Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Берлини Олмон

Март 28, 2017 11:19

ДУШАНБЕ, 28.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 26 март  бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мусоидати шаҳрдории шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз-2017 дар толори бузурги Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин бо шукӯҳи хосса баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати  Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Дар таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маводи таҷассумгари фарҳанг ва таърихи  миллӣ, маводи зиёди таблиғотӣ оид ба диёри афсонавӣ ва сайёҳии Тоҷикистони азиз ба маърази иштирокчиён гузошта шуд. Ҳамзамон барои меҳмонон ва ҳаводорони фарҳангу расму оини миллиамон суфраи наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Дар барномаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳангсоз ва сарояндаи шинохтаи кишвар Фахриддини Малик сурудҳо дар васфи Тоҷикистон ҳамчун ватани наврӯз ва баҳори зебои диёрамонро тараннум карда, бо сурудҳои ватандӯстона иштирокчиёнро ба ваҷд овард.

 

Март 28, 2017 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд