Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истанбул

Март 22, 2017 11:59

Анқара, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташабусси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Иди Наврӯзи хуҷастапай бо шукӯҳи хоса дар ҳалқаи ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии Наврузӣ зиёда аз 150 нафар ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики муқими аз Истанбул ва дигар ноҳияҳои атрофи вилояти Истанбул иштирок намуданд.
Дар барномаи Наврузӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мизробиддин Сафаров суханронӣ карда, ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷикро ба муносибати Иди байналмиллалии Наврӯз ва оғози фасли баҳор самимона табрику муборакбод намуд ва ҳозиринро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват кард.
Дар ҷашни Наврӯзӣ дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин бо суманак ва дигар хурокҳои миллӣ ороста шуда, таҳти садои суруду мусиқии халқӣ, мероси бойи аҷдодонамон, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводҳои таблиғотӣ доир ба муаррифии симои мусбии кишварамон ба манзури иштирокчиён пешкаш гардиданд.
Дар чорабинии мазкур инчунин меҳмонон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони баъзе Донишгоҳҳои муқими Истанбул суханронӣ карда, ҳозиринро бо фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намуданд.

Март 22, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд