Тағоймурод Гулов: «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар соҳаи об эътироф гардидааст»

Март 22, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  22 март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии об ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми кишварҳои олам конфронсу семинарҳо, дарсҳои кушоду фаҳмондадиҳӣ ва чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускор оид ба масъалаҳои об эътироф гардидааст. Маҳз бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал«Об барои рушди устувор»,  барои солҳои 2018-2028 эълон шуданд. Аз ин хотир хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Тағоймурод  Гулов, Сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд.

«Ховар»: Об дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна нақш дорад?

Тағоймурод Гулов: Об – яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳиму ҳаётии сайёраи замин буда, омили асосии мавҷудияти ҳаёт ба шумор меравад. Об на танҳо барои истеъмолу тозагӣ ва таъмини солимии инсоният, балки барои рушд ва мавҷудияти ҷанбаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иқтисодиёт низ омили асосӣ ба шумор меравад ва мавҷудоти олам бе он ҳастӣ надорад.

Дар даврони муосир истифодаи захираҳои обӣ, масъалаҳои марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Зеро аз як тараф афзоиши бемайлони аҳолии сайёра ва аз ҷониби дигар рақобат дар соҳаи иқтисодиёт боиси сар задани мушкилоти таъмини суботи экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, офатҳои табиӣ, нобудшавии гуногунии биологӣ ҷамъшавии партовҳо, таназзулёбии замин ва чандин омилҳои дигар гаштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба истифодаи захираҳои обӣ, ки нақши муҳимро дар рушди устувори кишвар мебозанд, дар заминаи истифодаи оқилонаи онҳо дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурда ва самарабахшро ба роҳ мондааст, зеро 93 %-и ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад.

«Ховар»: Сарчашмаҳои асосии захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? Онҳоро каме шарҳ диҳед!

Тағоймурод Гулов: Сарчашмаи асосии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро боришот, пиряхҳо, дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.

Боришот. Сатҳи миёнаи солонаи боришот дар Тоҷикистон тақрибан 700мм буда, он вобаста ба минтақаҳо фарқ мекунад. Дар баъзе минтақаҳои ҷудогонаи қисми ҷануби кишвар боришот камтар аз 100мм ва дар баландкўҳҳо бошад зиёда аз 2400мм-ро ташкил медиҳад.

Пиряхҳо. Миқдори пиряхҳо дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 ва масоҳати умумии яхбастагӣ 11 ҳазору 146км² ё 8 %-и ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Маҷмўи захираи ях дар пиряхҳо ба 845 км³ баробар мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон зери таъсири сахти тағйироти иқлим қарор доранд ва тибқи иттилои мавҷуда шумораи пиряхҳои хурд сол то сол кам гашта истодааст.

Дарёҳо. Дар Тоҷикистон 947 дарё ва сойҳои доимӣ ва мавсимӣ вуҷуд доранд, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи онҳо 64км³/сол ва ё 55,4 %-и захираҳои оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 1,1 км³/сол ба ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9км³/сол ба ҳавзаи дарёи Аму рост меояд.

Кўлҳо ва обанборҳо. Дар Тоҷикистон 1300 кӯлҳои табиӣ бо масоҳати 705км² мавҷуданд. Ҳаҷми умумии захираҳои оби кӯлҳои мазкур 46,3 км3–ро ташкил дода, аз ин миқдор 20 км³ обҳои ширин мебошанд. Шумораи умумии обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад ва ҳаҷми муфиди онҳо 7,5 км³ро ташкил медиҳад.

Обҳои зеризаминӣ. Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳисобҳои мавҷуда 18,7 км³/сол-ро ташкил дода, аз он 2,8км/сол захираҳои истифодашаванда маҳсуб меёбанд.

Обҳои партови бозгарданда. Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо бо теппаҳои сарнишеб ташаккул ёфтааст, ки ин ба пас гаштани ҳаҷми калони обҳо ба дарёҳо имконият фароҳам меорад. Ҳаҷми обҳои бозгарданда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 3,5 – 4,0 км³/сол мерасад, ки 3 км³ он обҳои заҳбур ва бозгарданда аз заминҳои обёришаванда буда,  0,5 км³-и он обҳои партови маишӣ ва соҳаи саноат мебошад.

«Ховар»: Дар Тоҷикистон таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Тағоймурод Гулов: Бахши таъминоти аҳолӣ бо  оби нўшокӣ ва санитарӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи об шумор рафта, рушди он барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад, зеро ба ин мақсад истифода намудани захираҳои обӣ солимии ҷомеаро таъмин намуда, заминаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти аҳли башар барои фароҳам овардани шароити зисти инсон, омода намудани  ғизо, шустушўй  ва  дигар муҳити солимии одамон мавқеи хосаро доро мебошад. Айни замон ҳар як сокини кишвари мо, вобаста ба имконияти мавҷуда аз 50 то 360 литр оби ошомиданӣ дар як шабонарўз истифода менамояд.

Мувофиқи маълумот, имрўз 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот, бо оби ошомиданӣ ва мувофиқан 79,8%, 18,2% ва 0,2% аҳолӣ бо шабакаи фозилоб ва шароити хуби санитарӣ таъмин мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баҳри таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва таъмини шароити беҳдошти зист 400-450 м3 об истифода мешавад. Бо боло бурдани сатҳи таъминоти аҳолии кишвар бо оби сифатан ҷавобгўи меъёри муқаррарнамудаи давлатӣ сатҳи некўаҳволии мардум беҳтар гардида, ин нишондиҳанда метавонад ба маротиб боло равад.

«Ховар»: Дар бораи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ чӣ гуфтаниед?

Тағоймурод Гулов: 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018-2028 бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ қабул намуд.

Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки рӯзҳои 12-17 апрели соли 2015 дар шаҳри Тегу-и Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи дуюми байналмилалии «Об ба хотири рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки дар Форуми мазкур иштирок доштанд, дастгирӣ ёфт. Инчунин пешниҳоди мазкур дар Тоҷикистон аз ҷониби баромадкунадагон ва иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ дар доираи натиҷагирӣ  аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 , ки рўзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе  баргузор гардида буд, ҳамовозии бениҳоят зиёдро  пайдо кард.

Пешниҳоди навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалӣ бо шиори амалиёти «Об барои рушди устувор» бениҳоят бомаврид, зарурӣ ва қобили дастгирӣ номида шуд, зеро баъди ба итмом расидани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 дигар механизме нест, ки он чорабиниҳое, ки барои амали сохтани ҳадафҳои байналмилалии мувофиқашуда дар соҳаи об пешбинӣ шуда бошад ва дар давоми даҳ сол бо сабабҳои гуногун амалӣ нашуда буданд, ҷиҳати иҷрои онҳо роҳнамоӣ намояд.

Масалан, аз солҳои 2008 сар карда, бисёр мамлакатҳоро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта буд, ки ин барои дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои пешбинишуда монеа мешуд ва ё далели дигаре таъғирёбии иқлим мушкилиҳои зиёдеро дар ин самт пеш овардааст.

Об ин асоси ҳаёти инсон аст ва иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои  рушди устувор» бениҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад. Ин иқдом ягона платформаи бузурге мебошад, ки ҷаҳониён дар доираи он тамоми мушкилоти соҳаи обро ҳаллу фасл хоҳанд намуд.

Маҳз бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шуданд.

Соли 2016 дар арафаи рўзи ҷаҳонии об Тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуд.

Қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи Умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд.

Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 12 нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд.

Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт.

Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

«Ховар»: Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар ҷумҳурӣ чӣ корҳо ба нақша гирифта шудаанд?

Тағоймурод Гулов: 16 марти соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳтиунвони «Об барои рушди устувор» бахшида ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028 ва эълон гардидани «Соли ҷавонон», инчунин бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март ҷашн гирифта мешавад, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Филиали тоҷикистонии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва ЮСАИД баргузор гардид.

Инчунин Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдасти бо вазорату идораҳои дахлдор як қатор нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳия намудааст, ки:

— Густариши ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдори СММ, аз ҷумла бо механизми «СММ- захираҳои об» ва Комиссияҳои минтақавии СММ, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ (Шӯрои ҷаҳонии об, Ҳамшарикии глобалӣ оид ба масъалаҳои об, Шабакаи байналмилалии ташкилотҳои ҳавзавӣ) ҷиҳати тақвият ва татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»:

-Ташкили ҷаласаи махсус оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март ҷашн гирифта мешавад:

— Ташкили ҷаласаи махсус оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар шаҳри Стокголм, Шоҳигарии Шветсия:

— Ташкили чорабинии сатҳи баланд «Ба пешвози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар доираи ҷаласаи 72-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид:

— Баргузор намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»: аз қабили онҳо мебошанд.

Хулоса, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,барои солҳои 2018-2028 яке аз пешниҳодҳои муҳим ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз тарафи ҷаҳониён ба хушӣ қабул гардид ва он барои расидан ба яке аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола замина фароҳам хоҳад овард.

                   Мусоҳиб Шукӯҳи ДАЛЕР, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Март 22, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад