Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ITB Берлин соҳаи сайёҳии кишварро муаррифӣ менамоянд

Март 9, 2017 12:20

ДУШАНБЕ, 9.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 12 марти соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зери роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Ризо Назарзода ва ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи Сайёҳии Эко-Фарҳангии Помир», «Боми Ҷаҳон Тур», «Ором саёҳат», «Кўҳандиз», «Саёҳатҳои кўҳии Помир, «Диана ва Т», «Помир Сафарӣ», «Скай Тур», «Морхур», «Тоҷикистон Тревел», «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Ориент Адвентур», «Зарафшон Маҷестик Трэйвел», «Виркан-сайр», «Сари Хосор Тревел» ва «Маҷмааи кўҳию лижаронии Сафед-Дара» дар Намоишгоҳи ITB Берлин иштирок менамоянд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ҳадафи асосии иштирок дар намоишгоҳи мазкур- ин муаррифӣ намудани захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
«Соли 10-ум аст, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии ҷаҳон ITB-Берлин иштирок намуда, ба ҷаҳониён имкониятҳои туристии мамлакатро муаррифӣ менамояд. Сол то сол тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии туристӣ устувор гашта истодааст ва ин барои афзоиши дӯстдорони сайру саёҳат аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад»,- зикр намуд манбаъ.

Март 9, 2017 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад