Таҷлили 105-солагии матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб

Март 11, 2017 12:30

КӮЛОБ, 11.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни 105-солагии матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш Хайруллои Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар ҷомеа нақши муассир дошта, пешравию муваффақият ва дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамояд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш рӯзноманигорон Ғоиб Ақназаров, Аҳмад Иброҳим, Турко Дикаев, Зафар Мирзоён ва дигарон аз фаъолияти якасраи матбуоти тоҷик ёдовар гардида, таваҷҷуҳи Пешвои миллатро барои пешрафти соҳа назаррас арзёбӣ намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ба хабарнигорон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Март 11, 2017 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд