Рустами Эмомалӣ ба сохтмони мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузошт

Март 18, 2017 13:24, 225 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

мактаби 53-3

ДУШАНБЕ, 18.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони мактаби нав барои 1500 нафар хонанда дар ҳудуди литсейи рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе замина гузошт. Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар таҳияи лоиҳаи мактаби нав мутахассисони Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии ҷустуҷӯии САНИИОСП» саҳмгузорӣ намуда, сохтмони он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешавад.
Таълимгоҳ аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, се қисмати он дар якҷоягӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ лоиҳакашӣ шуда, як бинои дигар дар алоҳидагӣ барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ тарҳрезӣ гардидааст.
Хотирнишон бояд кард, ки бинои ҳозираи литсей ҳанӯз соли 1937 бунёд гардида, барои 780 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд. Вале он имрӯз дар ду баст 1674 нафар толибилмро фаро гирифтааст.
Раиси шаҳр бо лоиҳаи бинои нави литсей аз наздик шинос шуда, ба лоиҳакашону сохтмончиён ҷиҳати анҷоми корҳои босифати сохтмонӣ бо назардошти истифодаи унсурҳои миллии меъморӣ дар омезиш бо санъати муосири биносозӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Бинои мактаб дорои 80 синфхона буда, 54-тои он бо 24 ҷойи нишаст, 15 синфхонаи дигар дорои 12 ҷойи нишаст, 4 устохонаи таълими меҳнат, 4 синфхонаи компютерӣ, ошхона барои 50 ҷой ва маҷлисгоҳ барои 250 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар бинои нави мактаб бунёди китобхона, духтурхона, утоқҳои истироҳативу фароғатӣ ва дигар иншооти маъмуриву хоҷагӣ пешбинӣ шудаанд.
Рустами Эмомалӣ зери нома барои наслҳои оянда имзо гузошта, капсулаи рамзиро барои бунёди бинои мактаб заминагузорӣ кард ва бо ҳамин расман ба сохтмони таълимгоҳи ҳозиразамон барои 1500 нафар хонанда дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе асос гузошт.
Арзиши умумии корҳои сохтмонию ороишии мактаб тибқи ҳисобҳои пешакӣ тақрибан 34 миллиону 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2017 барои сохтмони иншооти мазкур 10 миллиону 165 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Худи ҳамин рӯз дар ҳудуди кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди боз як таълимгоҳи нав барои 2000 хонанда санги асос гузошт.
Фармоишгари иншооти мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, тарҳи онро лоиҳакашони ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии ҷустуҷӯии САНИИОСП» омода намудаанд ва он аз панҷ бино иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи бунёди таълимгоҳи нав иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо сохтмончиёну аҳли маорифи ноҳия аз наздик мулоқот намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта барору комёбӣ орзу намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр изҳори итминон намуд, ки бо бунёди мактаби нави муосир шароити дарсомӯзии хонандагон боз ҳам беҳтар гардида, барои насли наврас дар поягузорӣ ва таҳкими ҷомеаи ҳуқуқасоси дунявӣ имконияҳои фароху васеъ фароҳам мегарданд.
Дар мактаб 98 синфхона тарҳрезӣ шудааст, ки аз он 84 синфхона бо 24 ҷойи нишаст, 6 синфхона барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бо шумули забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоӣ бо 12 ҷойи нишаст дар ҳар кадом, 2 устохонаи таълимӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, синфхона — студияи тасвирҳои зинда, расмкашӣ ва ҳайкалтарошӣ барои 12 хонанда, толори тамрини гимнастика барои писарону духтарон, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 435 нафар, китобхона, духтурхона ва дигар утоқхои таълимӣ, омӯзишӣ, истироҳатӣ, маъмурӣ ва хоҷагӣ пешбинӣ шудаанд.
Арзиши корҳои сохтмонию ороишӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ тақрибан 57 миллиону 617 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гузоштани санги асос барои бунёди таълимгоҳҳои нав дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи арзанда ба маорифчиёни пойтахт буда, аз ояндаи неки насли навраси Тоҷикистон дарак медиҳад.

мактаби 53-2

мактаби 53 мактаби 53-4

Март 18, 2017 13:24, 225 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами ЭмомалиАрзи сипоси Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг
Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо сармоягузорони араб мулоқот анҷом додМуовини Раиси шаҳри Душанбе бо сармоягузорони араб мулоқот анҷом дод
Rustami-Emomali-i-EBRRМулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Дар Душанбе ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар доир гардидДар Душанбе ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар доир гардид
НаврузгохБахшида ба Наврӯз дар Душанбе мусобиқаҳои ҷоми «Пойтахт-2017» баргузор мегарданд
ФейерверкДар Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мушакпарронии (фейерверки) идона баргузор мегардад
Рустами Эмомали и Элизабет МиллардРустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард оид ба уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд
ДастгохДар Душанбе барои саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон — кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо беш аз ду миллион сомонӣ ҳамчун кумак ҷудо гардид
Автобону4 март дар Душанбе озмуни «Авто-Бону — 2017» барпо мешавад
ДастгохДар маҳаллаҳои 64 ва 91-и Душанбе соли 2018 барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
ярмаркаДар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз ярмаркаҳои фурўши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд
ДастгохДар Душанбе гурўҳи муштараки таблиғотӣ таъсис ёфт