Путин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд

Март 15, 2017 15:38, 201 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Putin-i-Erdogan

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин бо президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган интиқоли имконпазири системаҳои мушакии дифои ҳавоии С-400-ро баррасӣ намуд. Дар ин бора «Известия» бо истинод ба изҳороти котиби матбуоти президенти Россия Дмитрий Песков хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Эрдоган ба хариди С-400 ҳавасмандӣ зоҳир намудааст. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, Россия низ ба ин ҳамкорӣ зид нест. Ӯ таъкид намуд, ки ҷонибҳо «манфиатдоранд» ва «гуфтушунидро идома хоҳанд дод».
Тавре вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу хабар дод, ин масъала зимни гуфтушунидҳо дар Кремл баррасӣ гардид. Бино ба таъкиди ӯ, агар созишномаҳо ба тавофуқ расанд, ба қабули фармоиш вазорату идораҳои дахлдор машғул хоҳанд шуд.
Чанде қабл вазири мудофиаи Туркия Фикри Ишик изҳор дошт, ки Анқара азм дорад аз Россия системаҳои мушакии дифои ҳавоии С-400 харидорӣ намояд, вале қарори ниҳоӣ ҳанӯз қабул нашудааст.
Қабл аз ин дар бораи ҳавасмандии Туркия ба харидории С-400 роҳбари «Ростеха» Сергей Чемезов иттилоъ дода буд. Ӯ зикр намуда буд, ки ҷонибҳо доир ба ин масъала гуфтушунид мебаранд.

Март 15, 2017 15:38, 201 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид
Afrika-OONБуҳрони гуманитарӣ дар чор кишвари Африқо дар таърихи мавҷудияти СММ калонтарин маҳсуб мешавад
MadagaskarШумораи қурбониёни тундбоди «Энаво» дар Мадагаскар ба 38 нафар расид
Donald-TuskРоҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваколати Доналд Тускро дар мансаби президенти Шӯрои Аврупо тамдид намуданд
Сирия латакиАртиши Сурия фурудгоҳи ҳарбиро дар шарқи Ҳалаб зери назорат гирифт
afganistanДар Кобул бар асари ҳамлаи ҷангиён ба беморхона беш аз 30 нафар қурбон шуданд
Irak-1-1Пентагон: Террористони «Давлати исломӣ» баъди аз даст додани Раққа ва Мосул ба водии Фурот ақибнишинӣ мекунанд