«Симои духтари тоҷик»-озмуни наврӯзӣ дар Литсей-интернати президентӣ

Март 21, 2017 13:17

ДУШАНБЕ, 21.03.2017. /АМИТ /«Ховар»/. Духтарони моҳпайкари тоҷик бо ҳунару маҳорат, малакаву истеъдоди табии худ ҳамчун офарандаи зебоиву латофат васф гардидаанд. Бонувони тоҷик дар ашъори шоирону орифон ҳамчун олиҳаи ҳусн тасвир мешаванд.  Аз ин нуқтаи назар як мақоли халқӣ ба ёд меояд, ки чунин аст: «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад».

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Литсей- интернати президентӣ  озмуни «Симои духтари тоҷик»-ро баргузор намуд. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои болоии литсейи мазкур иштирок намуда, аз рӯйи  6 шарт байни худ қувваозмоӣ намуданд.

Баргузории чунин озмунҳо барои ба ҳаёти мустақилона омода гардидани духтарон мусоидат намуда, дар зеҳн ва тафаккури онҳо ҳисси зебоиро зиёд менамояд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ба хотири  болидахотирии меҳмонон ва ҳозирин аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ, ки фарогирӣ сурудҳои ватандӯстӣ  ва баҳору Наврӯз буд, намоиш дода шуд.

Март 21, 2017 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид