Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил дар Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина

Март 25, 2017 12:43

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз, 24 марти соли равон дар Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси синаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии барномаи USAID бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил ҳамоиш баргузор гардид.
Фирӯз Шарипов, директори Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина иброз дошт, ки ҳоло дар марказ 280 нафар беморони гирифтори сил бистарӣ буда,  ин шумора нисбат ба солҳои қаблӣ камтар ба назар мерасад.
«Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии беморон, хешу табори онҳо ва коргарони марказ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Бо  дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди сил» ва Лоиҳаи ХОУП ба маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина дастгоҳҳои замонавӣ ворид гардиданд, ки тавассути онҳо беморон сари вақт аз ташхис гузашта, ба  табобат фаро гирифта мешаванд»,- гуфт Фирӯз Шарипов.

Март 25, 2017 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид