Роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории ВИЧ/СПИД ба аҳолӣ фаҳмонида мешаванд

Март 4, 2017 10:15

ДУШАНБЕ, 04.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеи иттилоотию оммафаҳмонӣ оид ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш ба ҷавонон ва шаҳрвандони пойтахт роҳҳои гузариш ва пешгирии ин беморӣ фаҳмонида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам ва Маркази пешгирии Вируси норасоии масъунияти одам дар шаҳри Душанбе машварат оид ба бемории мазкур ташкил карда мешавад.
Дар ҳамоиш ба аҳолӣ ба таври ройгон маводи иттилоотӣ ва дигар маводи пешгирикунанда тақсим карда мешаванд.
Дар ин рӯз аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.

Март 4, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд