Пагоҳ маҳфили журналистикаи иқтисодӣ -«Тавозун» баргузор мегардад

Март 1, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» маҳфили навбатии «Тавозун» бахшида ба муҳокимаи иқтидори мамлакат дар такмили идораи молияи давлатӣ баргузор мешавад.
Тавре Лола Мерганова аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» хабар дод, дар он намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони Тоҷикистон, намояндагони DFID, роҳбарони қисматҳои барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ», намояндагони ВАО, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи иқтисод иштирок мекунанд.
«Намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳот дар идораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд. Инчунин барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, муаррифӣ мегардад»,-хабар дод манбаъ.
Маҳфилро Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд.

Март 1, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид