Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаҳо дар ҷамоати ба номи Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода

Март 21, 2017 08:47

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба сабзавоткорӣ машғуланд, шинос шуданд.

Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии Саховат-1 дидан намуда, ба кори кишоварзону саҳмдорон дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд доданд. Сарвари давлат ба меҳнаткашон барои рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидор ва бодиринг маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳбари хоҷагии Саховат — 1 деҳқони ботаҷриба Абдуллоҷон Ҷураев буда, гармхонаҳои хоҷагӣ дар масоҳати 0,50 гектар бунёд карда шудааст. Дар гармхонаи якуми хоҷагӣ, ки масоҳати умумии он 0,8 гектар ва гармхонаи дуюм 0,12 гектарро ташкил медиҳад, помидори навъи «Белла F-1» шинонида шудааст. Дар ҳар ду гармхона 5 ҳазору 800 бех ниҳоли помидор нашъунамои хуб дорад. Обдиҳиву ғизодиҳии помидор ва бодиринг, ки асоси даромади ин хоҷагӣ аст, бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати умумии заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Саховат-1» 3,1 гектарро ташкил дода, дар баробари парвариши маҳсулот дар гармхонаҳо ҳамчунин дар майдони 2 гектар сабзавот, аз ҷумла 1 гектар пиёз, як гектар бодиринг ва 0,60 гектар ғалла кишт карда шудааст.

Дар деҳаи Зарбдор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти меҳнаткашони хоҷагиҳои деҳқонии Доно, Баҳодур ва Лочин шинос шуданд. Ҳамаи саҳмдорони ин хоҷагиҳо низ ба парвариши сабзавоти барвақтӣ- помидору бодиринг, инчунин ба парвариши дигар сабзавот, аз ҷумла карам, пиёз, шалғам ва сабзӣ машғул мебошанд.

Дар Хоҷагии деҳқонии Доно дар масоҳати 0,10 гектар гармхонаҳо бодиринги навъи Парма ва дар дигар қитъаҳо беш аз 6 ҳазор бех ниҳоли помидори навъи Мадина шинонида шудааст. Аз рӯи маълумоти роҳбари хоҷагӣ Абдусалом Холбеков, аз соли 1996 то имрӯз саҳмдорони хоҷагӣ бо гирифтани ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот, содироти онро ба хориҷ ба роҳ монда, даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашон, аз ҷумла анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг ва маҳсулоти мевагиро тамошо карданд.

Сокинони меҳнатқарини шаҳри Турсунзода барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳо баҳри беҳдошти шароити кору зиндагиашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд.

Март 21, 2017 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024