Сафар Сайфиддинов: «Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ташхису табобат роҳандозӣ шудааст»

Март 4, 2017 12:28

ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар» /. Дирӯз дар Маҷмааи давлатии «Душанбе- Плаза» ҳамоиш оид ба таҳлили раванди татбиқи «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷаласа Саида Умарзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар тӯли 15 соли охир Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ҳуҷҷатҳои муҳими соҳа: «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», барномаҳои миллию соҳавии ҳамасоларо мунтазам таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамояд.
«Зарурати гузаронидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар кишвар соли 1994 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, дар асоси он барномаи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид. Дар он солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи гузаришро паси сар намуда, аввалин қадамҳои худро баҳри рушди соҳаҳои гуногун гузошт»,- гуфт Саида Умарзода
Ба андешаи номбурда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ аз дастгирии доимии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор буда, то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати кишвар якчанд стратегия ва барномаҳоро дар соҳаи тандурустӣ амалӣ намуд.
Ҳамчунин Сафар Сайфиддинов, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми ислоҳоти идораакунии тандурустӣ зикр намуд, ки аз соли 1994 то имрӯз ислоҳоти соҳаи тандурустӣ 3 зинаро паси сар кардааст.
«Имрӯз мо дар зинаи сеюми ислоҳот қарор дорем. Ислоҳоти соҳа ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии самараноки соҳа боиси он гашт, ки тамоми ташхису табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шаванд. Пас аз фароҳам шудани шароити табобат дар соҳаи тандурустӣ беморон низ барои табобат ба хориҷи кишвар нарафта, дар ватани худ табобат мегиранд. Имрӯз мо метавонем гӯем, ки дар соҳаи тандурустӣ тамоми намуди ҷарроҳии дил, ҷарроҳии пайвандсозии гурдаву ҷигар ва пайвандсозии буғумҳо гузаронида мешаванд»,-иброз дошт Сафар Сайфиддинов .
Ба таъкиди сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми ислоҳоти идоракунии тандурустӣ, ҳамаи ин пешравиҳо натиҷаи татбиқи босамари Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар доираи татбиқи консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ низоми ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустиро таъсис додааст, ки ба таври онлайн фаъолият дорад. Тариқи ин низом мо метавонем бинем, ки дар гӯшаю канори кишвари мо кадом бемориҳо ба қайд гирифта шудаанд. Бо истифода аз ин низом метавон сатҳи солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустиро зери назорат гирифта, барои самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат кард»,- илова кард Сафар Сайфиддинов .

Март 4, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд