Полковники милитсия Зебуннисо Холдорбекова: «Занон силаи раҳманд»

Март 6, 2017 16:25

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонувони тоҷик дар вазифаҳои мақомоти қудратии кишвар, ки бархеи онҳоро «кори мардона» мешуморанд, бо иродаи матину азми қавӣ, дили софу тинати пок, дастовардҳои назаррраси корӣ собит карданд, ки занон дар ин ҷода низ мавқеи хоса дошта метавонанд.
Полковники милиса — Зебуннисо Холдорбекова аз зумраи ин занони матинирода мебошад, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ тавонистааст кадбонуи хонадон ва барои се нафар фарзанди ҷигарбандаш- Фарангис, Ворису Мунис модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхору дилсӯз гардад.
З. Холдорбекова аз соли 1993 то инҷониб дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ кор карда, айни ҳол дар вазифаи муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Номбурда соли 1990 Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М. Ломоносовро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм намуда, фаъолияти кориашро ҳамон сол ҳамчун муҳаррири барномаи иттилоотии «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуд ва то соли 1993 дар вазифаи мазкур кор кардааст.
«Дар мақомоти корҳои дохилӣ, суд, прокуратура зиёд гардидани сафи кормандон аз ҳисоби бонувон ба фаъолияти боз ҳам самараноки ин соҳаҳо мусоидат менамояд. Дар урфият мегӯянд, ки «Занон силаи раҳманд». Табиист, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ, сари баровардани ин ва ё он ҳукм, пеш аз ҳама, ба он аз нигоҳи як модар, хоҳар ва ҳамсар менигаранд. Коршиносон ҳангоми тадқиқоти ин масъала ба хулосае омаданд, ки занон дар баровардани ҳукмҳои одилона бартарӣ доранд»,- мегӯяд Зебуннисо Холдорбекова.
«Бо тақозои вазифаи хизматӣ бо ноболиғоне, ки аз таълиму тарбияи дуруст бархурдор нестанд, сару кор дорам. Бовар кунед, ҳар гоҳе ки бо онҳо суҳбат мекунам, пеши назарам фарзандони худам намудор мегарданд. Худамро ба ҷои падару модари онҳо ва онҳоро ба ҷои фарзандони худам тасаввур мекунам. Ба онҳо модарвор кумак расондан мехоҳам, то ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳсипор гарданд. Охир пеш аз корманди милиса будан ман модарам ва модар наметавонад, ки нисбат ба фарзанди каси дигар ҳам амали хатоеро раво бинад»-, изҳор дошт З.Холдорбекова.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи полковники милитсия Зебуннисо Холдорбековаро ба назар гирифта, ӯро бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло дар мақомоти корҳои дохилӣ», «85-солагии милитсияи тоҷик» сарфароз гардонидааст.
Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 Зебуннисо Холдорбекова бо мукофоти давлатӣ — медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Март 6, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд