Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат

Март 21, 2017 13:20

ВАҲДАТ, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва сокинони шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, барояшон соли неку бобарор орзу намуд. Раиси шаҳр миннатдории хешро барои иштироки сокинони шаҳр дар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, ҳифзи оромии ҷомеа ва муқаддас доштани обу хоки ватан баён дошт ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ҷашни Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзишгоҳҳои шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва ҷамъияти матлуботу шуъбаи маорифи шаҳр дастовардҳо, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунару санъати гузаштагонро ба намоиш гузоштанд. Санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо барномаи идона хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

Март 21, 2017 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд