«Таърихи Ҳумоюн» ба нашр расид

Март 4, 2017 10:33

ДУШАНБЕ, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш китоби таърихшиноси асри 19- аввали асри 20  тоҷик  Муҳаммад Содиқ Гулшанӣ «Таърихи Ҳумоюн» бо забони русӣ аз чоп баромад. Тарҷума, сарсухан ва тавзеҳоти он ба қалами ховаршинос ва дастхатшиноси номдори тоҷик Амрияздон Алимардонов тааллуқ дорад. Дар нашри ин китоб саҳми муҳаррири илмии он ховаршинос  Лола  Додхудоева хеле калон аст. Ягона дастхати ин асари нодир дар фонди дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар ин бора сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар «Таърихи Ҳумоюн» доир ба сохтори маъмурии Аморати Бухоро дар аввали асри 20, шумора ва таркиби миллӣ, қавмӣ ва динии аҳолии ҳар як вилоят, дар бораи мадрасаҳо, шумораи мударрисон ва толибилмон, мактабҳои ибтидоӣ, масҷиду хонақоҳҳо, машғулияти аҳолӣ, ҳодисаҳои муҳими таърихи  гузашта маълумоти ҷолиб оварда шудааст. Гулшанӣ маъмури давлатӣ буда, шахсан ба бисёр вилоятҳо сафар карда, маълумот ҷамъ кардааст ва аз ҳуҷҷатҳои девони қӯшбегӣ низ фаровон истифода бурдааст. Биноан маълумоти овардаи ӯ хеле дақиқ ва боварибахш мебошанд.

Як нуктаи муҳими дигар он аст, ки дар «Таърихи Ҳумоюн» доир ба сохтори маъмурӣ ва аҳолии вилоятҳои Ҳисор, Хатлон, Қаротегин ва Дарвоз, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷойгиранд, маълумоти муфид ва нодир  оварда шудааст, ки дар дигар сарчашмаҳо қариб вонамехӯранд. Дар мавриди вилоятҳои кӯҳистон муаллиф таъкид кардааст, ки онҳо мустақил буданд ва танҳо ба наздикӣ ба ҳайати аморати Бухоро дохил карда шуданд.

Март 4, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид