Стеффан де Мистура бо ҳайати Кумитаи олии музокироти мухолифини Сурия мулоқот кард

Март 2, 2017 10:41, 94 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Staffan-de-Mistura

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Сурия Стеффан де Мистура бо ҳайати Кумитаи олии музокироти мухолифини ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» менависад.
«Мо мулоқоти давомнок ва пурмаҳсулро ба анҷом расонидем, мо бисёр кор кардем ва онро рӯзи панҷшанбе идома хоҳем дод», — гуфт де Мистура ба хабарнигорон.
«Мо мулоқоти судманд ва пурмаҳсул анҷом дода, зимни он доираи васеи масъалаҳоро баррасӣ намудем», — зикр кард ӯ.
Рӯзи панҷшанбе де Мистура бо намояндагони ҳукумати Сурия мулоқот менамояд.
«Рӯзи панҷшанбе рӯзи муҳим аст: ман бо намояндагони ҳукумати Сурия мулоқот менамоям, то бидонам, ки оё онҳо омодаанд рӯзномаи пешниҳодгардидаро амиқтар баррасӣ намоянд», — афзуд намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Сурия.
Ҳамчунин ӯ изҳор намуд, ки аз ҷониби мхолифин чунин омодагиро мебинад.

Март 2, 2017 10:41, 94 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид
Afrika-OONБуҳрони гуманитарӣ дар чор кишвари Африқо дар таърихи мавҷудияти СММ калонтарин маҳсуб мешавад
MadagaskarШумораи қурбониёни тундбоди «Энаво» дар Мадагаскар ба 38 нафар расид
Donald-TuskРоҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваколати Доналд Тускро дар мансаби президенти Шӯрои Аврупо тамдид намуданд
Сирия латакиАртиши Сурия фурудгоҳи ҳарбиро дар шарқи Ҳалаб зери назорат гирифт
afganistanДар Кобул бар асари ҳамлаи ҷангиён ба беморхона беш аз 30 нафар қурбон шуданд