Пентагон: Террористони «Давлати исломӣ» баъди аз даст додани Раққа ва Мосул ба водии Фурот ақибнишинӣ мекунанд

Март 9, 2017 11:56, 124 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Irak-1-1

ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар сурати аз даст додани ду шаҳри стратегиии барояшон муҳимтарин Мосули Ироқ ва Раққаи Сурия ба водии дарёи Фурот ақибнишинӣ мекунанд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 8 март намояндаи Пентагон дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт.
«Гумон намекунам, ки террористон аз нақшаҳои нигоҳ доштани ҳудудҳои «хилофат»-и худ даст кашида бошанд», — зикр кард ӯ ва афзуд, ки «онҳо тасмим доранд пас аз озод гардидани Мосул ва Раққа мисли ба ном давлат бо марказ дар водии Фурот фаъолият намоянд».
Тавре аз Пентагон зикр карданд, «пойтахт»-и нави ДИ дар минтақаи сарҳадҳои Сурия ва Ироқ ҷой хоҳад гирифт. Дар баробари ин, ҷангиён муборизаро барои ҳудудҳои зери тасарруфашон идома медиҳанд.
Тибқи маълумоти иктишофии Амрико, роҳбарони ДИ тарк намудани шаҳри Раққаро оғоз карда, ба минтақаҳои бехавфи водии Фурот равон шуданд. Ба таъкиди намояндаи Пентагон, ҷангиён кӯшиш менамоянд «роҳбарияти худро аз нав таъсис диҳанд».
Бино ба маълумоти охир, террористон 65 дарсади ҳудудҳоеро, ки се сол пеш дар ихтиёр доштанд, аз даст додаанд. Пентагон теъдоди онҳоро дар ҳоли ҳозир 15 ҳазор нафар арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон манбаъ меафзояд, ки дар маҷмӯъ аз лаҳзаи оғози амалиёти эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА соли 2014 тақрибан нисфи ҷангиёни ин гурӯҳи террористӣ нобуд карда шудаанд.
Овозаи марги роҳбари ДИ Абубакр ал-Бағдодиро шаҳр дода, намояндаи Пентагон таъкид намуд, ки ӯ ҳоло ҳам зинда аст, вале Мосулро тарк кардааст. «Фикр намекунам, ки ӯ дар муборизаҳое, ки дар шаҳр бурда мешаванд, таъсир расонад», — гуфт манбаъ.

Март 9, 2017 11:56, 124 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

trampТрамп пешниҳод намуд, ки робитаи Ҳиллари Клинтон бо Россия тафтиш карда шавад
Mosul-1Дар Мосул «коршиноси» гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» оид ба минагузорӣ ҳалок гардид
ПентагонПентагон маҳв гардидани фармондеҳи саҳроии «Ал-Қоида»-ро дар Афғонистон тасдиқ кард
migrantДар соҳили Либия беш аз ҳазор нафар муҳоҷиронро наҷот доданд
Afganistan-227 ҷангии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон маҳв гардиданд
ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид