Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманданд, дар маркази диққати худ қарор медиҳад

Март 31, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бо ҷавононе, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе таҳсили илм доранд, баргузор гардид.
Ислом Зиёзода зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карда, таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманданд, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
«Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба тарбия ва дастгирии ҷавонон диққати хоса медиҳад. Ҳоло Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли ҷавонон бунёди Қасри ҷавонон, иншооти гуногуни варзишӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавононро ба нақша гирифтааст»,- гуфт Раиси шаҳри Панҷакент.
Имрӯзҳо ҷавонони шаҳри Панҷакент бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, хизмати Модар- Ватанро ба ҷо меоранд.
Ҳоло дар муассисаҳои олии касбии кишвар зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент таҳсил менамоянд.

Март 31, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид