Шумораи қурбониёни тундбоди «Энаво» дар Мадагаскар ба 38 нафар расид

Март 11, 2017 13:53, 153 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Madagaskar

ДУШАНБЕ, 11.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни тундбоди тропикии «Энаво» дар Мадагаскар ба 38 нафар расида, 180 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора АИР «Новости» бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти агентии иттилоотӣ, роҳбари бюрои миллӣ оид ба идораи офатҳо Терри Венти изҳор доштааст, ки нафарони бар асари тармафароиҳои марбут ба тӯфон ҳалокшуда низ ба шумораи қурбониён шомиланд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин вазъи сангин дар умум 180 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре хабар дода мешавад, беш аз 116 ҳазор нафар муваққатан ҷойҳои зисти худро тарк карда, 53 ҳазор нафар дар марказҳои махсусгардонидашуда қарор доранд.
Тундбод қисми шимолу шарқии соҳилҳои ҷазираро пас аз зӯҳри рӯзи душанбе фаро гирифта, суръати он ба 300 километр дар як соат мерасад.

Март 11, 2017 13:53, 153 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

trampТрамп пешниҳод намуд, ки робитаи Ҳиллари Клинтон бо Россия тафтиш карда шавад
Mosul-1Дар Мосул «коршиноси» гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» оид ба минагузорӣ ҳалок гардид
ПентагонПентагон маҳв гардидани фармондеҳи саҳроии «Ал-Қоида»-ро дар Афғонистон тасдиқ кард
migrantДар соҳили Либия беш аз ҳазор нафар муҳоҷиронро наҷот доданд
Afganistan-227 ҷангии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон маҳв гардиданд
ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид