«Сарсабзии ҳаёт аз об аст»-конфронси илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Ваҳдат

Март 14, 2017 16:22

ВАҲДАТ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи  «Сарсабзии ҳаёт аз об аст» конфронси  илмӣ-назариявӣ  доир намуд. Дар он омӯзгорон  дар мавзӯъҳои  «Об-рўшноӣ» ва  «Об сафобахши зиндагист» маърӯзаҳо хонда,  аз тарафи донишҷўён дар васфи об шеърҳо қироат шуданд.

Дар ин бора масъулини коллеҷ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар конфронс зикр гардид, ки Тоҷикистон ташаббускори асосии баргузор шудани симпозиуму қабул шудани қатъномаҳои СММ дар масъалаи об мебошад. Хушбахтона, чанде пеш Қатъномаи  навбатии СММ оид ба эълон намудани Даҳсолаи навбатӣ доир ба амалиёти «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Пешвои миллати мо пешниҳод шудааст, қабул гардид.

 

Март 14, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид