Шумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид

Март 13, 2017 14:45

Хабарҳои мавзӯъ

Mosul

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 100 ҳазор нафар иҷборан қисмати ғарбии Мосули Ироқро аз 19 феврал лаҳзаи оғоз гардидани маъракаи берунсозии ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) инҷониб тарк намуданд. Дар ин бора агентии ТАСС бо такя ба вазири кор бо муҳоҷирати Ироқ Муҳаммад ал-Ҷаф хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ӯ, мутахассисони вазорат рӯзи якшанбе 10 ҳазору 607 нафарро қабул карда, дар лагерҳои хаймавии ҷануби Мосул ва шимоли Тикрит, инчунин дар як зумра музофотҳои кишвар ҷой кардаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии гурезагон аз Мосули Ғарбӣ ба 99 ҳазору 852 нафар расид.
Чанде пеш ситоди амалиёт эълон дошт, ки ба артиш муяссар гардидааст аз 40 маҳаллаи ғарбии Мосул 17-тои онҳоро, яъне аз се як ҳиссаи ҳудуди шаҳрро, ки дар соҳили рости дарёи Даҷла воқеъанд, аз ДИ пок созад. Ҳоло дастаи таъйиноти махсус ва неруҳои зудамал ба қисмати қадимаи Мосул ба «Пули Қадима», ки шарқу ғарбро ба ҳам мепайвандад, наздик шуда истодаанд. Ба мақомоти Ироқ муяссар гардид, ки аз панҷ гузаргоҳ ду-тоашро, ки ДИ онҳоро ҳангоми ақибнишинӣ аз Мосули Шарқӣ хароб карда буд, пурра зери назорат гиранд.

Март 13, 2017 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид
Юрий ХачатуровНамояндаи Арманистон Юрий Хачатуров Котиби генералии СААД таъйин шуд
А. Атамбаев СААДИттиҳоди иқтисодии Авруосиё дархости Молдоваро барои гирифтани мақоми кишвари нозир дастгирӣ намуд