дар саҳифаи 15-и шумораи навбатии рӯзнома ба муносибати Рӯзи Модар  зери рубрикаи «Меҳрнома»   таҳти сарлавҳаи «Дар ситоиши зан»  гуфтаҳои  бузургонро таҳия намудааст, ки  бо ҷазобияти худ писанди хонандагон гардидааст.

Дар яке аз ин гуфтаҳо, ки ба В.Белинский тааллуқ дорад, омадааст: «Ҳамсар маъшуқа нест, балки рафиқу ҳамқадами ҳаёти мост. Бинобар ин, ӯро ҳам дар миёнсолӣ ва ҳам дар пиронсолиаш дӯст бояд дошт».

 

Март 9, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид